fbpx

450 нафар ҷавонон барои адои хидмати пулакӣ беш аз 11 млн. сомонӣ пардохт намудаанд

Маблағи хидмати ҳарби дар соли 2022 26 ҳазору 880 ҳазор сомонӣ муқарар шудааст.


0

Дар Тоҷикистон пас аз тағйирот ба қонунДар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ  бори аввал 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ хидмати ҳарбии алтернативиро адо намуданд.

Ҳар сарбозе бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ таълимоти якмоҳаи ҳарбиро дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон (285 нафар) ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд (!64 нафар) адо намуда, дар ҳайати захираҳои даъватӣ савганди ҳарбӣ ёд кардаанд.

Шаҳрвандони синну соли даъват барои адои хидмати ҳарбии алтернативӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти худ муроҷиат намуда, пас аз пардохти маблағ дар “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб шудаанд.

Соли 2020 дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” тағйирот ворид гардид, ки мувофиқи он ҷавонони синни даъват метавонанд бо пардохти 420 нишондиданда барои ҳисобҳо ва гузаштани таълимоти якмоҳаи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2021 60 сомониро ташкил медод. Дар соли 2022 он 64 сомонӣ муқарар гардид.

“Қобили зикр аст, ки баъди дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, ин сарбозон аз аввалинҳое мебошанд, ки дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ, ки ҳатмӣ мебошад, Савганди ҳарбӣ ёд намуданд ва бо гирифтаи билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ хизматро ба анҷом расониданд”, – менависад сомонаи расмии вазорати мудофиа.

Ҷовид Пирзода ҳуқуқшиноси вазорати мудофиа гуфтааст, маблағе, ки барои хизмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа гузаронида мешавад, он пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад.

Ба гуфти ӯ маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада танҳо дар ду ҳолат: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавтидан ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ, баргардонида мешавад.

Гуфта мешавад, қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

Тибқи тағйиру иловаҳо, ба қонун қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”  минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян дар соли 2022 он 26 щазору 880 сомонӣ муқарар шудааст ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Ҳамчунин, хатмкардагони мактабҳои олӣ низ дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Тибқи тағйиротҳо бо киҳо ба хизмати ҳарбӣ мераванд? дар ин ҷо бихонед


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend