Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар Душанбе шуд

7 июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо чанде аз кадрҳои навтаъйини роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои тобеи он суҳбат кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раҳбари давлат хабар дод.

Ба иттилои “Азия-Плюс”, дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар Душанбе барканор ва ба ҷойи ӯ Шоҳрух Саидзода таъйин шуд.

Ҳамчунин, Абдулло Навҷувонов аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд сабукдӯш гардид, вале маълум нест ба ҷои ӯ кӣ таъйин шуд.

Баҳодур Ваҳобзода аз вазифаи сардори Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт барканор гардида, маълум нест ба ин мансаб кӣ таъйин шуд.

Инчунин, сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, сардорони раёсатҳои ҳифзи тартиботи ҷамиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, алоқа, Намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия аз вазифа озод шуданд ва ба ҷояшон нафарони нав таъин гардиданд.

Skip to toolbar