Сар аз 20 – уми июн Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳоро тавассути роҳи оҳан, барқарор мекунанд

Тоҷикистонро ба сегонаи кишварҳои бештар ба пули муҳоҷирон вобастаи ҷаҳон шомил карданд

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ кишварҳои ҷаҳонро вобаста ба таносуби бештари вуруди пули шахсони воқеӣ нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2021 муайян карданд.

Дар сгонаи пешсафон дар баробари Лубнон (54%) ва Тонга (44%) Тоҷикистон ҳам (34,5%) қарор дорад, гуфта мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират – “Муҳоҷират ва рушд”.

Дар паҳнои пасошӯравӣ баъди Тоҷикистон аз лиҳози аҳаммияти интиқоли пул барои иқтисод Қирғизистон қарор дорад, ки ҳаҷми вуруди чунин маблағҳо дар соли гузашта қариб ба 33% нисбат ММД баробар шудааст.

Дар идома Молдова (15,2%) Гурҷистон (14,1%), Ӯзбекистон (13,3%) ва Арманистон (11,6%) ҷойгир шудаанд.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3 млрд долларро ташкил дод.

Ҷолиб аст, ки ҳиссаи интиқоли пул аз Русия тайи солҳои ахир ба таври назаррас коҳиш ёфта, дар соли 2021 ҳамагӣ 58%-ро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки то нимаи солҳои баъди 2010-ум ҳиссаи вуруди пул аз Русия дар ҳаҷми умумии чунин интиқолҳо беш аз 90%-ро ташкил медод.

Муаллифони гузориш таваҷҷуҳро ба он ҷалб мекунанд, ки интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2021 аз ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва хидматгузории ҷумҳурӣ беш аз ду баробар зиёдтар буд.

То 24 феврал – замон оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ афзоиши интиқоли маблағро ба Тоҷикистон дар соли 2022 дар сатҳи 2% пешгӯӣ карда буданд.

Аммо бо назардошти вазъият дар Украина, пешгӯии онҳо ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфта, мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба миқдори 22% нисбат ба соли пешин коҳиш меёбад. Сабаби чунин ҳолат ба камшавии фаъолмандии иқтисодӣ дар Русия ва поинравии қурби доллар нисбати рубл маънидод мешавад.

Ташаббуси эҳёи иртиботи роҳи оҳани миёни кишварҳо дар дидор бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон дар Тошканд дар авоили моҳи июн аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълом шуда буд.

Сар аз 20 – уми июн Тоҷикистону Ӯзбекистон хатсайрҳои қаторавиро барқарор мекунанд

20 – уми июн Ӯзбекистон аввалин хатсайри худро оғоз мекунад. Поезди раками 301/302 аз Тошканд ба Душанбе омада, рӯзи 21 бармегардад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Роҳи оҳани Узбакистон – ҶСК «Ӯзбекистон темир йӯллари», қатораи рақами 301/302 21 соат ҳаракат мекунад, дарозии масири Тошканд-Душанбе 916 километрро ташкил медиҳад. Нархи роҳкиро аз 381,4 ҳазор сӯм (ҳудуди 35 доллар) оғоз шуда, қимати он вобаста ба замони хариди чипта фарқ мекунад.

Чиптаҳоро аз хазинаҳои роҳи оҳани ҳрду кишвар харидан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки дар авохири солҳои 90-ум Ӯзбекистон иртиботи роҳи оҳанро баста, танҳо транзити қатораҳои Тоҷикистонро тавассути қаламрави худ иҷоза дода буд.

ВКД Қирғизистон: “Корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шуд”

ВКД Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар ҷараёни амалҳои фаврӣ корманди ВКД Тоҷикистон барои интиқоли маводи нашъаовар боздошт шудааст. Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшуда узви гуруҳи нашъаҷаллоб буда, ӯро кормандони Хадамоти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт кардаанд.

Хадамоти матбуоти ВКД Қирғизистон рӯзи 15 июн хабар дод, ки нашъаҷаллобон ба транзит ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва сипас ба Қазоқистон машғул будаанд.

“Онҳо чораҳои махфиро риоя карда, аз таълими махсус гузаштаанд. Муяссар шуд, ки бахшҳои тоҷикиву қирғизӣ ва қазоқии ин гуруҳи ҷиноятпешаро пайгир шавем, инчунин роҳбари гуруҳи нашъаҷаллоб низ муайян карда шуд”, – зикр мегардад дар хабари ВКД Қирғизистон.

Бино ба маълумоти ин ниҳоди Қирғизистон, амалиёти мазкур муддати як сол давом кардааст.

“Тӯли ин муддат созмондиҳандаи гуруҳ шаҳрванди Тоҷикистон О.А., таваллудаш соли 1960 ва узви гуруҳ – сержанти калони милитсия И.М., таваллудаш соли 1982 боздошт шуда, дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-1 нигаҳдорӣ мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар гуфта намешавад, ки боздошт кай ва дар куҷо сурат гирифта, чаро боздоштшуда бо либоси корӣ (ӯ либоси корманди БДА-ро дар бар дорад – Эзоҳи идора) дар қаламрави Қирғизистон аст.

Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон 33 килову 241 грамм маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки 11 килову 299 грамми он афюн ва 21 килову 942 граммаш ҳашиш мебошад.

Дар ҳамин ҳол, дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” маълумоти боздошти корманди худро рад карданд.

«Ин ягон асос надорад.  Агар ин ҳақиқат мебуд, мо худамон ин маълумотро дар сомонаи худ нашр мекардем», – гуфтанд дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки «онҳо маълумотро санҷида истодаанд».

Имзои қарордодҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон

Дар Теҳрон форуми муштараки сайёҳии Тоҷикистону Эрон баргузор шуд. Он бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон бо шарикии Вазорати мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандии Эрон созмон дода шуд.

Дар кори форум роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ҳар ду кишвар, намояндагони иттиҳодияҳо, намоишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози кори форум сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибат байни Тоҷикистону Эрон дар пасманзари сафари расмии чанде пеши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон (29-30 майи соли 2022) маълумот дод.

Зикр шуд, ки имзои санадҳои дуҷониба дар доираи сафар барои таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Барои возеҳу равшан нишон додани мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аксу наворҳо намоиш дода шуда, имкони сайёҳии кишварро дар ҷумҳурӣ роҳбарони ширкатҳои сайёҳии «Ориёнт Тур», «Расул Тур», «Рафтем» ва «Хидматрасонии сайёҳӣ» муаррифӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори форум байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Эрон қарордодҳо дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз 10 сафири тозатаъин эътимоднома қабул кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз 10 нафар сафирони нави кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул кард.

Гуфта мешавад, сафирони Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин, Ҷумҳурии Қазоқистон – Туреханов Валихан, Қирғизистон – Абдилдаев Эрлан, Маҷористон – Рона Отта Иван, Испания – Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегро, Индонезия – Моҳаммад Фаҷрол Раҳман, Таиланд – Чатчаван Сакорсин, Марокаш – Муҳаммад Рашид Маанин, Бразилия – Олинсо Виейра ва Доминикан – Франк Ҳанс Данненберг Кастелянос эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш ба призиденти Тоҷикистон тақдим карданд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо талошу фаъолияти самарабахши худ ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

“Тоҷикистон тайи давраи соҳибистоқлолии хеш сиёсати усулии барпо намудан ва пешбурди робитаҳои ҳасанаи гуногунҷанбаи судмандро бо кишварҳои хориҷии минтақаҳои гуногуни олам амалӣ менамояд”, – таъкид дошт президент.

Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва масъалаҳои муҳимми ҳалли мушкилоти глобалии обу иқлим андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки кишварҳои мо оид ба аксари масъалаҳои доғи рӯз ва марбут ба мушкилоти умдаи глобалӣ мавқеи монанд ё ба ҳам наздик дошта, барои дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба кушишҳои муштарак анҷом медиҳанд.

Skip to toolbar