Сиёсатмадори рус Сергей Миронов хостори роҳандозии виза миёни Тоҷикистону Русия шудааст

Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамлаи мусаллаҳона дар Русия зиндонӣ шуданд

Додгоҳе дар вилояти Москваи Русия 8 шаҳрванди Тоҷикистонро ба муҳлати аз 8,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба додситонии вилояти Москва хабар додааст. Ному насаби маҳкумшудаҳо оварда нашудааст.

“Додгоҳ муайян кард, ки шаш нафари гумонбарон узви гуруҳи мусаллаҳе буданд, ки ба хонаҳои соҳибкорон дар шаҳр ва вилояти Москва ҳамла мекарданд. Онҳо аз хонаҳо пул, ашёи гаронарзиш ва силоҳ медуздиданд. Ҳаҷми умумии хисорот ба беш аз 11,5 млн рубл мерасад”, – омадааст дар иттилоияи додситонӣ.

Исрори навбатии Миронов ба ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирони тоҷик

Низоми раводид бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хориҷиён дар Русия шароити муносиб фароҳам меорад.

Дар ин бора Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ дар суҳбат бо радиои “Говорит Москва” хабар додааст.

Қаблан раиси Ҳизби Русияи одил – барои ҳақиқат Сергей Миронов роҳандозии низоми раводид барои вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русияро пешниҳод карда буд.

Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир ҳузури муҳоҷирон, шароити афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба ин кишварро маҳдуд мекунад.

Миронов гуфтааст, бояд иқтисоди Русияро аз қувваи кории арзон муҳофизат кард, ки рушди онро суст мекунад. Кори арзон тиҷоратро фосид мекунад, пул барои маош, бозомӯзии коргарон ва такмили технология сарф мешавад.

Сиёсатмадор ҳамзамон нақшаи Маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонро ҷонибдорӣ кардааст.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон боз боло меравад

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2022 нисбат ба ҳаҷми айни замон амалкунанда ба андозаи 6,7% зиёд мешавад.

“Аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 64 сомонӣ муқаррар карда шавад”, – гуфта мешавад дар қонуни қабулшудаи буҷети давлатӣ барои соли 2022.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми як нишндиҳанда барои ҳисобҳо 60 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба боло рафта, баъдан (солҳои 2019-2022) ҳамасола зиёд мешавад.

Раҳмон Ҷабборовро табрик карду аз ҳамсоягии нек гуфт

Эмомалӣ Раҳмон президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро бо солгарди умраш шодбош гуфтаст.

Раҳмонов ба Ҷабборов, саломатӣ ва дар корҳои давлатияш комёбӣ таманно кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти президенти Қирғизистон.

“Ба шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Қирғизистон некӣ ва шукуфоӣ таманно дорам”, – омадааст дар паёми Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон дар ин нома гуфтааст, бо истифода аз ин фурсати гуворо изҳори итминон менамоям, ки муносибатҳои ҳамкории созандаи Қирғизистону Тоҷикистон минбаъд низ дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек дар тамоми соҳаҳои манфиатҳои муштарак рушду тавсеа хоҳанд ёфт, таъкид кардааст раҳмон.

21-уми декабр.  Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон чист?

Паёми имсолаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 21-уми декабр садо хоҳад дод. Дар ин бора маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Маҷлиси миллӣ бо ин ҳадаф ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлисҳо: ҳам Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват кардааст.

Манбаъ менависад, ки “дар ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа мегардад”.

Қарори баргузории ҷаласаи муштаракаи маҷлисҳои порлумони кишвар, имрӯз, 6 декабр аз сӯи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, маъмулан самтҳои асосии сиёсати дохилу хориҷ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.

Ду сокини Турсунзодаро барои ҷинояти 24 сол пеш зиндон карданд

Додгоҳи шаҳри Турсунзода, ду нафарро барои ҷиноятҳояшон дар замони ҷанги дохилӣ ба 15-солии зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулл рӯзи 6-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов, ки узви гуруҳи муташаккили ҷиноие будаанд, дар давоми солҳои 1996-1998 бо силоҳҳои гуногун мусаллаҳ шуда ва ҷиноятҳои махсусан вазнине ба мисли бандитизм, роҳзанӣ ва куштор содир кардаанд.

Додситонӣ дар ин хабарномааш нагуфтааст, ки ин ду нафар ба кадом тарафи ҷанги дохилӣ таалуқ доштанд, вале навиштааст, ки онҳо 14 августи соли 1997 ба хонаи Чупонқул Ашӯров ва Валиҷон Ашӯров, сокинони деҳаи Кирови шаҳри Турсунзода ворид шуда, аз модари онҳо бо таҳдиди силоҳ 1200 доллари амрикоӣ ва 700 ҳазор рубли русӣ гирифта ва сипас ҳарду бародарро золимона кушта ва аз ҷойи ҳодиса ҳодиса ғайб задаанд.

Додситонӣ гуфтааст, ки Додгоҳи Турсунзода, Исмоил Самиев ва Рамазон Муродовро барои ин ҷиноятҳо ба 15 соли адои зиндон дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард.

Skip to toolbar