Намоишгоҳи Викэнд Артивизм дар Душанбе

“Самимияти нав”. Дар Душанбе намоишгоҳи серӯзаи эҷодкорон баргузор гардид

Давоми 3 рӯз, аз 22 то 24-уми сентябр дар назди Театри академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ дар чаҳорчӯбаи платформаи “Weekend of Artivism” рассомон ва аксбардорон офаридаҳои худро ба намоиш гузоштанд. Ҳадаф аз ин намоишгоҳи серӯза ба тамошобинон пешкаш кардани назари наве буд, ки фардо санъати муосир чӣ гуна метавонад ҳамчун майдони муоширати ошкоро байни одамон ва сабаб барои муколамаи умумӣ бошад.

Парвиз Саидов яке аташкилкунандагони чорабинӣ мегӯяд маркази эҷодии мазкур бо ин гуна равиш дар кишварҳои ҳамсоя – Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон таҷриба шуда буданд. Аммо дар Тоҷикистон набуд.

“Ҳама чорабиниҳое, ки баргузор мешаванд, аз ҷумла намоишгоҳҳо дар мо парокандаанд. Маркази эҷодӣ маҳз барои таъсиси фазои ҳамбастагии эҷодкорон ташкил шуд. Мо дар ин ҷо рассомон, аксбардорон, ҳунармандони театр, кино ва дигар эҷодкоронро ба ҳам овардем”,- қайд намуд ӯ.

Намоишгоҳ, ки рӯзҳои охири ҳафта баргузор шуд, таваҷҷуҳи дӯстдорони санъатро ба худ ҷалб кард. Фазои идона бо садои мусиқӣ ба ин чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

“Мо ин чорабиниро дар доираи платфорами “Weekend Artivism” ташкил кардем. Ин платформа соли 2021 таъсис ёфтааст. Чорабинии имсолаи мо “Самимияти нав” унвон гирифт. Ин дуюмин намоишгоҳи мост. Ба он тайёрии ҷиддӣ дидем.

Чи тавре мебинед, ин ҷо ҳам маҳсули дасти рассомони ҷавон ва ҳам таҷрибадор ҳаст. Намоишгоҳро асари 15 рассом ба мисли Фаррух Неъматзода, Далер Михтоҷов, Мақсуд Мирмуҳаммадов, Баҳром Исматов, Илёс Мамадҷонов, Шаҳзод Шоев, Ҳусноро Ҷураева, Виолета Минибаева ва дигарон ҷило мебахшад”,- шарҳ дод Парвиз Саидов.

Дарвоқеъ, рангҳои гуногун ва тарзу равияҳои гуногуне, рассомон ҳангоми офаридани асари худ аз он истифода бурдаанд, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард.

Тамошобинон мисли санъатшиносони асилу нуктасанҷ дар назди ҳар як тасвир истода, дурудароз зеҳн монда, онро тамошо мекарданд, навиштаҷоти зерашро мехонданд ва бо дӯст ёё ҳамкори худ баҳс мекарданд. Баъзеи онҳо ҳатто худи муаллифи асарро ба баҳс ҳамроҳ мекарданд.

Баҳром Исматов, яке аз рассомони машҳури тоҷик ба ин намоишгоҳ як асари сегона, як асари дугона ва ду асари дигар – дар маҷмуъ 7 асари худро оварда буд.

Ӯ мегӯяд, тӯли се рӯз чорабинӣ як базмеро мемонд, базми бегоҳирӯзии оромибахш.

“Тарзи ташкили он фарқ мекунад ва ин бинандагонро хушҳол месозад. Дар фазои кушод, зери садои мусиқӣ, асарҳои гуногунранг, дидору суҳбати дӯстон фикр мекунам ба ҳама писанд меояд”,- афзуд рассом.

Аз асари рассом маънии аслии онро гирифтан ниҳоят душвор аст. Баъзан лозим мешавад онро худи рассом нақл кунад. Ин ҷо асарҳо дар равияҳои гуногун ҳастанд, вале ҳамаи онҳо бо як мақсад гирд омадаанд – барои ифодаи постмодерн.

Баҳром Исматов асарҳои ба намоишгоҳ овардаашро як-як ном бурда, мазмуни чанде аз онҳоро шарҳ дод.

“Яке аз асарҳои ман, ки “Суфӣ” ном дорад, бо равияи постмодерн офарида шудааст. Ман кӯшиш кардам онро ба як тарзи нав нишон диҳам. Асари дигарам “Исход” ном дорад, ки дар он зан ҷомаи тоҷикӣ дар бадан, дар як дасташ қафас ва дар даруни он анор тасвир шудааст. Ин ҳам дар равияи постмодерн аст ва маънии тасвир бисёр чуқур аст.

Қафаси дар дасти зан буда, маънои ҳомиладории ӯро дорад, анор маънои ҳам меваи биҳиштӣ ва ҳам фарзандро дорад, ҷомаи мардонаи дар тани зан буда маънои онро дорад, ки аз паси зан инсоне меистад, ки ҳамеша ӯро ҳифзу нигоҳубин мекунад, офтоб бошад, дар ин ҷо рамзи равшаниву фаровониву хушбахтист”,- шарҳ дод рассом.

Ҳамин тариқ, давоми рӯзҳое, ки намоишгоҳ баргузор гардид, дӯстдорони санъат ва ҳаваскорон имкон пайдо карданд, ки берун аз соати корӣ худро дар фазои орому руҳбахш эҳсос намоянд. Дар баробари ин фикру андешаҳои гуногуне, ки доштанд, тавонистанд бо ҳам мубодила намоянд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО амалӣ гардид.

Skip to toolbar