Русия зиёда аз 120 ҳазор муҳоҷирони тоҷикро авф кардааст

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода гуфт, ки Русия 120 ҳазору 590 шаҳрвандони Тоҷикистонро авф намудааст. Қаблан Русия наздики 230 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷикро аз ҳақи вуруд ба қаламрави худ маҳрум карда буд.

“Муҳоҷироне, ки шомили афв шуданд, танҳо онҳоеанд, ки вурудашон ба Русия манъ шуда буд. Ба шаҳрвандоне, ки бо қарори суд аз Русия ихроҷ гаштаанд, авфи мазкур дахл надорад”, – изҳор дошт, Амонзода, имрӯз 9 – уми феврал дар нишасти матбуотии вазорат.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки дар соли 2021, 150 ҳазор нафар муҳоҷирон дар Русия будубоши худро қонунӣ карданд, ки ин хавфи ихроҷи онҳоро аз ин кишвар бартараф намудааст.

Мувофиқи омори ин ниҳод дар соли сипаришуда 373 ҳазору 773 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд, ки аз ин шумора 352 ҳазору 385 нафар ба Русия ва 9089 нафари дигар ба Қазоқистон.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки дар соли 2021 150 ҳазор нафар муҳоҷирон ба ватан баргаштанд.

Вазир нагуфт, ки айни ҳол дар Русия чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва чӣ қадари онҳо аҳолии қобили меҳнат ҳастанд.

Омори пешниҳод кардаи вазорат бо омори ВКХ – и Русия мувофиқ нест. Русия омори муҳоҷирони тоҷикро 1 миллион нафар мегӯяд.

Малика Сафарзода

Skip to toolbar