fbpx

Ваъдаи кор дар Британия Кабир. Чӣ тавр як марди тоҷик ба доми фиреби қаллобон афтод

Қаллобон тавассути WhatsApp ба бовариаш даромада, аз ӯ ба миқдори 75 ҳазору 500 рубли русӣ ситонида, бедарак шудаанд.


0
Акси иллюстративӣ аз манбаъҳои боз

Пас аз ҳодисаи “Крокус” дар Русия ва оғози мавсими корӣ дар Аврупо, бахусус дар Британияи Кабир таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Аврупо афзудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон роҳҳои расидан ба Аврупоро ҷустуҷӯ мекунанд, вале баъзеи онҳо ба дасти ширкатҳо ва миёнаравҳои қаллоб меафтанд.

Чанде пеш кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, хабар дод, ки як нафар сокини Душанбе беш аз 150 нафарро бо ваъдаи ба Аврупо бурдан фиреб додааст.

Аҳмадов Иброҳим директори ширкати “Даври истиқлол” бо ваъдаи ба Британияи Кабир ва Литва барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ бурдан, маблағҳои гуногуни аз 8 то 22 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифта, онҳоро фиреб додааст.

Мақомот гуфтанд, ӯ ба фиристодани муҳоҷирони ғайриқонунӣ машғул буд. Номбурда бо мақсади омода намудани ҳуҷҷат ва ба расмият даровардани визаи кишварҳои аврупоӣ аз шаҳрвандон маблағҳои калонро тасарруф кардааст. Беш аз 150 нафар ба доми фиреби ӯ афтодаанд.

Роҳи дигари фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо аст.

Як марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе бо шарти ифшо нашудани номаш ба Your.tj нақл кард, ки чӣ гуна ӯро ба воситаи паёмрасони WhatsApp фиреб дода, маблағҳояшро тасарруф карданд.

Қаҳрамони мо мегӯяд, барои муҳоҷират корӣ ба Британияи Кабир рафтан имкониятҳоро ҷустуҷӯ мекард.

Ӯ як эълонеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида, ба пайванди он ворид мешавад.

Аз бовару эътиқоди динӣ истифода бурданд

Ба саволи ӯ дар хусуси шароити кор ва роҳҳои рафтан ба Англия як нафар бо номи Денис посух медиҳад ва худро корманди ширкати Lamedait муаррифӣ мекунад.

“Ӯ худро мусалмон муаррифӣ карда ваъда дод, ки кӯмак мекунад ва ҳатман ба Британия мебарад. Ман мегуфтам таклиф кардам, ки ҳамдигарро дида, тариқи занги видеоӣ суҳбат кунем, вале баҳона пеш овард, ки ба онҳо мумкин нест. Ӯ мегуфт, чаро ба бародари мусалмонат бовар намекунӣ?”,- нақл кард ин мард.

Каҳрамони мо, ки орзуи пайдо кардани кори хуб ва беҳтар сохтани шароити рӯзгорро дошт, бовар кард ва ҳамин тавр чанд маротиба бо ӯ дар WhatsApp суҳбат кард.

Бо дархости бисёри қаҳрамони мо Денис ягон маротиба бо телефон ё видеоӣ суҳбат накард. Ӯ мегуфт, ки барои ҳифзи амнияташ иҷозат намедиҳанд, ки бо телефон суҳбат кунад, ё аксашро ба касе фиристад.

Корти шубҳанок ба номи каси дигар

“Дар аввал гуфт, танҳо барои виза пул супоридан лозим. Нархи визаро 21 ҳазору 500 рубли русӣ гуфт ва ман аз писарам, ки дар Русия кор мекунад, хоҳиш кардам. Маблағро ба як корти “Сбербанк”, ки Денис дода буд ва ба номи як марди рус буд интиқол дод. Вақте аз вай сабаби ба номи дигар нафар будани суратҳисобро пурсидам, гуфт, ки муҳосибаш ҳамин ҳисобро равон кардааст”,- гуфт қаҳрамони мо.

Чанде пас Денис маблағи суғурта талаб мекунад ва мегӯяд, супоридани он ҳатмӣ аст.

“Ба ӯ гуфтам, ки дар аввал ин хел тасмим набуд. Ӯ гуфт, ки бе пардохти ин маблағ гирифтани виза ғайриимкон аст. 25 ҳазор рубли русӣ талаб кард ва ман боз аз писарам хоҳиш кардам. Ин дафъа низ ба ҳамон корт равон кард”,- шарҳ дод қиссаи ба дасти қаллобон афтоданашро қаҳрамони мо.

Пас аз чанд муддат Денис боз бо ин марди тоҷик дар тамос шуда, аз ӯ ҳаққи хизматрасонӣ талаб намуд. Мард каме шубҳа кард ва аз ҳамсуҳбаташ пурсид, ки мабодо фиреб набошад. Вале шахси худро Денис муаррифӣ карда ӯро ором карда, гуфт, ки “нисбати бародари мусалмони худ туҳмат накун”.

“Гуфт, ширкати мо ҳаққи хизматрасониро ба ту тахфиф мекунад ва бо ҳамин бояд 29 ҳазор рубли дигар фиристодан даркор аст. Ба ман ваъда медод, ки виза қариб омодааст ва як қадами дигар мондааст ки онро дастрас кунам. Боз аз писарам хоҳиш кардам ва ӯ маблағи гуфтаамро интиқол дод”,- мегӯянд ин марди тоҷик.

Пас аз ин қаҳрамони мо чанд маротиба ба Денис менависад, вале ҳар дафъа ӯ ваъда медиҳад, ки кор “қариб ҳал шудааст” ва ба наздикӣ қаҳрамони мо метавонад визаашро аз Душанбе бигирад.

Вале бо гузашти чанд рӯз аз қаллоб дараке ҳам намонд. Ӯ акнун дигар ба паёмҳои марди тоҷик ҳам ҷавоб намедиҳад.

Дар ин ҷо қиссаи нафареро хонда метавонед, ки бидуни миёнарав ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир рафтааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend