fbpx

“Фурӯхтани хун ҷоиз нест”. Фатвои Шӯрои уламо

Дар Тоҷикистон солҳои охир таблиғи додани хун байни мардум афзудааст.


0
Хунсупорӣ дар Тоҷикистон

Фурӯхтани хун “манъ аст”, вале “дар ҳолати зарурат” онро ҳадя додан ҷоиз аст. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво дода, гуфтааст, сокинон барои кӯмак ба муҳтоҷон хуни худро метавонанд ройгон бидиҳанд.

Дар Тоҷикистон солҳои охир таблиғи додани хун байни мардум афзудааст. Баъзе аз сокинон ихтиёрӣ ва бепул хун медиҳанд ва бархеи дигар дар ивази ин кор маблағ мегиранд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мегӯяд, бемористонҳои кишварҳои дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон фавқулода ба хун эҳтиёҷ доранд. Маҳз ба сабаби норасоии хун гоҳе пизишкон наметавонанд, беморонро аз чанги марг бираҳонанд.

Бори охир дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳонаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, 14-18-уми сентябри соли гузашта дар беморхонаҳои вилояти Суғд талабот ба хун аз ҳисоби маҷруҳони даргирӣ афзуд.

Донорони хун низ аз ҳисоби шаҳрвандон зиёд шуд. Онҳо хоҳишмандона ба нуқтаҳои тиббӣ рафта ройгон хун супориданд. Муаллифи Your.tj низ ба хунсупорӣ рафта, аз ҷараёни он гузориш омода карда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend