Ширкати “Сибирь”: Аз ҳафтаи оянда парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор мекунем

Мақоми Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои хушбахту бадбахти ҷаҳон аз ҳамсояҳо поинтар аст

Тоҷикистон дар радабандии хушбахтарин кишварҳо панҷ зина мавқеяшро аз даст додааст.

СММ дар гузориши ҳамасолааш (World Happiness Report-2022), ки имрӯз 18 март нашр шуд, Тоҷикистонро аз миёни кишварҳои хушбахт дар мақоми 83 ҷой дод.

Дар ҳоле, ки Ӯзбекистон мақоми 53 ва Қазоқистон ҷойи 40 ва Қирғизхистон зинаи 64 -умро касб намуданд. Туркманистон низ дар ин масъала аз Тоҷикистон вазъи беҳтар дошта, дар мақоми 78 – ум ҷо гирифт.

Дар ҳамин ҳол, аз миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Литва ва Эстония бо ишғози ҷойи 36 хушбахтаринҳо арзёбӣ шуданд. Русия дар ҷойи 80 қарор дошт.

Ба даҳгонаи хушбахттарин кишварҳо инчунин Дания, Исландия, Швейтсария, Ҳолланд, Люксембург, Шветсия, Норвегия, Исроил ва Зеландияи Нав шомиланд. ИМА дар ҷои 16-ум (14-ум дар соли 2021), Британияи Кабир 17-ум (18-ум дар соли 2021), Фаронса дар ҷои 20-ум (бетағйир) мебошанд.

Индекси хушбахтӣ нишондиҳандаҳоро ба мисли некӯаҳволӣ, ММД ба сари ҳар сари аҳолӣ, давомнокии умр ва сатҳи фавт, амният, озодиҳои шаҳрвандӣ, субот, фасод ва ғайра ба назар мегирад.

“Сибирь”: Аз ҳафтаи оянда парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор мекунем

Ширкати ҳавопаймоии “Сибирь”-и Русия, ки аз 5 март парвозҳояшро аз ва ба Тоҷикистон ба Русия боздошта буд, аз ҳафтаи оянда ният дорад, ки хатсайрҳояшро барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Фазлиддин Ҳасанов.

“Охири ҳафта ширкат ният дорад, ки парвозҳоро ба Тоҷикистон барқарор кунад. Айни замон сабти дубораи ҳавопаймоҳо дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои мусофирбар (шаҳрвандӣ)-и Русия идома дорад. Пас аз анҷоми сабти дубора парвозҳо ба кишвари мо барқарор мешаванд”, – гуфт Ҳасанов.

Ӯ бори дигар хотиррасон намуд, ки мусофирони хатсайрҳои бекоршуда метавонанд пурра пули билеташонро гиранд ё онро ба хатсайри дигар баъди барқарор шудани парвозҳо мегузаронанд.

Ӯзбекистону Қазоқистон қаторҳои мусофирбариро фаъол мекунанд. Тоҷикистон чӣ?

Пас аз танаффуси дусола, сар аз оғози моҳи апрел миёни Ӯзбекистону Қазоқистон нахустин қатори мусофирбарии доимӣ ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон- “Ӯзбекистон темир йуллари” хабар медиҳад.

Аммо идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло таърихи дақиқи барқарор шудани хатсайри қаторҳои мусофирбарии кишвар маълум нест. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки онҳо низ барои азсаргирии равуои қаторҳои мусофирбари талош доранд.

Субҳи 18-уми март ширкати Роҳи оҳани Ӯзбекистон – “Ӯзбекистон темир йуллари” дар сомонаии расмияш хабар дод, ки бо ширкати роҳи оҳани Қазоқистон барои барқарор кардани хатсайри доимии мусофиркашонӣ ба тавофуқ расидаанд.

Аз моҳи марти соли 2020 ба далели ҳамагирии коронавирус мусофиркашонии байнидавлатӣ тариқи қаторҳо дар роҳи оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия манъ шуда буд.

“Дар ҷанги Украина 7000 сарбози рус кушта шудааст”

Нашрияи “The New York Times” бо истинод ба маълумоти иктишофҳои Амрико навиштааст, ки аз оғози ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина то ба ҳол беш аз ҳафт ҳазор низомии Русия кушта шудааст.

Ба иттилои нашрия, ҳамчунин аз 14 то 21 ҳазор низомии дигари рус захмӣ шудаанд. Ҷамъан Русия ба ҷанг алайҳи Украина то 150 ҳазор сарбозро сафарбар кардааст, менависад “The New York Times”.

Манбаъҳои нашрия гуфтаанд, ки ин маълумот дар бораи талафоти артиши Русия тахминӣ ва дар асоси сарчашмаҳои боз, аз ҷумла Вазорати дифои Украина ва аксҳои моҳвораӣ гирифта шудааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия аз оғози ҳамла ба хоки ин кишвар то ҳол ҳудуди 14 ҳазор сарбозро аз даст дод. Вазорати дифои Русия дар навбати худ шумори сарбозони кушташудаи Украинаро беш аз 18 ҳазор хонд.

Табиат бо “бедодгарӣ” дар Тоҷикистон чанд ҷойро вайрон кард

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода рӯзи 18-уми март гуфт, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар тарма, ярчу сангрез ва обхезӣ дар рӯдхонаҳо ба мушоҳида расидааст. Аз ҷумла 17-уми март дар ноҳияи Роштқалъа тарма ду хонаро вайрон кардааст, вале касе осеб надидааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон сел се сар гӯсфанди сокинонро нобуд кардааст. Мақомот гуфтанд, хисороти расидаро арзёбӣ мекунанд. Дар шимоли кишвар дар ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент оби рӯдхона баланд шуда, ба як пул осеб расондааст. Субҳи имрӯз 18-уми март дар километри 266-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ 30-35 метр ярч ба қайд гирифта шудааст. Роҳ муваққатан баста шудааст.

Соати 2-и имрӯз ҳамчунин дар натиҷаи сангрез шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳин-Дарвоз дар наздикии ҷамоати Вишхарви Дарвоз муваққатан баста шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, роҳҳои Кӯлоб-Қалъаи Хумб, Қалъаи Хумб-Ванҷ-Хоруғ ва Ванҷ-Рӯшон низ барои як муддат баста мешаванд.

Асрор Воҳидов дар Маскав бо муштзани рус рақобат мекунад

Асрор Воҳидов, муштзани маъруфи тоҷик, қувваозмоии навбатии худро дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ 21-уми март дар шаҳри Маскав бо Владимир Никитини русиягӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, Асрор Воҳидов, ки 23-юми январи соли 2021 дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ дар Екатеринбурги Русия бар Тато Бонокоане аз Африқои Ҷанубӣ пеш аз муҳлат пирӯз шуд, соҳиби унвони ғолиби WBO Oriental гардид.

Муштзани тоҷик дар вазни дувуми сабуктарин (55,2 кило), ки мебоист даҳ раунд идома мекард, дар дақиқаи дувуми раунди нӯҳум бар рақиби 30-солааш Тато Бонокоане бо нокаут ғолиб омад.

Асрор Воҳидов илова ба унвони ғолиби WBO Oriental, ба нимфинали Гран-прии WBO, ки аз ҷониби RCC Boxing Promotions баргузор шудааст, роҳ ёфт.

Skip to toolbar