Размикор – боркашон. Чӣ тавр гуштингири тоҷик дар Амрико мураббии варзиш шуд

Содиқ Исмоилови 29 сола зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ аз хурдсолӣ ба варзиш машғул аст ва дар чандин мусобиқаҳо дастболо шуда, якчанд маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст. Як муддат дар Амрико аз варзиш даст мекашад, вале чун меҳри варзиш ба ӯ бо хун омадааст, бо дастгирии дӯстони хориҷиаш тавонист роҳашро идома диҳад. Ҳоло Содиқ дар ду тамрингоҳ ба шогирдон гуштини тарзи озод меомӯзонад ва дар вақтҳои хологиаш боркашонӣ мекунад.

“Ҳар моҳ захмӣ мешудам”

Падари Содиқ мураббии варзиш буд, бинобар ин ӯ аз синни 9 солагӣ ба толори варзишӣ омада, дар намуди гуштини тарзи озод тамрин мекард. Қаҳрамони мо ба варзиш завқи баланд дошту ҳеҷ гоҳ аз тамринҳо қафо намемонд. Ҳамин масъулиятшиносиаш буд, ки вай дар мусобиқаҳо дастболо мешуд.

Содиқ солҳои 2010 ва 2012 қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод дар байни ҷавонон, солҳои 2015, 2016 қаҳрамони Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод миёни калонсолон ва ҳамчунин қаҳрамони Тоҷикистон оид ба самбои муҳорибавӣ дар соли 2015 шудааст. Ба ғайр аз ин дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Алма-ато, Доха, Дубай ширкат карда, варзиши тоҷикро муаррифӣ намудааст.

“Аз хурдӣ мехостам, ки дар ҳар намуди варзиш худро санҷам. Баъд аз он ки, дар намуди гуштин каму беш таҷриба пайдо кардам, ба муҳорибаҳои омехта низ рӯ овардам. Ростӣ, қариб ҳар моҳ захмӣ мешудам. Бинӣ, ангуштҳо ва гӯшҳоям ҳам шикастаанд. Вале тамринро идома медодам ва аз роҳи интихобкардаам намегаштам. Гарчанде ки пас аз ҳар ҷароҳати бардоштаам модарам ғамгин мешуданд ва исрор мекарданд, ки варзишро бас кунам”, – мегӯяд, Содиқ.

Қаҳрамони мо пас аз оне, ки унвони устоди варзишро соҳиб мешавад, як муддат дар муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 – и ҷамоати деҳоти Ёва хоҳишмандонро ҷамъ оварда бо онҳо аз намуди гуштини озод тамрин мекард.

“Дар толори мактабамон, ки баъди дарси мактаб холӣ буд, тасмим грифтем, ки шогирд ҷамъ карда, гуштини тарзи озодро ба толибилмони ин мактаб омӯзонем. Дар ин кор падарам, ки варзишгари касбӣ ҳастанд, ёрӣ доданд. Мо қариб 80 шогирд доштем. Бегоҳ бо онҳо тамрин карда, қоидаҳои гӯштинро меомӯзондем”, – ба ёд меорад Содиқ Исмоилов.

Аввалин бор дар Амрико

Содиқ соли 2015 тариқи раводид ба чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод, ки дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико доир шуда буд, рафт. Пас аз анҷоми қаҳрамонии ҷаҳон ӯ боз 3 моҳи дигар он ҷо тамрин мекунад. Аз ҳамон ҷо дар дили Содиқ орзуи зиндагӣ кардан дар Амрико пайдо мешавад. Баъд аз бозгашт ӯ барои дарёфти лотореяи корти сабз дархост мефиристад. Аммо, орзуи қаҳрамони мо танҳо соли 2018 амалӣ мешавад ва ӯ лотореяи Green card ро бурд мекунад.

“Ростӣ, муҳит хеле маъқул шуд. Баъди 3 моҳи машқ ба Тоҷикистон баргаштам. Чунки дигар мусобиқаҳо дар пеш буд. Новобаста аз кушишу тамринҳои зиёд соли 2016 ба Бозиҳои олимпӣ, ки дар шаҳри Рио – де – Женейрои Бразилия доир шуда буд, роҳхат гирифта натавонистам. Аммо боз ҳам руҳафтода нашудам ва тамринҳоро идома додам то оянда имкониятҳои навро кушоям. Хушбахтона соли 2018 корти сабзро бурд кардам, орзуи деринаам амалӣ шуд”, – бо хурсандӣ мегӯяд Содиқ Исмоилов.

Содиқ пас аз бурди лоторея ба Ню – Йорки Амрико меравад. Як муддат аз варзишу тамрин дур мешавад, то кор кунаду барои пешбурди зиндагӣ дар кишвари бегона маблағ ба даст орад. Вақте Содиқ бо варзишгар ва мураббии варзиш Заррух Адашов шинос мешавад, боз тамринҳоро оғоз мекунад.

“Заррух Адашов аз Самарқанд ба Амрико омадааст ва чандин сол аст, ки дар Ню-йорк зиндагӣ мекунад, ӯ маро ба тамрин ҷалб кард ва дар ҳама ҳолат дастгирам буд. Бо бисёр мураббиён, варзишгарони номдор шиносам намуд. Ҳамроҳам тамрин мекард ва тамоми усулҳои медонистаашро ба ман меомӯхт. Дӯстиамон бо гузашти замон хеле қавӣ шуд. Ҳарду ҳамхона низ шудем. Ӯ ҳатто забони англисиро ба ман ёд медод”, – нақл мекунад Содиқ Исмоилов.

Замоне, ки Содиқ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард ба ғайр аз забони модарӣ ягон забони дигарро намедонист. Пеш аз ба Амрико рафта ӯ муддате дар Русия низ зиндагӣ карда буд ва он ҷо забони русиро аз худ кард. Ҳангоме, ки ба Амрико омад, надонистани забон барояш мушкилиҳои зиёде овард. Аз ин рӯ тасмим гирифт, ки ба таври пулакӣ дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ таҳсил кунад. Айни ҳол Содиқ озодона бо забони англисӣ суҳбат мекунад.

Мураббии варзиш дар Амрико

Ҳоло қаҳрамони мо бо Заррух дар як толор мураббӣ ҳастанд. Пас аз тамринҳои пайваста ва таҷрибаи кофӣ ӯ бо кӯмаки дӯсташ иҷозатномаи мураббигиро соҳиб мешавад. Онҳо ба бачаҳои 8-9 сола ва ҷавонони 25-30 сола варзиши гуштини тарзи озодро меомӯзонанд.

“Ман бо Заррух толорҳои варзишии Lions MMA ва New York athletic club- ро ба иҷора гирифтаем. Андозро охири ҳар сол вобаста аз даромадамон месупорем. Ҳар шогирд дар як моҳ то 250 доллар пул месупорад. Аз ин ҳисоб 65 % мураббӣ мегирад ва 35% ба ҳаққи иҷораи толор меравад. Дар толори мо қариб 30 нафар шогирд машқ мекунад”, – нақл мекунад Содиқ.

Қаҳрамони мо ба ғайр аз мураббӣ будан, тариқи шартномавӣ дар муҳорибаҳо низ иштирок мекунад. То ҳол ӯ дар Амрико 4 бор муҳорибаи касбӣ гузаронда, 3 бурду 1 бохт дорад.

Варзишгар – боркашон

Содиқ ба ҷуз мураббӣ ва варзишгар будан боз дар Амрико шуғлҳои дигари даромаднок низ ёфтааст, то ки харҷотҳои зиндагиашро пӯшонад. То давраи пандемия роҳбалади сайёҳон буд, аммо пас аз он ки марзҳо баста шуданду касе ба саёҳат намебаромад, Содиқ аз ҳисоби пасандозҳояш як автомобили боркаш харида, ҳоло ба ҳар шаҳр бор мекашонад.

“То пандемияи Covid-19 ба сайёҳон роҳбаладӣ мекардам. Дар парки марказии Ню-йорк бо меҳмонҳо сайёҳат мекардем. Акнун, ки сайёҳ кам аст, шуғли дигар ёфтам. Як мошини калони боркашон харидам. Дар як ҳафта 3 – 4 рӯз фақат рӯзона аз як иёлот ба иёлоти дигар бор кашонда истодааам. Аз ин кор даромади хуб мегирам”, – хурсандона мегӯяд Содиқ.

Қаҳрамони мо оиладор буда, соҳиби 3 фарзанд Солеҳ, Нафиса ва Имрон аст. Писари калониаш низ ба бокс ва гӯштин шавқ дорад. Вай дар мактаби варзишӣ машқ мекунад. Содиқ орзу дорад, ки писараш ҷодаи интихобкардаи падарашро давом диҳад.

Файзуллохон Обидов

Skip to toolbar