fbpx

Панҷгоникҳоро аз таваллудхонаи Душанбе ҷавоб доданд. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ

Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик аз зиндон раҳо шуд

Далер Шарифов рӯзноманигори тоҷик, ки соли гузашта барои як сол равонаи зиндон шуда буд, аз зиндон раҳо шуд.

Ӯ субҳи барвақти имрӯз аз сӯйи маъмурини зиндон ба хона оварда шуд.

Далер дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки дар канори хонавода ҳаст ва бисёр эҳсоси хуш дорад.

“Ҳоло бо аҳли хонавода ва дӯстоне, ки ба хабаргирӣ омадаанд, суҳбат дорем. Чун дар ҳоли ҳозир ба ҳамин чиз бисёр ниёз дорам”, – гуфт ӯ.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Панҷгоникҳо аз таваллудхона рухсат шуда

Имрӯз, 29 анвар панҷгоникҳое, ки як моҳ қабл дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон” ба дунё омада буданд, сиҳатӣ аз таваллудхона рухсат дода шуданд.

Вазорати тандурустии кишвар саломатии модару кӯдаконро хуб арзёби кардаааст.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Маматова санаи 30 декабр дар таваллудхонаи Душанбе панҷгоник таваллуд кард: 3 духтар ва 2 писар. Таваллуди панҷгоник дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки сурат мегирад.

Яхбаста ва дар оғӯши ҳамдигар. Ҷасади падару писарро ёфтанд

Ҷасади Баён Салихови 45-сола, сокини деҳаи Зағертии Леваканд ва писараш Муҳтоҷиддини 14-соларо, ки ҳашт рӯз пеш ба ҷустуҷӯйи чорво ба кӯҳи Хоҷамастон рафта, бедарак шуда буданд, рӯзи 29-уми январ ёфтаанд.

Як сокини деҳаи Зағертӣ рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷасади падару писарро саҳарии имрӯз дар оғӯши ҳамдигар пайдо карданд”. Ӯ афзуд, зоҳиран баъд аз боридани барфу фаромадани туман (меғ) онҳо роҳро гум карда, аз сардӣ дар оғӯши ҳам ҷон бохтаанд.

Ҷасади сокини севуми деҳаи Зағертии Леваканд, Рустам Саидови 22-сола низ ёфт шудаст. Сокинони Зағертӣ, ки ба ҷустуҷӯйи ин се нафар ба кӯҳи Хоҷамастон рафта буданд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади Рустам Саидовро тақрибан 400 метр дуртар аз Баён Салихов ва писараш пайдо карданд.

Рустам Саидов дар остонаи издивоҷ қарор дошта, ният доштааст, дар фурсатҳои наздик тӯйи арӯсиашро барпо кунад. Ҳамдеҳагон мегӯянд, ӯ алакай бо духтаре фотеҳа шуда буд ва охирин занги телефоние, ки аз вай омадааст, ба номзадаш будааст.

Роҳкирои такси аз Суғд ба Душанбе хеле қимат шуд. IRS ин ҷо дахле надорад

Донишҷӯёне, ки ба таътили зимистона ба хонаҳояшон ба вилояти Суғд рафта буданд ва дигар мусофирон шикоят доранд, ки нархи роҳкирои таксиҳо хеле боло рафта, аз 120-130 сомонӣ то ба 170-200 сомонӣ боло рафтааст.

Донишҷӯ Азиз Ҳакимов, ки чанде пеш бо дӯстонаш аз шаҳри Исфара ба Душанбе омадааст, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки бо як душворие ронаднаро розӣ кунонидааст, ки бо 170 сомонӣ аз ҳар кадоме онҳоро то Душанбе расонад.

Яке аз ронандагони такси Муродҷон Самиев, ки ба мусофиркашонӣ дар ин самт машғул аст, изҳор намуд, ки вазъи душвор онҳоро ба ин кор маҷбур мекунад, зеро сӯзишвории дизелӣ барои мошин аз нархи 5,4-5,8 сомонӣ барои 1 литр айни замон бо арзиши то 7,2 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Ҷамшед, ронандаи дигар мегӯяд, дар фасли зимистон нархи мусофиркашҳои ин смат ҳамеша боло бурда мешавад, зеро роҳҳо ях баставу хатари тармафароӣ вуҷуд дорад ва хароҷоти мошин ҳам зиёд аст.

Пас аз болоравии нарх овозаҳое пайдо шуданд, ки гӯё ширкати масъули ин роҳ – IRS тарифҳои истифодаи зербинои роҳро дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд боло бурдааст, лекин дар худи ширкат ба “Азия-Плюс” ин овозаҳоро рад карда, изҳор доштанд, ки аз оғози фаъолият дар ин роҳ боре ҳам нархро боло набурдаанд.

Раиси Суғд ба аёдати осебдидагони таркиши гази Панҷакент рафтааст

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинони шаҳри Панҷакентро, ки бар асари таркиши балони гази моеъ ҷароҳат бардошта буданд, аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли беморон хабар гирифта, бо пайвандону наздикони онҳо суҳбат орост. Таъкид гардид, ки барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта беҳтарин мутахассисон сафарбар шуда, барои табобати беморон кӯмак расонида мешавад.

Боиси зикр аст, ки рӯзи 25 январи соли равон дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-157 бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омад, ки дар натиҷа 23 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштан

Деҳқонон мегӯянд, хуб аст, агар ваъдаи президент иҷро шавад

Бисёре аз кишоварзони тоҷик бекор кардани андоз ё молиёти ягонаи заминро муҳим медонанд, аммо мегӯянд, ин фурсат хеле кӯтоҳ аст. Таҳлилгарон мегӯянд, андози ягона аз замин маблағи чандон бузурге барои буҷаи кишвар нест ва кумаке ба кишоварзон аст, агар аз роҳҳои дигар ва иҷборан ситонида нашавад.

Ҳикматуллоҳ Солеҳов, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонӣ ва беш аз 7 гектар замин дорад. Дар се гектари он зироатҳои гармхонаӣ парвариш мекунад ва боқӣ барои шоликорӣ истифода мешавад.

Хабари дар соли 2021 озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин Ҳикматуллоҳ Солеҳов ва деҳқонони дигарро хушҳол кардаанд. Солеҳов акнун ният дорад, ин маблағро барои харидани дору сарф кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми январ дар паёми солонааш гуфт, имсол кишоварзонро аз андози ягонаи замин озод мекунанд ва ҳадаф аз ин тасмимро “дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ” шарҳ дод.

Таҳлилгарон мегӯянд, агар пардохт аз андози ягонаи замин на барои як сол, балки дастикам барои панҷ сол бекор карда мешуд, шояд дар танзими нархи маҳсулот ва афзоиши тавлидоти кишоварзӣ воқеан мусоидат мекард.

Соли 2020 дар Тоҷикистон дар сояи ҳамагирии коронавирус болоравии бесобиқаи нархҳо, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ ба мушоҳида расид, ки ба буҷаи хонаводаҳо зарбаи сангине ворид кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend