fbpx

Чӣ бояд кард, ки мароқи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон кам нашавад? Travel-е, ки Мискола ба роҳ мондааст

Саргузашти бонуи ҷавоне, ки кӯҳҳои Помирро барои сайёҳон боз намудааст.


0
Фанские горы, Фото Алишера Примкулова
Фанские горы, Фото Алишера Примкулова

Мегӯянд, ки сайёҳати кӯҳӣ – тамоман барои бонувон нест. Ба кӯҳ баромадан ва ё километрҳои масоҳати роҳҳои кӯҳиро тай намудан, ҳатто барои мардҳои тавоно низ имконнопазир аст. Аммо Мискола Абдуллоеваи 35 сола, ки фаъолона ба треккинг (сайри кӯҳӣ) машғул аст, соли ҳафтум аст, исбот менамояд, ки зан ва кӯҳ – ин мафҳумҳои бо ҳам мувофиқанд.

Оид ба кашиш ба баландиҳо, туризм дар Тоҷикистон ва дар бораи маконҳои диданибоби кишварамон Мискола ба муаллифи мо Маҳпора Киромова нақл кард.

Кӯҳҳо кашиши хос доранд

Ҳамаш аз соли 2012, аз даврае сарчашма мегирад, ки Мискола Абдуллоева нияти ифтитоҳ намудани ширкати сайёҳии Orom Travel-ро кард. Соҳибкорзани ҷавон дарк мекард, ки нахуст худаш ин роҳро тай накарда, наметавонад сайру сайёҳати кӯҳиро, ки алҳол дар Тоҷикистон 10 самтро дар бар мегиранд, ба роҳ монад.

Памир новый маршрут изучение

«Ин чун мӯзадӯзи бе мӯза буд. Бинобар ин бо пайдо шудани дархости нахустин аз сӯи як ширкати аврупоӣ – сайёҳат ба кӯҳҳои Помир, ман қарор додам, ки бояд ин роҳро аввал худам тай намоям, то ин ки на танҳо хароҷот, инчунин хавфу хатарҳо барои меҳмононро баҳо диҳам. Пас аз ин амал ман то ҷое пушаймон ҳам шудам ва фикр ҳам кардам, ки кӯҳгардӣ кори зан нест. Ин роҳро тай намудан на танҳо ҷисман, балки руҳан низ мушкил буд. Ман ҳатто фикр ҳам кардам, ки чӣ нафаронеанд ин меҳмонони ман, ки аз вазнинии роҳ роҳат мекунанд!” – бо табассум ба ёд меорад Мискола.

Аммо баъдтар ӯ бо ҳайрат дарк намуд, ки сарфи назар аз зан ва ё мард будан бо як маротиба паси сар намудани чунин сайёҳат, тамоми умр ба ин “беморӣ” гирифтор шудан мумкин аст. Онҷо дар баландиҳо маҳз ҳамон хушоҳангиеро пайдо намудан мумкин аст, ки дар ҳаёти рӯзмарраи серташвиш намерасад.

«Вақт дар кӯҳҳо беҳаракат аст ва инсон онҷо беихтиёр ҳаёташро бори дигар аз назар мегузаронад. Чӣ қадаре ба баландӣ баромадан гирӣ, ҳамон қадар зебоиҳоро ба худ мекушоӣ ва ҳаваси зиндагӣ кардану ба ин зебоиҳо ғутавар шудан дучанд мегарданд. Инчунин – бо табассум мегуяд Мискола, – онҷо, ҳатто ба сарҳои пучтарин ҳам, фикрҳои солим меоянд».

горный туризм в Таджикистане
Мискола Абдуллоева

Аз он замон ин ҷониб ширкати сайёҳии ӯ дар самти сайру сайёҳатӣ кӯҳӣ фаъолият менамояд. Барои меҳмонон сайёҳатҳои писандидатарин ин «Шаб дар Искандаркул», «Сайр лаб – лаби дарёи Сиёма», «Водии Вахон», «Сайёҳат дар кӯҳҳои Помир» ва «Кӯлҳои кӯҳҳои Фон» мебошанд.

Треккинг – намуди машҳуртарини сайёҳати кӯҳӣ мебошад. Барои ин навъи сайёҳат ба Тоҷикистон асосан шаҳрвандони Олмон, Австрия, Фаронса, Итолиё, Бритониёи Кабир, Лаҳистон, Латвия, Нидерланд, ИМА ва Австралия меоянд. Мавсими сайёҳаӣ барои треккинг хеле кӯтоҳ аст:  июн, июл, август ва сентябр.

Таҷрибаву малакаро аз меҳмонон меомӯхтам

Ин 4 моҳ барои Мискола Абдуллоева – давраест, ки ӯ аз кӯҳҳо қувват ва аз меҳмонони хориҷӣ донишу таҷрибаҳои нав мегирад.

«Бале, мо – кишвари кӯҳием. Ҳатто метавон гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ барои онҳое, ки истироҳати фаъолро дӯст медоранд, ҷолибтаринем. Ва сарфи назар аз он ки ҳамаи захираҳои табииро дорем, ки метавонистанд даромадҳои зиёдеро оранд, дар самти сайёҳати кӯҳӣ донишу малакаи мо ҳамоно нокофиянд.

Фанские горы

Масалан ман, бисёр чизҳоро бо афтодану бархестанҳо омӯхтаам. Зеро дар кишвари мо ягон маркази махсусгардондашудае нест, ки операторони сайёҳиро ба кор омода кунад, маслиҳатҳои муфид диҳад. Баръакс, мегӯянд, ки агар шиносу маблағ надошта бошӣ, корро шурӯъ накун, ки пеш намеравад. Ман, дар оғози фаъолиятам,  ҳатто ҷузъиёттарин чизро  аз худи сайёҳон меомӯхтам!” – бо ханда ба ёд меорад ӯ, сафараш бо ҷуфти ҷавон аз ИМА-ро ба Ҳафткул.

Ба сафари нахустин бо крассовкии сабук ва тар  

Ин 7 сол пеш, дар моҳи октябр буд. Онвақт Мискола барои меҳмонони аввалини худ, ки аз Амрико буданд, сайёҳати аҷибе дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳрро ба нақша гирифт. Маҳз дар ҳаминҷо кӯли ҳафтуми Ҳафткӯл ҷойгир аст.

«Ман, шояд мехостам онҳоро хеле дар ҳайрат гузорам, бинобар ин чунин хатсайрро интихоб кардам, аммо имконият ва нерӯи худро ба инобат нагирифтам. Борхалтаи ман хеле вазнин буд, пойафзолам бошад тавре баъдтар фаҳмидам, барои треккинг набуд – кроссовкиҳои оддии сабуке буданд, ки аллакай пурра тар шуда буданд. Бароям хеле мушкил буд, аммо ман роҳро идома дода, баъзан бо ҳавас бо телефони Iphone манзараҳои зебои атрофро акс мегирифтам.

Вақте ба кӯли 7-ум расидем, ман нафасамро рост накарда ба дастархонкушоӣ шурӯъ намудам. Меҳмон бошад бо табассум гуфт, ки: – ман тамоми роҳ дар бораи як чиз фикр кардам –  дар дастони ӯ – Iphone, дар пояш бошад – ким чӣ?!». Мискола имрӯз ин саргузаштро бо ханда ёдрас мешавад, аммо аз онвақт инҷониб барои бо асбобу анҷом таҷҳиз шудан таваҷҷӯҳи хос медиҳад.

Чунин донишҳои дар назари аввал сода, барои онҳое, ки  дар солҳои 2012, дар сайёҳати кӯҳӣ нав фаъолиятро шурӯъ мекарданд, хеле арзишманд буданд ва инро кас танҳо бо афтодану хестанҳо метавонист омӯхт.

Ба сайёҳати кӯҳӣ омода набудан метавонад ба осонӣ ҳаёти инсонро зери хатар гузорад. Барои треккинг доштани либоси махсус  муҳим аст (куртка бо шим, термолибос, сарпӯшак, айнакҳои махсус, кифтпӯшак аз борон, дастпӯшак, пойафзоли махсус барои треккинг, таҷҳизи махсус (борхалта, хайма, халта барои хоб, гилемча, косаву табақ, фонус, қутбнамо, гӯгирд, банд, таҷҳизот барои хӯрокпазӣ), чизҳо барои гигиенаи шахсӣ, захраи об ва хӯрок, доругирак. Танҳо таҷҳизи махсус наздики $800  мешавад.

Яке аз донишҳои арзишманди азхудкарда, ин барои меҳмонон дар нуқтаҳои дуртарини кишвар, ки онҷо на меҳмонхонаҳо ва на хостелҳо буданд, фароҳам овардани шароити боҳузуру боҳаловат буд.

«Ман ин масъаларо чунин ҳал кардам: ба ин кор аҳолии маҳалиро ҷалб намудам, ки дар хонаҳои худ хоумстейҳоро ташкил намуданд. Онҳоро бо шартҳои асосии қабули меҳмонони хориҷӣ шинос намудам. Акнун онҳо меҳмононро дар хостелҳои бароҳати ташкилкардаашон қабул мекунанд. Воқеан, ин чизро низ ман аз меҳмонони худ, ки эҳтиёҷҳои худро мегуфтанд, ёд гирифтам», – нақл мекунад Мискола.

горный туризм в Таджикистане

«Ба кишвари мо барои таассуротҳои рангину ғайриоддӣ меоянд»

Алҳол Мискола Абдуллоева коршиноси соҳаи туризм ба ҳисоб рафта, ҳатто яке аз нафаронест, ки дар Тоҷикистон маҳз соҳаи туризми кӯҳиро муваффақона пеш мебарад.

Ширкати ӯ – Orom Travel соли 2017 аъзои ассосиатсияи ҷаҳонии Adventure Travel Trade Association гардида, барои таъсири мусбаташ дар паҳннамудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон дар соҳаи туризм бо стипендияи Adventure Travel Abundance мукофотонида шудааст.

Orom Travel ҳамчунин бо ду ширкати бузурги аврупоӣ Hauser Exkursionen (Олмон) ва Weltweitwandern (Австрия) ҳамкорӣ менамояд.

«Ин роҳи хеле мушкил, аммо дар баробари ин ҳатто барои зан, ки аз рӯи ақидаҳо ҷояш бояд назди тафдон бошад на кӯҳгардӣ бо сайёҳон, имконпазир аст.  Ман кори худамро  ва инчунин барои меҳмонони хориҷӣ Тоҷикистонро аз самти дигар нишон доданро хеле дӯст медорам. Хушбахтона, ҳар маротиба онҳо аз ин сафарҳо баваҷд меоянд», – мегӯяд Мискола Абдуллоева.

Ба қавли ӯ, меҳмононро ба ҳайрат овардан мушкил нест, зеро дар Тоҷикистон маконҳои ҳайратангезу зебо бо таъриху саргузаштҳои аҷиб хеле бисёранд. Сафар ба Искандаркул, ба яке аз мавзеҳои беҳтарини кӯҳҳои Фон, бо намоиши театрикунонидашуда хеле хотирмон аст.

Мувофиқи ривоятҳо кӯли Искандаркул бо номи Искандари Мақдунӣ гузошта шудааст, ки гӯё инҷо ҳангоми аз Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон рафтан, истода будааст. Ин саргузаштро меҳмонон бо шавқ гӯш мекунанд, қайд мекунад Мискола.

горный туризм в Таджикистане

Онҳо инчунин майдони дидбониро дар назди шаршараи “Ниагараи Фон” дӯст медоранд. Инчо об аз баландии 43 метр ба поён мерезад. Дар наздикиаш бошад теппаи калони оҳакин бо навиштаҷоти «Рускіе, 1870» мавҷуд аст, ки онро аъзоёни аввалин экспедитсияи Алексей Федченко, ки аз самти Зарафшон ворид шуда буданд, гузоштаанд.

«Ба кишвари мо барои таассуротгирӣ меоянд. Таассуроти рангин, ғайриоддӣ ва хотирмон. Қаторкӯҳҳои Помир ва водии Вахон, манзараи зебои Чилдухтарон ва макони беназири Чилучорчашма дар ҷануби кишвар бошанд, ба онҳо маҳз ҳамон таассуроти фаромӯшнашавандаро мебахшанд», – илова кард Мискола.

Ҳатто чунин ҳам мешавад, ки онҳо махсус барои ин таассуротҳо дубора бармегарданд.

горный туризм в Таджикистане


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет Зачет
0
Бесит Бесит
0
Сочувствую Сочувствую
0
Супер Супер
0
Окей! Окей!
0
Как так-то? Как так-то?
0

Send this to a friend