Сел дар чанд минтақаи Тоҷикистон роҳҳоро баст

Дар натиҷаи боришоти шадиди шабонарӯзи гузашта дар чанд минтақаи Тоҷикистон сел омад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, субҳи 18 апрел дар қитъаҳои 0,5, 2,4, 21, 22 ва 24-уми шоҳроҳи Душанбе-Лаб Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор сел омад. Дар натиҷа, қитъаҳои мазкур муваққатан баста шуданд.

Гуфта мешвад, инчунин дар ноҳияи Лахш низ сел омада роҳи байни ҷамоатҳои деҳоти Лахш ва Лахши болоро бастааст.

Инчунин, қитъаи 304 то 325-уми шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз мегузарад, бинобар омадани сел баста шудааст.

Мақомот мегӯянд, дар ҳеҷ яке аз мавридҳо талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки хатари омадани сел дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ то 20 апрел боқӣ мемонад.

Skip to toolbar