fbpx

Ҳалокати ҷуфти ҷавон аз дуди ангишт дар ноҳияи Кушониён

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Марги ҷуфти ҷавон аз дуди ангишт дар Тоҷикистон
Акс аз интернет

Сӯхтор дар масҷиди шаҳри Ваҳдат. Сабаб: “расиши ноқили барқ”

Сабаби сӯхтор дар масҷиди “Чаҳор ёрон” – и шаҳри Ваҳдат “расиши ноқили барқ” гуфта мешавад. Масҷид субҳи рӯзи 23 – юми январ ба коми оташ рафтааст. Сулаймон Наҷмиддинов, мудири бахши танзими шаҳри Ваҳдат дар ин бора хабар додааст.

Сӯхтори масҷид дар Ваҳдат

Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор соати 3 – и субҳи рӯзи 23 – юми январ ба амал омадааст. Кормандони хадамоти оташнишонии шаҳр онро ба зудӣ хомӯш кардаанд.

“Масҷиди ба номи “Чаҳор ёрон” яке аз масоҷиди панҷвақтаи шаҳри Ваҳдат аст. 200 намозгузор дар як вақт метавонист дар он намоз хонад. Бо сабаби расиши ноқилҳои барқ сӯхтор аз боми масҷид шурӯъ шуда, дару тирезаи онро сӯзонид ва дар натиҷа дохили масҷид ҳам оташ гирифт”, – шарҳ дод Сулаймон Наҷмиддинов.

Ба таъкиди ӯ дар пайи сӯхтор ҳеҷ нафар зарар надидааст. Вале то ҳол оқибати хисороти он муайян нашудааст.

Як сокини маҳаллӣ низ дар сӯҳбат бо “Азия плюс” ҳодисаро таъйид кардааст. Ба гуфтаи ӯ он шаб дар шаҳри Ваҳдат барқ буд.

Ин масҷиди дуюм аст, ки дар як ҳафтаи охир дар ба коми оташ меравад. Шаби 17 ба 18 – уми январ масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар шаҳри Ҳисор ҳам оташ гирифта буд.

Сабаби сӯхтори масҷид дар шаҳри Ҳисорро “истифодабарии фарши гарм” гуфта буданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 – уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст. Сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд.н боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.

Ҳалокати ҷуфти ҷавон аз дуди ангишт дар ноҳияи Кушониён

Дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳаммом аз дуди ангишт фавтиданд. Гуфта мешавад, зан ҳомиладор будааст.

Марг аз дуди ангишт

Ҳодисаи мазкур рӯзи 22 – юми январ рӯй додааст. Шарифбек Шоев 26 ва ҳамсараш Оишаи Саидқулзода 21 сол дошт.

Ба иттилои мақомот оила нав барпо шуда буд. Зани ҷавон дар батнаш тифл дошт.

Давлатбек Қувватзода, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Кушониён ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, ҷасади зану шавҳари ҷавонро наздиконашон ёфта, ба мақомот хабар додаанд.

Дар як ҳафтаи охир бори дуюм аст, ки марги зану шавҳар аз заҳролудшавӣ дар Хатлон сабт мешавад.

Рӯзи 20 – уми январ Шамсулло Маҳмадови 33 – сола ва ҳамсараш Дилхоҳ Маҳмадова аз ноҳияи Хуросон аз дуди ангишт заҳролуд шуда буданд. Шамсулло ва кӯдаки сесолааш дар хона фавтиданд. Ҳамсари ӯ Дилхоҳ Маҳмадова дар беморхонаи ноҳияи Хуросон даргузашт.

Мақомот сабаби марги се узви хонаводаро заҳролудшавӣ аз дуди ангишт гуфтанд.

Истифодаи ҳезуму ангишт дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон василаи асосии гарм кардани хона аст. Ҳар сол чанд нафар заҳролуд шуда, ба ҳалокат мерасанд.

Фарзанди Сайёра Дусаеваро аз Русия ба Тоҷикистон баргардониданд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия фарзанди ягонаи Сайёра Дусаеваро ба Тоҷикистон баргардонидааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон чанде пеш барои ҳимояи номуси хеш даст ба куштори ошпази тарабхонае дар Москва зад.

Сафорати Тоҷикистон дар ФР
Сафорати Тоҷикистон дар ФР

Ба иттилои Сафорат Абубакр Дусаеви 8 – сола бинобар бесарпаноҳ мондан рӯзи 24 – уми январ ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар ин кор Хадамоти консулгарии Сафорат мусоидат кардааст.

Манбаъ гуфт, ки ин ҳоло дар назди хешу табораш қарор дорад.

“Аз ҷониби Сафорат ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ноболиғи болозикр омода гардида, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табори наздикаш ба Ватан  мусоидат  карда шуд”, – гуфтанд аз Сафорат.

Сайёра Дусаева, зани ҷавони тоҷик барои куштори ошпази як қаҳвахона дар Москва гумонбар мешавад. Ӯ рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо” – и шаҳри Митишии вилояти Москва, аз ҷониби ошпази тарабхона мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад.

Зан маҷбур мешавад барои ҳимояи худ бо корд ба ҷисми марди ҳамлавар шавад. Мард баъдан ба ҳалокат мерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
3
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend