Ҳодисаи сӯхтор

Сӯхтор дар Душанбе боиси марги се кӯдак шуд

Вазорати корҳои дохилӣ сӯхтори хонаеро дар Душанбе, ки боиси марги се кӯдак шуд, шарҳ дод. Тибқи иттилои ин ниҳод сӯхтор дар рӯзи 2-юми марти соли 2024 кӯчаи Хайрулло Мирзои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

“Мутаассифона дар натиҷаи ҳодисаи мазкур аз сабаби бе назорат гузоштани ноболиғон Узоқов Абдурасули 4-сола, Узоқова Зуҳрои 3-сола ва Узоқова Зайнаби 1-сола дар дохили хона, аз дуди ғализ заҳролуд гардида, ба ҳалокат расидаанд”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Акс: ВКД

Мақомот мегӯянд сабаби ҳодисаи мазкур “тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса ин бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”.

Ин дуюмин фоҷеа дар давоми ҳафтаи гузашта буд, ки дар шаҳри Душанбе рух дод. Дар маҳаллаи “Гравзавод”-и пойтахт шаш узви як хонавода – Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзанди хурдсолаш шаби 27 ба 28-уми феврал аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.

ВКД, инчунин аз ҳодисаи сӯхторе хабар медиҳад, ки шаби 3-юми март дар ноҳияи Ёвон рух додааст. Ба иттилои манбаъ як маркази савдо оташ гирифтааст.

Сӯхтор дар Ёвон. Акс: ВКД

Сӯхтор дар маркази савдои “Ҳамдилон”, воқеъ дар кӯчаи Раҷабали Раҷабови ноҳияи Ёвон ба амал омадааст.

“Сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасониро дар масоҳати 420 метри мураббаъ фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба миён омада буд”, – иттилоъ медиҳад ин ниҳод.

Сӯхторро кормандони хадамоти оташфишонӣ дар соати 23:55 ба пуррагӣ хомӯш кардаанд.

Мақомот мегӯянд, “сабаби ҳодисаи мазкур ва зарари он аз ҷониби гурӯҳи корӣ муайян карда мешавад”.

Skip to toolbar