Саволу ҷавоб: Чӣ хел бо парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргашт?

Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандони худ, ки пас аз хуруҷи бемории коронавирус ва баста шудани сарҳадҳои заминиву ҳавоӣ дар Русия банд монда буданд, 8 парвози чартерӣ ба нақша гирифтааст. То имрӯз, дутои он аз шаҳрҳои Маскав ва Қазон анҷом дода шуд.

Новобаста аз роҳҳои мушаххаси бақайдгирӣ шаҳрвандон барои номанавис кардан мушкилӣ мекашанд.

Мо тасмим гирифтем ба саволҳои шаҳрвандон оиди бозгашт ва номнавис кардан ба парвозҳои чартерӣ ҷавоб диҳем.

Чӣ хел аз Русия ба Тоҷикистон баргардам, ба куҷо муроҷиат кунам?

Шумо метавонед барои дархости баргаштан ба ватан ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия муроҷиат намоед.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: тел: +7 (495) 6904186; +79264110961; +79955018733;

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск: тел: +79231002223; +79134873822

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург: тел: +79616111617

Консулгарии Тоҷикистон дар Уфа: тел: +73742765296; +79272317171; +79371510011;

Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург: тел: +7 (343) 370-23-60

Инчунин Шумо метавонед, муроҷиатҳои худро ба суроғаи электронии charter-russia@mfa.tj бо дарҷи маълумоти тамос ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нусхаи шиноснома, маълумотномаи бемор будани шахс ва ғайраҳо) ирсол намоед.

Чанд парвози хатсайрҳои чартерӣ ба нақша гирифта шудааст ва онҳо кай амалӣ мешаванд?

Барои овардани шаҳрвандон 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай дутои он аз шаҳрҳои Маскав ва Қазон анҷом дода шуд. 6 парвози дигар аз шаҳрҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

  • 30 июн хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 1 июл хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 6 июл хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 7 июл хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 13 июл хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 14 июл хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

Киҳо метавонанд бо ин хатсайрҳо ба Тоҷикистон баргарданд?

Дар навбати аввал занон бо кӯдакони хурдсол, занони ҳомила, шахсони пиронсол, беморони вазнин, донишҷӯён ва шахсоне, ки бино бар сафари хизматӣ дар Русия дармондаанд сабти ном карда шуда ба ватан оварда мешаванд. Пас аз ба таври пурра баровардани шаҳрвандони болозикр, дигар шаҳрвандоне, ки барои баргаштан худро номнавис кардаанд ба ватан оварда мешаванд.

Аз куҷо барои хатсайрҳои чартерӣ билет харам?

Билетҳо танҳо мувофиқи рӯихати тартибдодаи комиссия фурӯхта мешаванд. Дар назди сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон комиссияҳо ташкил карда шудаааст, ки барои номнавис кардани шаҳрвандон машғул мебошанд. Инчунин онҳо фурӯши билетҳоро назорат мекунанд. Шахси дар рӯихатнабуда наметавонад билет харад.

Билетҳо чӣ қадар арзиш доранд?

Нархи билети парвозҳои чартерӣ 300 евроро ташкил медиҳанд.

Худро номнавис кардам, чӣ хел фаҳмам, ки кай ба Ватан бармегардам?

Агар Шумо худро номнавис карда бошед, занги кормандони сафоратро мунтазир шавед. Вақте номи Шумо дар рӯихати шаҳрвандони парвозмекарда пайдо шавад, онҳо бо Шумо тамос мегиранд.

Оё дар Ватан маро ба карантин фаро мегиранд?

Бале! Ҳама шаҳрвандон пас аз бозгашт ба Ватан ба карантин фаро гирифта мешаванд. Шаҳрвандонро аз тест мегузаронанд, агар ҷавоби он манфӣ барояд бо гирифтани забонхат ба хона ҷавоб медиҳанд. Шумо дар забонхат менависед, ки 14 рӯз дар карантини хонагӣ мемонед.

Оё мешавад бо роҳи заминӣ ба ватан баргашт?

Не! Айни ҳол бозгашт бо роҳи заминӣ ба Ватан имкон надорад. Сарҳади кишварҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бастааст ва Шумо наметавонед онро убур намоед.

Қисме аз шаҳрвандон баргаштанд-ку барои чӣ мо наметавонем?

Онҳо зиёда аз 70 рӯз дар сарҳади Қазоқистон бо Ӯзбекистон банд монда буданд. Бо дахолати Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аз ҷониби кишварҳои болозикр ба онҳо “долони сабз” кушода шуд, то ба ватан баргарданд.

Ман ду шаҳрвандӣ дорам, метавонам баргардам?

Бале! Лекин ҳамроҳатон доштани шиносномаи хориҷии Тоҷикистон ҳатмист. Шумо наметавонед бо шиносномаи хориҷии Русия ба Тоҷикистон ворид шавед.

Ман коронавирусро дар Русия аз сар гузарондам, метавонам баргардам? Маро ба самолёт роҳ медиҳанд?

Бале! Агар Шумо коронавирусро аз сар гузаронида бошед ва табобати онро ба таври пурра гирифта бошед, ҳеҷ монеае барои бозгашти Шумо вуҷуд надорад.

Баъди баргаштан бо хатсайри чартерӣ, метавонам дубора ба Русия равам?

Бале! Агар Шумо қонунҳои будубошро да Русия вайрон накарда бошед ва Шуморо кормандони фурудгоҳ аз ихроҷ шуданатон огоҳ накарда бошанд, метавонед баргардед.

Парвозҳои доимӣ байни Тоҷикистону Русия кай кушода мешаванд?

Тибқи дастури охири Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Covid-19, масъалаи барқарор кардани парвозҳои доимӣ ба/аз Русия, Туркия ва Чин аз ҷониби мақомоти марбута мавриди баррасӣ қарор дорад. То ҳол санаи дақиқи барқарор шудани он маълум нест.

Skip to toolbar