Сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд субҳи имрӯз, 29 – уми март оғоз шуд. Ӯ дар ифтитоҳи ду фабрикаи парандапарварӣ дар шаҳри Гулистон иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Дар фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Ганҷи Сомон», ки иқтидори солонааш то 500 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад, 4 иншооти парандапарварӣ бо усули бройлерӣ мавҷуд аст, гуфта мешавад дар гузориш.
Барои таъмини корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири соҳа зиёда аз 2 миллион сомонӣ сармояи смустақими соҳибкорӣ харҷ шудааст. Дар фабрика 50 ҳазор сар парранда парвариш мешавад. 20 нафар бо маоши миёнаи 1500 сомонӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Фабрикаи дигар – «Мурғи бебаҳо» бо иқтидори солонаи 300 тонна гӯшти мурғ ба фаъолият оғоз кард. Он 12 нафар сокинони Гулистонро бо кор таъмин мекунад. Дар шафати корхона сардхона барои нигоҳ доштани 3000 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва гӯшт пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, он ягона дар ҳудуди шаҳр ба ҳисоб меравад. Президент дастур дод, ки шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ зиёд карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон чор рӯз дар Суғд хоҳад буд. Ӯ дар таҷлили ҷашни Наврӯз ширкат хоҳад кард. Ба ин сабаб дар роҳҳои вилоят маҳдудияти ҳаракати нақлиёт ҷорӣ мешавад.