Сабадҳои меҳр. Чӣ тавр зани тоҷик ҳунари аҷдодиашро ҳифз мекунад

Сабадбофӣ яке аз ҳунарҳои қадимӣ дар Тоҷикистон аст. Ҳоло сабадҳоро на танҳо аз шохаҳои дарахтон, балки аз коғазу қуттиҳои пластикӣ низ омода месозанд. Айни замон нафароне, ки идомадиҳандаи ин касбӣ бобоӣ бошанд, ангуштшуморанд. Қаҳрамони мо Шаҳодат Ҳомидова барои аз байн нарафтани ҳунарии аҷдодиаш тамоми кӯшишу талошҳояшро ба харҷ дода, ҷавононро ба омӯзиш фаро гирифтааст.

Шаҳодат – хола сокини рустои Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ӯ аз рӯзе ки худро мешиносад, бӯйи навдаҳои тари анору сафедор ва биҳиву бед дар машомаш аст. Аз қадим ба ин касб бибии Шаҳодат – хола машғул будааст. Сипас ин касбро модараш ва пасон худаш ба мерос мегиранду намегузоранд, ки мероси аҷдодиашон аз миён равад.

Акс аз Спутник Тоҷикистон

“Бибиам доим ба модарам таъкид мекарданд, ки ҳунари аҷдодиамонро бояд ба фарзандонаш омӯзонад. Вале модарам моро боре ҳам маҷуб намекарданд, ки маҳз ҳамин ҳунарро аз худ кунем. Ман худам бо завқи кӯдакона, рафта дар паҳлӯи модарам менишастам. Ин бароям як кори муқаррарӣ буд, фикр мекардам, ки бояд ҳар як зан аз ӯҳдаи бофтани сабад барояд”, – мегӯяд, Шаҳодат – хола.

“Якумин сабадро дар 7 солагиам бофтаам”

Вақте ки Шаҳодат – хола сабади аввалини худро мебофад, он пас аз чанд лаҳзае кушода мешавад. Қаҳрамони мо рӯҳафтода мешавад, вале модараш ӯро тассало дода нозукиҳои корро мефаҳмонад. Он замон холаи Шаҳодат ҳамаги 7 сол доштааст.

Муаллифи акс Нушервон Ашӯров

“Аввалин маротиба вақте ман паҳлӯи модарам нишаста як сабади хӯрдакаке бофтам, он пас аз чанд лаҳза кушода шуд. Ман рӯҳафтода шудаму ба модарам гуфтам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба ин кор машғул намешавам, модарам хандиданду маро ба оғӯш кашиданд. Ҳозир ман ба ту сири корро мефаҳмонам, гуфтанд.

Он кас навдаҳои биҳиро гирифта дар офтоб тунук карданд ва гуфтанд, ки пагоҳ вақте ин навдаҳо хушк шаванд, мо аз онҳо сабад мебофем. Субҳи барвақт хестаму ба бофтани сабад машғул шудам. Ин дафъа корам омад кард. Чунон шод шудам, ки сабади бофтаамро гирифта ба чор тарафи ҳавлиамон медавидам”, – ба хотир меорад, Шаҳодат Ҳомидова.

Бо гузашти солҳо Шаҳодат – хола яке аз сабадбофони моҳир шуд. Ҳоло сфарзандонаш низ ҳунари сабадбофиро аз худ намудаанд. Дар тамоми фестивалу озмунҳои ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти бофтаи Шаҳодат – холаро вохӯрдан мумкин.

Зиёда аз 300 шогирд тарбия кардам

То имрӯз Шаҳодат – хола зиёда аз 300 шогирд тарбият намудааст, ки қисми зиёди онҳо аз ҳисоби ҳунарашон рӯз мегузаронанд. Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ба духтар маълумоти олӣ дода натавонӣ, ҳади ақал ҳунар омӯзон.

“Ман аввалан кӯшиш мекунам, ки касби аҷдодӣ гум нашавад. Баъдан соҳибҳунарӣ ба фоидаи ҳар як инсон аст. Хусусан духтаронро, ки бисёрии волидайн намехоҳанд ба донишгоҳ дохил кунанд, додани ҳунар беҳтарин роҳ аст. Ҳоло шогирдони ман дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Деваштич ва Айнӣ сабадбофҳои моҳиранд”, – мегӯяд, Шаҳодат-хола.

Муаллифи акс Нушервон Ашӯров

“Оилаи моро ҳунар аз гуруснагии ҷанг раҳонида буд”

Қаҳрамони мо ба синни мубораки шаст қадам ниҳодаасту, пастиву баландиҳои зиёдеро дар зиндагӣ дидааст, ӯ ва оилаашро ҳунар аз гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наҷот додааст.

“Он замон зиндагии тамоми мардуми Тоҷикистон мушкил буд. Мардум нони хӯрдан намеёфтанд. Ман кӯшиш мекардам, ки фарзандонам гурусна намонанд. Сабад мебофтам бар ивазаш харидорон орд, нон, равған ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ медоданд”, – нақл мекунад, Шаҳодат – хола.

Муаллифи акс Нушервон Ашӯров

Айни ҳол Шаҳодатхола бо келину наберагонаш зиндагӣ мекунанд. Набераи хӯрдсоли ӯ ки ҳамагӣ 8 сол дорад, аз ӯҳдаи сабадбофӣ мебарояд. Онҳо маҳсулоти сабадбофиро ки асосан навдаҳои дарахтонанд, дар ҳавлиашон парвариш мекунанд. Аз навдаи дарахтони мувофиқ Шаҳодат Ҳомидова бо пайвандонаш, сабадҳо барои нон, сабзавот, меваҷот, кузаҳои ороишӣ, ва инчунин сабадҳо барои гузоштани туҳфаҳои гунонгун, ки айни замон дар ҳама ҷой маъмуланд, омода месозанд.

“Барои бофтани як сабади ҳаҷмаш калон, яъне сабад барои нону меваҷот, ман як рӯзи пурраро сарф мекунам. Ҳоло талабот бештар ба сабадҳо барои нону тӯҳфа зиёдтар аст. Аз ин рӯ вақте ягон дархост набошад, чунин сабадҳоро бофта захира мекунем”, – мегӯяд Шаҳодат Ҳомидова.

Нархи сабадҳо арзон, вале сифаташон хуб

Сабадҳои холаи Шаҳодат нархи гарон надоранд, вале сифаташон олист. Як сабаби таваҷҷӯҳи мизоҷон ба сабадҳои дастбоф низ дар ҳамин аст, инчунин онҳо аз ҷиҳати экологӣ тозаанду ҳаворо хуб мегузаронанд. Аз ин рӯ барои вайрон нашудани сабзавоту мева мусоидат мекунанд. Ҳамчунин сабадҳои дастбоф нигоҳубини хосро талаб намекунанд.

Муаллифи акс Нушервон Ашӯров

“Сабадҳои дастбоф эҳтиёти хосаро талаб намекунанд, кофи аст ки чанги онро бо латаи хушк ё тари бе пашм тоза карда истифода кунӣ. Агар дар сабад шираи мева ё сабзавот часпида бошад, метавон онро бо моеъи зарфшӯи шӯста, дар офтоб хушк намуд ва пасон истифода бурд. Баъзан ҳамсояву муштариёни доимиам сабадҳои чандинсолаи рангпаридаашонро меоранд, ман онҳоро тоза мекунам ва ба онҳо маҳлули лак мемолам, мисли нав мешаванд”, – мегӯяд, сабадбофи моҳир Шаҳодат Ҳомидова.

Нушервон Ашӯров, хатмкардаи Академияи рӯзноманигорони навкори Your.tj

Skip to toolbar