fbpx

Русия аз Тоҷикистон ва Толибон даъват кард, то бо ҳам мусолиҳа кунанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Акс аз сомонаи РБК

Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар солҳои наздик ҳудуди 4,8 млрд сомонӣ маблағгузорӣ ваъда кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябр дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ дар чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҳудуди вилоят то имрӯз 743 иншоот ба маблағи умумии 927 млн сомонӣ ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.

Зимни суханронӣ президент таъкид дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се млрд 300 млн сомонӣ идома дорад.

Зикр шуд, ки дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025 амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишвар имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 паст карда шавад.

Мусолиҳа кунед: Даъвати Русия аз Тоҷикистону Афғонистон

Русия аз Тоҷикистон ва Афғонистон даъват намудааст, ки имконоти мутақобили ҳалли вазъро ҷустуҷӯ кунанд, изҳор дошт Алексей Зайтсев, муовини мудири Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.

“Мо бо нигаронӣ афзоиши танишҳо дар равобити Афғонистон ва Тоҷикистонро дар пасманзари изҳороти сахти мутақобилаи раҳбарони ду кишвар мушоҳида мекунем”, – афзудааст ӯ.

Вай афзуд, Маскав аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст.

“Мо аз Душанбе ва Кобул даъват мекунем, ки имконоти барои ҳар ду ҷониб қобили қабулро барои ҳалли вазъи кунунӣ ҷустуҷӯ кунанд”, – тавзеҳ додаастнамояндаи ВУХ Русия.

Қарз аз музди меҳнат ба сатҳи то пандемия баргашт

Қарзи умумӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 47,7 млн сомонӣ (4,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Нисбат ба аввали соли ҷорӣ, ки қарз аз пардохти маош дар ҷумҳурӣ ба 85 млн сомонӣ (7,5 млн доллар) мерасид, ин нишондиҳанда 44% камтар аст.

Соли гузашта пас аз паҳншавии COVID-19 афзоиши қарзи корфармоҳо назди коргарони кироя аз 46,2 млн сомонӣ дар аввали соли 2020 то ба 85 млн сомонӣ дар охири сол расида буд.

Тамоили коҳиши ҳаҷми қарз аз маош аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, айни замон қариб дар сатҳи то пандемия қарор дорад.

Қарзи нисбатан зиёдтар аз пардохти маош дар соҳаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок – 14,4 млн сомонӣ (30,2% аз ҳаҷми умумӣ), саноати коркард – 12,4 млн сомонӣ (26,0%) ва сохтмон – 6,8 млн сомонӣ (14,2%) ба қайд гирифта шудааст.

Тақдими ҷоизаи 20 ҳазор долларӣ ба Сайрам Исоева дар Тошканд

Ҳунарманди овозадори тоҷик Сайрам Исоева дар қатори ҳунармандони машҳур Раҷ Капур, Никита Михалков, Нури Билге Ҷейлан ва Айтурган Темирова дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо ҷоизаи 20 ҳазор долларӣ қадршиносӣ шудааст

Ҷашновораи синамобазми байналмилалии “Дурдонаи шоҳроҳи Абрешим” таҳти шиори “Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт” дар шаҳри Тошканд ин ҳунармандонро аз кишварҳои Тоҷикистон, Ҳиндустону Русия ва Туркияву Қирғизистон гирди ҳам овард.

Масъулони ҷашнвораи мазкур ба ин гурӯҳи ҳунармандон барои саҳми назаррас дар рушди театр ва кино бо ҷоизаи махсус, ки иборат аз диплом бо ангораи тиллоӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 20 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим намудаанд.

Мирзоаҳмади Мирзоумар, ҳунарманди Театри мазҳака ва мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз шогирдони Сайрам Исоева дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон эъто шудани чунин ҷоиза ба устодашро таъйид кард.

Арзиши “иҷоза”-и боркашонӣ дар Тоҷикистон поин рафт, лекин на то сатҳи қонунӣ

Ронандагони мошинҳои боркаш мегӯянд, акнун он на 400, балки 60 доллар нарх дорад, ки ин ҳам 8 баробар аз арзиши расмии он болотар аст.

Арзиши иҷоза барои интиқоли борҳои байналмилалӣ пас аз гирдиҳамоии ронандагони мошинҳои боркаш дар назди бинои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 7 маротиба кам карда шуд. Хадамоти масъули додани ҳуҷҷатҳо пешниҳоди далелҳои коррупсиониро талаб мекунад.

Иҷоза (жаргон) як ҳуҷҷати дуҷонибаи иҷозатдиҳӣ мебошад, ки ба ронанда ҳуқуқи интиқоли мол аз кишвари дигарро медиҳад.

Ронандагони мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки “иҷоза”-ро ба онҳо то моҳи сентябр бо нархи 60 доллар фурӯхта, сипас то 400 доллар боло бурданд, ҳарчанд дар Вазорати нақлиёт изҳор мекунанд, ки ин ҳуҷҷат дар асл ҳамагӣ 84 сомонӣ (7,5 доллар) нарх дорад.

Ба гуфтаи ронандаи мошини боркаш Абдуҳамид Собиров, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя ба ҷумҳурӣ молу маҳсулот меорад, пас аз вохӯрӣ бо роҳбарияти Вазорати нақлиёт арзиши иҷоза ба сатҳи пешинааш баргардонида шуд, аммо он то ҳол 8 маротиба аз таърифаи (тариф)- расмӣ болотар аст.

ВКД Русия нақшаи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро тасдиқ кард

Аз 1 октябр ВКД Русия ба ихроҷи муҳоҷироне, ки мақоми қонунии ҳузури худро дар Русия танзим накардаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.

Нашрияи Коммерсант бо истинод ба сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова менависад, имрӯз моратория ба ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба охир мерасад.

“Барои категорияи шаҳрвандони хориҷӣ, ки пас аз 30 сентябр дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд, меъёрҳои Қонуни федералии 115 татбиқ карда мешаванд, ки мутобиқи он, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати андешидани чораҳои маъмурӣ то ихроҷ аз қаламрави Русия имкон медиҳад”, – гуфтааст Казакова зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Валентина Казакова, айни замон бо шумули муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳудуди 7 млн муҳоҷир дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, зиёда аз 1 млн нафар, ки замони пандемия дар Русия монда буданд, мақоми ҳуқуқии худро танзим кардаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend