Рустами Эмомалӣ аз корҳои кардааш ба президент гузориш дод. Муҳимтарин хабарҳо рӯз

Дар Душанбе сохтмони 450 иншооти муосири иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ чараён дорад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 дар маҷлиси васеи ҳукумат ба президент гузориш дод.

Дар соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.

Шаҳрдори Душанбе таъкид кард, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад. Бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар Маскав масоили будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ карданд, хабар медиҳад маркази матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар.

Инчунин дар вохӯрӣ аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Тарафайн омодаги худро ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират иброз карданд.

Хонандаи тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Шодии Тошканд» ғолиб гардид

Хонандаи синфи 7-уми ноҳияи Ҷаббор Расулов Лайло Ёқубова ғолиби фестивали 8-уми байналмилалии “Шодии Тошканд” гардид, ки бо иштироки зиёда аз 2 ҳазор нафар тариқи фосилавӣ баргузор шуд.

Вай тасвирхои худро ба озмун дар мавзӯъҳои “Олами рангини кӯдакон”, “Ҷаҳоне, ки ман дар он сукунат дорам”, “Ватани ман” ва “Орзуи ман” пешкаш кардааст.

Аз соли 2004 инҷониб фестивали байналмилалии “Шодии Тошканд” аз ҷониби Академияи санъати Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ду сол як маротиба байни кӯдакони аз 5 то 15 сола гузаронида мешавад.

Мансурҷон Умаров: коронавирус дар зиндонҳои Тоҷикистон низ комилан нест шуд

Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ё ба истилоҳ зиндонҳо бемории коронавирус ба пуррагӣ нест гардидааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Мансурҷон Умаров хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, тӯли чанд моҳ мешавад, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва маҳбусон низ бо нишонаҳои беморӣ ба табибони муассиса муроҷиат накардаанд.

Умаров гуфт, ки дар ҳолати ба қайд гирифтани бемории мазкур иҷозати мулоқот бо наздикони маҳбусон дода намешуд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки баъди нест гардидан беморӣ, ба мулоқот, ки чанд моҳ наздикони маҳбусон ва худи онҳо  интизор буданд, расман иҷозат дода шуд.

Дар масҷидҳои кишвар омодагӣ барои огози намози дастаҷамъӣ идома дорад

Дар масҷидҳои кишвар омодагӣ барои аз саргирии намози дастаҷамъӣ аз 1 феврал идома дорад. Масҷидҳо ба харидории антисептикҳо, ниқобҳо ва термометрҳоро оғоз кардаанд. Мақомот аз ҳоло гаштаву баргашта ҳушдор медиҳанд, ки дар сурати риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ дари ибодатгоҳҳоро дигарбора мебанданд. Ба гуфтаи имоми яке аз масҷидхои  Душанбе, онҳо аз намозгузорон даъват кардаанд, ки бо пойафзоли изофӣ барои таҳорат ва дастмолҳои яккарата ба масҷид раванд. Инчунин бо худ чойнамозхои шахсӣ гиранд. Дар масҷидҳо намозгузорон даъват мекунанд, ки дар хонаҳои худ тахорат кунанд.

Зиндони хоси Тоҷикистон барои маҳкумшудагони терроризм фаъол мешавад

Дар Тоҷикистон  қабл аз ҷашни Наврӯз, маҳбусони муассисаи ислоҳии рақами 1-и пойтахт ба маҳбаси наве, ки барои маҳкумшудагон бар асоси ҷиноятҳои террористӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёд шудааст, интиқол дода мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурии Мансурҷон Умаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, «корҳои сохтмонӣ дар иншоот ба охир расиданд. Аммо боздоштгоҳи муваққатӣ ҳанӯз дар ҷои худ боқӣ мемонад ва дар ҷойи  бинои маҳбаси кӯҳна чӣ чизе сохта мешавад, маълум нест.

Skip to toolbar