Рустами Эмомалӣ ба сокинони Душанбе  6,8 млн. сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кард

Ҳукумат ба сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки хароҷотро камтар кунанд

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки аз хароҷоти дуюмдараҷаи маблағҳои буҷет худдори кунад, менависад Азия плюс.

“Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва бо дарназардошти иҷрои воқеии буҷети давлатӣ аз пешниҳоди дархостҳо оид ба маблағгузории иловагӣ қатъиян худдорӣ намоянд”, – омадааст дар қарори ҳукумат вобаста ба “вазифаҳо то охири соли 2022”.

Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, дар он ҳамчунин дар бораи “андешидани чораҳои зарурӣ дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ” сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт маблағгузорӣ намудани ҳама соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳо андешида шаванд.

Рустами Эмомалӣ ба сокинони Душанбе  6,8 млн. сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кард

Раиси шаҳри Душанбе супориш дод, ки барои кумаки якдафъаина ба 5 ҳазор нафар сокинони пойтахт аз буҷети шаҳр 6 млн 812 ҳазору 299 сомонӣ ҷудо карда шавад. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод шаҳрдории Душанбе хабар дод.

Кумаки мазкур ба чанде аз гуруҳҳои иҷтимоии шаҳрвандон расонида мешавад.

Аз ҷумла ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 169 ҳазор сомонӣ ва ба кормандони хадамоти коммуналии шаҳр – 4 млн 524 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо ба маблағи умумии 2 млн 119 ҳазору 299 сомонӣ кумак мегиранд.
Ёдрас мекунем, ки қарори дахлдор дар бораи ҷудо кардани кумакпулӣ пеш аз ҷашни 31-умин солагии  Истиқлоли давлатиии ҷумҳурӣ содир гардида буд.
Дар шаҳрдории пойтахт зикр карданд, ки кумак имрӯз, 8 сентябр ба дасти шахсони таъиншуда расонида мешавад.

Аҳмадшоҳ Масъуд. Пас аз 21 сол дар Лондон ёд карданд

Дар парлумони Британия аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд – қаҳрамони миллии Афғонистон, ки 21 сол қабл террор карда шуд, ёд карданд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Рӯзнома менависад, ки “маросими ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд 7-уми сентябр бо ибтикори ду вакили шотландии парлумони Британия – Элисон Тулис ва Патрик Гред доир гардид”.

Дар ҷараёни маросими ёдбуд ҳамчунин, филми кӯтоҳе аз набардҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Андароби вилояти Бағлон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмадшоҳ Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 дар ҳамлаи террористӣ, дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор кушта шуд.
Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони милии Афғонистон 2 сентябри соли 1953 дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки вилояти Панҷшер, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, дар оилаи полковник Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд шудааст.

Ӯ аз машҳуртарин қумандонҳои муҷоҳидини ҷанги Афғонистон бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Толибон* буд. Ҳоло ягона писари ӯ Аҳмад Масъуд бо ташкили Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар зидди Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, мубориза мебарад.

Иштироки муфтии Тоҷикистон дар ҳамоиши байнимазҳабӣ дар Алмато

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар Анҷумани VII-уми пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ, ки 14-15-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад, ширкат мекунад.
Дар ин бора аз Кумитаи дин, аънана ва ҷашну маросим хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар анҷумани байнимазҳабии Алмато, садҳо намоянда аз беш аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок ва суханронӣ мекунанд.

Расонаҳои қазоқӣ менависанд, ки интизор меравад дар ҳамоиш  Попи Рим Франсис, Имоми олии Ал-Азҳар Шайх Аҳмад ат-Тайиб ва дигар раҳбарони рӯҳонӣ ширкат кунанд.

“Гуфта мешавад, ки Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл ба Анҷумани VII пешвоёни динҳои ҷаҳонӣ ва анъанавӣ ба Қазоқистон намеравад”,- навиштаанд расонаҳои қазоқӣ.

Гуфта мешавад, ки пас аз ҷамъбасти анҷуман эъломияе қабул мешавад, ки мавқеъи ширкаткунандагони анҷуманро дар мавриди таҳкими равобити байни тамаддунҳо ва мазҳабҳо, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ инъикос мекунад.

Skip to toolbar