Сироҷиддин Икромӣ директори Амонатбонк дар хусуси он, ки ин бонк бо ҷорӣ гардидани низоми ғайринақдӣ, низоми бонкии кишварро монополия мекунад, рад кард. Ин нуқтаро ӯ зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми август таъкид кард.
“Бисёр фикри хато аст, ки мегӯянд Амонатбонк яккатоз аст, Амонатбонк монополия кардааст, “Амонатбонк” даромади бештар мегирад. Чун Амонатбонк сиёсати иҷтимоии давлатро пеш мегирад, бо пешниҳод кардани кортҳои бепул ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро амалӣ карда истодаем”,- афзуд Икромӣ.
Ба таъкиди ӯ мутобиқ шудан ба низоми нав барои Амонатбонк хароҷоти зиёд дошт, ҳарчанд мақсади бештари бонкҳо даромад аст.
“Магар мо мехоҳем, ки ин қадар вазнинӣ ба сари мо ояд? Имрӯз кормандони мо бо дархости баъзе вазорату идораҳо шанбеву якшанбе низ кор карда истодаем”, – иброз намуд директори Амонатбонк.
Ӯ қайд кард пардохтҳои давлатӣ бемузд аст ва он аз ҷониби Амонатбонк ба сифр баробар карда шуда, бе комиссия ва даромад анҷом дода мешавад.
“Ин баръакс хароҷоти моро зиёд карда истодааст. Кортҳои чипдори “Фарогир” дилхоҳ амалиётҳоро фаро мегирад. Он беном аст ва ройгон ба мардум дода мешавад. Ин корт аз 3 то 5 доллар арзиш дорад. Мо агар 500 ҳазор адад корт бароварда бошем, 25 миллион сомонӣ хароҷот кардаем”,- гуфт ӯ.
Аз 1-уми август дар Тоҷикистон тамоми пардохтҳои ҳатмии давлатӣ дар Тоҷикистон тибқи фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ғайринақдӣ карда шуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон уҳдадоранд ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ, тамоми андозҳо, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома ва литсензия, ҷарима ва дигар намудҳои хидматрасонии давлатиро танҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ ё ҳамёнҳои мобилӣ пардохт кунанд.