Содир Ҷабборов иҷора додани роҳ ба Қирғизистонро, рад кард. Вокуниши мақомоти Исфара

Ҳалокати се нафар дар Суғд бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт, ки 20 январ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ рух дод, се нафар ҳалок ва се каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса рӯзи 20 январ дар роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ғафуров рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz, сокини 28-солаи Исфара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа он ба автомашинаи ҳамин тамға зери идораи сокини 29-солаи Конибодом бармехӯрад”, – омадааст дар хабаримаркази матбуоти Вазорат.

Гуфта мешавад, бар асари ин садама се нафар мусофири автомашинаи сокини Исфара, як марду ду зан ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки ронандагони ҳар ду автомашина ва боз як мусофири дигар ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол шудаанд.

Содир Ҷабборов протоколи қаблан имзошударо дар бораи иҷора додани роҳ ба Қирғизистон, рад кард

Сухангӯи шаҳрдори Исфара ба изҳороти Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар бораи ба иҷора додани як роҳ вокуниш кард.

Содир Ҷабборов рӯзи 17-уми январ дар суҳбат бо нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфт, протоколи қаблан имзошуда дар бораи ба иҷора додани роҳ ба Қирғизистонро эътироф намекунад. Бино бар ин санад, ки соли 2009 миёни дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон Қирғизистон имзо шуд, ҷониби Тоҷикистон қитъаи роҳеро бо дарозии 275 метр дар самти Ӯш-Бодканд-Исфана ба муддати 49 сол ба Қирғизистон иҷора додааст.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон рӯзи 21-уми январ бо пахши изҳороте дар саҳифаи фейсбукиаш навишт, “натанҳо ин 275 метр роҳи ба иҷорадодашуда, балки ҳамаи заминҳои атрофи деҳоти Чоркӯҳу Воруху Сурх бебаҳс ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.”

Сухангӯи шаҳрдори Исфара навиштааст, барои исботи ин гуфтаҳо “санаду фактҳои раднавшандаи таърихӣ” мавҷуд ҳастанд ва бояд ба харитаҳои то соли 1956 назар кард.

Вале мақомоти Қирғизистон аз ҷумла раиси ҷумҳури ин кишвар мегӯянд, имзои протокол дар бораи ба иҷора гирифтани роҳ хилофи манофеи ин кишвар аст. Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо нашрияи “Вечерний Бишкек” гуфтааст, агар ин протоколро қабул кунанд, пас ноҳияи Лейлак пурра ба анклав табдил меёбад.

Роҳе, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон баҳси навро эҷод кардааст, аз миёни ҷамоати Чоркуҳи шаҳри Исфара мегузарад. Ин роҳест, ки ноҳияҳои Исфана, Лейлак ва шаш деҳаи дигари Қирғизистон аз ҷумла Самарқандак ва Борбордуқро ба вилояти Ботканд пайваст мекунад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон иддао кардааст, ки дар бораи ин протокол танҳо зимни сафараш ба Душанбе огоҳ шуд ва Адахон Мадумаров ҳаққи имзои ин санадро надошт. Мадумаров, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистонро ба пурсиш даъват кардаанд.

Худи Мадумаров ва бархе расонаҳои Қирғизистон мегӯянд, Содир Ҷабборов масъалаи марзро барои манфиатҳои сиёсии худаш сӯистифода мекунад.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамагӣ 519 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Қирғизҳо “Камаз” – и сокини Чоркуҳро, ки ба Ворух хӯрок мебурд, сангборон карданд

Дирӯз, 20 январ шаҳрвандони Қирғизистон автомошини боркаши тамғаи “Камаз” – и шаҳрванди Тоҷикистон Насруллобек Асламовро, ки ба деҳаи Ворух маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла хӯрокӣ мебурд сангборон кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Оқсойи Қирғизистон рух дода, дар натиҷа ронанда сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара осеб дида, тирезаҳо ва чароғҳо-и автомобил шикастаст.

– Ин рафтори иғвобарангезонаи сокинони Оқсой бори дигар нишон дод, ки онҳо бо ҳар восита мехоҳанд вазъро номуътадил намуда, байни аҳолӣ низоъ ангезанд, – гуфтааст дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара.

Роҳи миёни Чоркӯҳ ва Ворух аз миёни маҳаллаи Оқсойи Қирғизистон мегузарад, ва ин макон то ин вақт борҳо шоҳиди муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ қарор аст, имрӯз 21 январ масъулони ҷамоатҳои наздимарзии Исфара вуқӯъи ин ҳодисаро якҷо бо масъулони ноҳияи Ботканд ба баррасӣ гузоранд.

Кордкашии прапоршику лейтенант дар Душанбе

Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст. Сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки барои ҳаёти инсон хавфнок аст, муттаҳам мешавад.

Бар пояи иттилои сомонаи расмии Додситони кулли Тоҷикистон, бар зидди прапоршик 23-сола Шоҳрух Сангалиев дар асоси қисми 1 моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок  аст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

“Тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар намуд, ки Сангалиев Ш.Р. зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии 45095 КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин давом даст ба содир намудани ҷинояти вазнини қасдона задааст”, – гуфта мешавад,  дар хабари додситонӣ.

Манбаъ мегӯяд, 16 августи соли 2021 тахминан соати 19:30 дақиқа дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ, байни Сангалиев ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми муноқиша Сангалиев бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ, ки барои ҳаёт хавфнок аст, расонидаааст.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, прапоршикро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста, маҳкум карда ва парвандаро барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд фиристодааст.

Skip to toolbar