fbpx

Саргузашти муҳоҷирзани тоҷик, ки 15 сол боз дар Русия қарор дорад


4
422 shares, 4 points

Солҳои пеш аз Тоҷикистон одатан мардҳо барои дарёфти қути лоямут ва пешбурди зиндагии оила, ҳамчун муҳоҷири корӣ ба манотиқи гуногуни Русия мерафтанд. Аммо солҳои охир бо сабабҳои гуногун ба сафи муҳоҷирон, занон пайвастаанд. Занҳо дар муҳоҷират ба корҳои сахту сангин тоб меоранд. Инчунин масхараи мардуми рус ва ҳаммиллатони худро паси сар мекунанд, то барои фарзандон ва падару модари пири худ маблағи ночизе ирсол намоянд.  

Имрӯз тасмим гирифтем ба хонандагон, дар бораи муҳоҷирзани тоҷик, ки ба ҳама душвориҳои ғарибӣ мардонавор тоб оварду, назди касе сар хам накардааст қисса намоем.

Садоқат Абдуллоева, зодаи қишлоқи Сангистони ноҳияи Айнӣ буда, зиёда аз 15 сол мешавад, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ӯро низ, мисли ҳазорҳо ҳамватанонаш шароити зиндагӣ ва тангии рӯзгор маҷбур кард, то барои дарёфти маблағ ба Русия сафар кунад.

Орзуҳои амалӣ нашуда

Садоқат соҳиби се писар мебошад. Фарзанди калониаш соҳиби ҷойи кор буда, инчунин дар бахши магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Писарони хурдиаш ҳамроҳаш дар шаҳри Екатеринбург буда, фарзанди хурдиаш дар коллеҷи шаҳри мазкур таҳсил карда истодааст.  Ӯ худ таҳсил кардан мехост, вале оташи ҷанги шаҳрвандӣ нагузошт, ки ба донишгоҳ дохил шавад. Аз ин рӯ мехоҳад, ки фарзандонаш соҳиби маълумоти олӣ гарданд ва дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо намоянд.

“Баъд аз хатми мактаби миёна, барои давоми таҳсил ва такмил додани дониши худ хостам ба донишгоҳ дохил шавам, то дар оянда соҳиби касбу кор гардам. Аз сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва нотинҷ шудани вазъ, модарам барои идомаи таҳсил зид баромадад. Барои ба донишгоҳ дохил шудан, 4 сол тайёрӣ дидам, ҳуҷҷатҳоямро ҷамъ кардам, орзуи муаллима шуданро доштам, аммо афсӯс, ки орзуҳоям амалӣ нашуданд. Орзуҳои амалӣ нашудаи худро мехоҳам фарзандонам амалӣ намоянд”, – мегӯяд Садоқат.

Ин буд ки фарзанди калониашро бо азобу машаққатҳо хононд ва соҳиби маълумоти олӣ кард.

Роҳ ба сӯи муҳоҷират

Садоқатро бемории фарзанд маҷбур кард, то ба муҳоҷират равад, зеро барои муолиҷаи писараш маблағи калон лозим буд. Ӯ ба Русия ба назди шавҳараш рафт ва онҳо якҷо маблағро ҷамъ намуда, писарашонро муолиҷа карданд. Пас аз муолиҷа шароити зиндагиашон бад мешавад, имконинияти ба ватан баргаштанро надоштанд ва қарор мекунанд, то дар Русия бимонанд.

Шавҳараш низ ҷойи кори нағз надошт ва аз ӯҳдаи нигоҳубини оила намебаромад. Садоқат худ ба ҷустуҷӯи кор мебарояд. Дар ҷойе ҳамчун фаррош ба кор медарояд. Забони русиро намедонист, азоб мекашид, гиря мекард, ҳатто нафаре набуд, ки кӯдаки хурдсолашро нигоҳубин намояд. Вақти кор рафтан кӯдакашро ҳамроҳ мегирифт. То фарҷоми кори модар, фарзандаш дар майдончаи назди сехи қаннодӣ бозӣ мекард.

Ноумедӣ аз ҳамсар

Ба Садоқати муҳоҷирзан дар қатори мушкилоти дигар, азобу шиканҷаи шавҳар низ зам мешавад.  Бо вуҷуди будани ӯ дар хона шавҳараш мехоҳад, зани дигареро ба хона биёрад. Садоқат ба ин розӣ намешавад, вале шавҳар ба норозӣ буданаш аҳамият надода, дӯстдухтарашро ба хона меорад. Аз пушти дӯстдухтараш, доимо Садоқатро латту кӯб мекард. Рӯзе косаи сабри Садоқат лабрез шуда, аз хона мебарояд.

Гирифтани иҷора барояш мушкил буд, чун маблағи зиёде надошт, ки барои иҷорапулӣ диҳад. Ба хонаи бародараш, ки дар ҳамон шаҳр муҳоҷир буд, меравад ва онҷо 4 сол зиндагонӣ мекунад. Садоқат ҳама азобҳоро ба хотири фарзандонаш пушти сар кард, то онҳо бо шиками гурусна дар кӯча намонанд.

Ҳуҷҷатгузорӣ – мушкилии асосии муҳоҷирон

Дар Русия барои муҳоҷирон мушкили асосӣ, на ҷойи кор, дарёфти сарпаноҳ ва ё хӯрду хӯрок, балки ҳуҷҷатгузорӣ мебошад. Қисми зиёди дастмузди муҳоҷирон барои ҳуҷҷатгузорӣ ва хӯрду хӯрок сарф мешавад. Садоқат низ мисли дигар муҳоҷирон барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағи зиёд сарф кардаст. Ҳуҷҷатгузорӣ сол, то сол барои муҳоҷирон мушкил шуда истодааст. Муҳоҷирон ягона роҳи халосиро дар гирифтани шаҳрвандии Русия медонанд.

Садоқат пас аз тарки хонаи шавҳар, ҳамчун фаррош дар сехи қанодӣ ба кор медарояд. Онҷо ӯ бидуни истироҳат кор мекард, то харҷи рӯзгор ва ҳуҷҷатҳояшро бароварда, қисме аз онро хазина намояд. Дар як рӯз тани танҳо долонҳои як бинои 5 ошёнаро мешуст. Ин кор ба ӯ вазнинӣ мекунад ва вазъи саломатиаш бад мешавад. Корро тарк карда, ҳуҷҷатҳои лозимаро гирифта, дар як мағоза ҳамчун савдогар ба кор медарояд. Инак таи ду сол мешавад, ки бидуни рухсатӣ ва истироҳат он ҷо кор карда истодааст.

Муҳоҷирон дар доми фиреб

Бештари муҳоҷирон дар Русия ба доми фиреби қаллобон ва кормафармоён меафтанд. Ҳолатҳое мешавад, ки баъди анҷоми кор, корфармо музди меҳнаташонро намедиҳад. Садоқат Абдуллоева низ чанд маротиба ба доми фиреби корфармоён гирифтор шудааст. Вақте дар сехи қаннодӣ кор мекард, вазъи саломатиаш бад мешавад ва хост, ки барои табобат ба ватан баргардад. Аммо, бо шунидани ин директори қаннодӣ музди кориашро намедиҳад. Садоқат яке аз коргарони пешқадаму тоқатпазир буд, сари вақт вазифаашро ба анҷом мерасонид. Бинобар ин, корфармо намехост, ки Садоқат аз кор равад ва бо ҳар баҳонаву фиребу найранг аз додани музди кор даст мекашад.

“Директор ба ман гуфт, ки “ту бемор нестӣ, фақат кори дигар ёфтаӣ, аз ин рӯ, ман ба ту маош намедиҳам”. Чанд рӯз пас боз барои гирифтани маблағ рафтам. Ин дафъа маро чунон тела дода аз дар берун кард, ки ба замин афтида зарба хӯрдам. Ба ман гуфт, “маошатро ҳамон вақт мегирӣ, ки омада корро идома диҳӣ”. Ноумед шуда, бо чашми гирён ба хона баргаштам. Чунин ҳолату кор дар ҳаёти мо муҳиҷорон кам нестанд”, – нақл мекунад Садоқат

Ҳоли муҳоҷирони дар айёми пандемия

Пас аз хуруҷи коронавирус баъзе аз корхонаҳо баста шуданд, ки ин ба кори муҳоҷирон таъсири манфӣ расонид. Онҳо бекор дар хона мехобиданд, баъзеи онҳо тӯли се моҳ кор накарданд, қисми дигар ба бемории ҳамагир гирифтор шуданд.

Садоқат мегӯяд: “Вақте аз хона мебароем аз Худованд талаб мекунем, то моро сиҳату саломат ба хона биёрад. Ин вирус ҳоли муҳоҷиронро хеле бад кард. Ман дар мағозаи хӯрокворӣ кор мекунам, аз ин лиҳоз мағозаи моро набастанд, вале бештари муҳоҷирон карантинро дар хона гузарониданду  маош намегирифтанд, зиндагиашонро ба зӯр пеш мебурданд”.

Умед аз фарзандон

Писаронаш аллакай дар пешбурди зиндагӣ дастёри модар шудаанд. Ҳам мехонанд ва ҳам ба модар кӯмаки худро мерасонанд. Ӯ шукрона мекунад, ки фарзандонаш бузург шудаанду дастгири ӯ мебошанд. “Умеду хурсандии ҳаёти ман 3 фарзандам ҳастанд. Ҳеҷ гоҳ намегузорам, ки фарзандонам хор шаванд. Орзу дорам, ки хонаҳои дар ватан будаамро таъмир намуда, писари калониамро хонадор карда, набераҳоямро нигоҳубин намоям”, – мегӯяд Садоқат

Садоқат новобаста аз он, ки ними зиёди умри хешро бо азобу машаққат пушти сар кардааст, зани хушмуомилаву болидарӯ мебошад. Дар шаҳри ғарибӣ ҳангоми иду ҷашнҳо ба хонааш ҳамватанонашро даъват карда, якҷо бо онҳо хушию хурсандӣ мекунад.

Ба Ватан баргаштан маъное надорад, вале…

Садоқат тайи чанд сол мешавад, ки ба ватан наомадааст ва мехост, ки моҳи март ба Тоҷикистон баргардад. Бо сабаби пайдо шудани бемории коронавирус ва баста шудани марзҳо натавонист ба ватан баргардад.

“Ба ватан баргаштан дигар бароям он қадар маъное надорад. Онҷо барои мо кор нест, дар деҳот зиндагӣ кардан мушкил. Дар Русия низ зиндагӣ осон нест, лекин соҳиби ҷойи кору маош ҳастем ва имконияти каму беш зиндагиро пеш бурданро дорем. Вале ман пазмони ватану дидори оилаамон шудам. Худо кунад, ки вазъият тинҷ шавад ва ин беморӣ аз байн равад, то мо муҳоҷирон тавонем, бе мушкилӣ ба аёдати фарзандон, падару модар ва ёру дустон равем”, – мегӯяд Садоқат.

Маблағи муҳоҷиронро бесарфа накунед

Садоқат ба занҳои тоҷик, ки шавҳаронашон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд гуфтанист, ки маблағҳои кор мекардаи онҳоро бесарфа накунанд. Чун онҳо бо азобу машаққатҳои зиёд маблағ ба даст меоранд.

“Занҳои тоҷик бояд донанд, ки муҳоҷирон дар шароити вазнин кору фаъолият мекунанд. Онҳоро дарк кунанд, фикр накунанд, ки маблағеро, ки ба оилашон равон мекунанд, ба осонӣ ба даст омадааст. Мо инҷо ҳастем мебинем, ки барои пешбурди зиндагӣ онҳо чӣ азобу машаққатҳоро мекашанд”, – мегӯяд Садоқат

Ситора Сафарова, барои YOUR.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

4
422 shares, 4 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend