Шашгонике, ки дирӯз, 11 январ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда буданд, даргузаштанд. Дирӯз вазъи саломатии онҳоро баъди таваллуд муътадил арзёбӣ мешуд. Ин чорумин ҳомладории модари шашгоник буда, қаблан як фарзандаш низ вафот кардааст.
Нурӣ Дадобоева, сардухтури таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, имрӯз, 12-уми январ, марги ҳамаи навзодонро тасдиқ кард ва гуфт, ки сабаби аслии ҳалокати онҳо “таваллуди пеш аз муҳлат ва вазни кам” аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин шашгоник – ду писару 4 духтар дирӯз, 11-уми январ, дар таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд ба дунё омаданд. Пас аз таваллуд вазъи саломатии онҳо муътадил арзёбӣ мешуд.
Вазъи саломатии модари шашгоник Муборак Соҳибоваи 26-сола хуб гуфта мешавад. Ин таваллуди чоруми модар будааст. Ҳоло ӯ дар таваллудхона қарор дошта, як муддат зери назорати табибон қарор хоҳад дошт.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст таваллуди шашгоникҳо ба қайд гирифта мешавад. Қаблан дар кишвар таваллуди сегоник, чоргоник ва панҷгоник ба қайд гирифта шуда буд.
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳавасманд кардани заноне, ки беш аз се фарзанд таваллуд кардаанд, вуҷуд надорад. Аммо мақомот ва шаҳрвандони алоҳида ба ин гуна модарон ёрии моддӣ мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова, ки аллакай ду фарзанд дошт, якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Таваллудро табибони таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе анҷом доданд.
Қаблан, моҳи декабри соли 2020 дар таваллудхонаи рақами 3 дар шаҳри Душанбе чоргоник – ду писару ду духтар ба дунё омада буданд. Ҳамчунин соли 2015 дар ҳамин таваллудхонаи пойтахт чоргоникҳо ба дунё омада буданд, ки давлат ба он оила хона дода буд.