Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар қаламрави Украина қарор доранд муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, “дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”.
“Бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”, – омадааст дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон.
Вазорат қайд кардааст, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.
Амалиёти ҷангӣ дар Украина кай оғоз шуд?
Президенти Русия Владимир Путин фармони амалиёти вижаи низомӣ барои ҳифзи Донбассро содир намуд. Дар ин бора ӯ субҳи имрӯз, 24 – уми феврал зимни як паёми изтирорӣ хабар дод, менависад хабаргузории ТАСС.
Путин изҳор дошт, ки Маскав барои “демилитаризатсия ва денатсификатсия”-и Украина талош хоҳад кард ва аз аз низомиёни украинӣ хост, ки силоҳҳои худро ба замин гузоранд, дар сурати кӯшиши мудохила ба ҳодисаҳои рухдодаистода аз вокуниши фаврӣ ҳушдор дод.
Ӯ гуфт, ки пас аз муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск тасмим гирифт, ки “амалиёти махсуси низомӣ” баргузор кунад.
“Ҳадафи он ҳимоят аз мардумест, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев таҳти таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд ва мо барои демилитаризатсия ва денатсификатсияи Украина талош хоҳем кард, ҳамчунин барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба муқобили аҳолии осоишта, аз ҷумла шаҳрвандони Русия ҷиноятхои сершумори хунин содир кардаанд”, – гуфтааст Путин дар муроҷиати телевизониаш.
Ба гуфтаи ӯ, Русия яке аз қудратмандтарин дорои яроқи ҳастаӣ дар сайёра боқӣ мемонад, аз ин рӯ ҳеҷ як таҷовузкори эҳтимолӣ набояд ба шикасти комили ӯ шубҳа дошта бошад.
“Ҳеҷ кас набояд шубҳа дошта бошад, ки ҳамлаи мустақим ба Русия ба шикаст ва оқибатҳои даҳшатноки таҷовузкори эҳтимолӣ оварда мерасонад”, – мегӯяд президенти Русия.
Ҳар касе кӯшиши ба мо халал расонидан кунад ё ин ки барои кишвари мо, ба мардуми мо таҳдид эҷод кунад, бояд бидонад, ки вокуниши Русия фаврӣ хоҳад буд ва он шуморо ба чунин оқибатҳое мерасонад, ки дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ надидаед. Мо барои ҳама гуна таҳаввулоти ҳодисаҳо омодаем. Дар ин замина тамоми қарорҳои зарурӣ гирифта шудаанд. Умедворам, ки маро мешунаванд” – гуфт президент.
Чанд лаҳза пас аз ин, хабарҳо дар бораи шунидани садои таркишҳо дар як қатор шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев ва Харков паҳн шуданд .
Қаблан, рӯзи 23 феврал мақомоти ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луҳанск ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо дархости кумак дар рафъи таҷовузи артиши Украина муроҷиат карда буданд. Қабл аз ин, Шӯрои Федератсия ба президенти Русия иҷоза дода буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Русияро дар Донбасс истифода барад.
Вазъи ҷангӣ дар Украина
Президенти Украина Владимир Зеленский пас аз оғози амалиёти густурдаи Русия дар кишвараш вазъи ҷангӣ эълон кард.
Зеленский гуфт, ки бо президенти Амрико Ҷо Байден суҳбати телефонӣ анҷом дода гуфтааст, ки “Русия ба зербунёдҳои низомӣ дар воҳидҳои марзбони Украина зарба задааст”.
Раиси ҷумҳури Украина ба мардуми кишвараш ҳудор дод, ки дар хонаҳояҳошон бимонанду ва наҳаросанд. Чун тамоми арсаи амният ва дифоии Украина кор мекунанд ва онҳо омодаи ҳама гуна вазъият дар кишвар ҳастанд.