Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонуниро сахттар мекунанд.
Вакилони Думаи давлатии Русия ҷазоро барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сахттар карданд. Акнун барои ин то 15 сол зиндон ва аз 3 то 5 миллион рубл ҷарима муқаррар карда шуд, хабар медиҳад бахши русии Би-би-си.
Қонуни нав инчунин ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро ба категорияи ҷиноятҳои махсусан вазнин дохил мекунад, агар он аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё “бо мақсади анҷом додани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин” содир карда шавад.
Ба моддаи “Ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ”, инчунин бандҳои барои ҷиноят бо истифода аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё истифодаи интернет илова карда шуд. Барои чунин ҷиноят аз ҷазои 5 то 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар гардидааст.
Илова бар ин, содир кардани ҷиноят аз ҷониби муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳамчун ҳолати вазнинкунанда дониста мешавад.
Барои бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои истиқомат ҷазо аз се то панҷ соли зиндон зиёд карда шуд. Сомонаҳое, ки хидматрасониҳои ғайриқонуниро дар соҳаи муҳоҷират пешниҳод мекунанд, метавонанд бидуни қарори суд баста шаванд.
Пас аз ҳамлаи террористии 22 март ба “Крокус Сити Холл” дар Федератсияи Русия сахтгирӣ дар сиёсати муҳоҷират оғоз ёфт. Дар ин ҳамла 145 нафар кушта ва беш аз 550 нафар захмӣ шуданд.
Гумонбарони парванда шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд, ки ин мавҷи рӯҳияи муҳоҷирбадбиниро дар ҷомеаи Русия ба вуҷуд овард.