Масҷиди нав дар Душанбе

Санаи дақиқи Иди Рамазон эълон карда шуд

Охирин рӯзи моҳи шарифи Рамазон 9 апрел ва Иди Фитр 10 апрел муайян шуд. Намози ид дар ҳама масҷидҳои ҷомеъи кишвар соати 6:30 баргузор мешавад.

Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ дод.

Ин тасмим дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Маркази исломӣ имрӯз, 4-уми апрел гирифта шудааст ва пагоҳ зимни баргузории намози ҷумъа дар тамоми масҷидҳо эълон карда мешавад.

Имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намуда, худашон дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Skip to toolbar