Сарвазири Русия Михаил Мишустин

Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафаш номуайян

Михаил Мишустин, сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд. Cафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин бора хабар додааст.

Гуфта мешавад, қарор аст, ки сафар дар аввали моҳи марти имсол сурат бигирад. Омодагиҳо ба ин сафарро, сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 24 – уми январ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Русия баррасӣ намуданд.

Дар хусуси мақсади сафари Михаил Мишустин маълумоти муфассал нест. Зимни мулоқот Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Михаил Галузин ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар бахшҳои гуногун матраҳ кардаанд.

Тоҷикистон Русияро яке аз шарикони асосии стратегии худ меҳисобад. Ба ин кишвар ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ворид мешаванд.

Skip to toolbar