Истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҷиноят аст. Дар ВКД Гурӯҳи корӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ таъсис дода шудааст, ки истифода бурдани рақамҳои қалбакиро ҳамчун ҷиноят ба ин Кодекс ворид кунанд. Дар ин бора сомонаи ВКД хабар медиҳад.
“Яъне тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан ва таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ, инчунин барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт ҷиноят ҳисобида шуда, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд”,- менависад манбаъ.
Таъкид мешавад, риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш президент сардори Бозрасии давлатии автомобилии ҶТ Суҳроб Қурбонзода аз вазифа барканор карда, ба ҷойи ӯ Рустам Мирзомуродзода ба ин курсӣ таъйин кард.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди қонуншиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат изҳори нигаронӣ кардааст.