fbpx

Суқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. “Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд”

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Global Look Press

Ба эътирозгарон дар Панҷакент иҷозат додаанд, ки ба Узбекистон бираванд

Ба даҳҳо сокини Панҷакент, ки рӯзи 4-уми август дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада буданд, иҷозаи гузаштан аз сарҳад бо Узбекистонро додаанд.

Ин гуруҳи мардум шикоят доштанд, ки бояд тавассути Узбекистон ба Русия бираванд, аммо шаби 3-юми август ба таври ногаҳонӣ гузаргоҳи “Саразм” (байни Панҷакенту Самарқанд) баста шудааст. Онҳо аз эҳтимоли “сӯхтан”-и билеташон нигарон буданд.

Мақомот далели баста будани гузаргоҳро нагуфтанд, вале рӯзи 5-уми август хабар доданд, ки “мушкили сокинон ҳал шуд”. Дар ҳукумати Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шахсоне, ки дар даст билет доштанд, ба хотири насӯхтани пулашон тавассути гузаргоҳи “Саразм” ба Узбекистон рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз корбарон бо фиристодани акс аз гузаргоҳи “Саразм” гуфтанд, ҳанӯз ҳам гуруҳе аз шаҳрвандон дар онҷо мунтазир истодаанд. Мақомот мегӯянд, танҳо ба шахсоне, ки билети сафар доштанд, иҷозаи гузаштан аз сарҳадро доданд.

Суқути чархбол (вертолет) дар Ванҷ. “Як нафар ҷон бохта, чаҳор кас захмӣ шуд”

Як чархболи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар роҳ ба назди сайёҳони рус, дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, афтодааст.

Як масъули ҳукумати ноҳия рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар ин ҳодиса як нафар ҷон бохта, чаҳор каси дигар захмӣ шуданд.”

Ба иттилои ҳамсуҳбат, ҳодиса соати 12-и рӯзи панҷшанбе дар ҳудуди деҳаи Поймазор рух додааст: “Чархбол барои овардани сайёҳони рус, ки дар баландии беш аз 5 ҳазор метр дармонда буданд, мерафт.”

“Айни ҳол муовини раиси ноҳия, намояндагони нерӯҳои марзбонӣ ва мақомоти дигари қудратӣ дар ҷойи ҳодиса ҳастанд. То ҷое, ки иттилоъ дорем, чархбол аз Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон будааст. Баъд аз чаппа шудан, ҳавонаварди асосӣ ҷон бохта, чаҳор нафари ҳамкораш захмӣ шудаанд”, — гуфт мусоҳиби мо дар ҳукумати ноҳияи Ванҷ.

Мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи суқути чархбол иттилоъ надодаанд.

Раёсати маорифи Душанбе: Ҳамаи омӯзгорони пойтахт ваксина гирифтанд

Дар Душанбе қариб ҳамаи омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ пурра ваксина гирифтанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати маорифи пойтахт.

Воя (доза)-и якумро муалимон ҳануз давоми моҳҳои апрел-май ва вояи дуюмро моҳҳои июн-июл гирифтанд.

«16 ҳазору 290 нафар омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ваксина гирифтанд, ки 92,3% аз шумори умумиро ташкил медиҳад. Танҳо он омӯзгорон ва кормандоне боқӣ монданд, ки бо тавсияи табибон ба онҳо ҳоло ваксина гузаронидан мумкин нест”, – гуфт Асомиддин Бобозода, мудири шӯъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷараёни ваксинзанӣ байни омӯзгорони шаҳр ягон мушкилие вуҷуд надошт.

Президенти нави Эрон ба рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид кард

Президенти нави Эрон барои беҳтар кардани муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид кардааст. Ду кишвар аз соли 2015 боз равобити чандон хуб надоранд.

Иброҳим Раисӣ 4-уми август дар суҳбат бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоҳир Зокирзода, гуфтааст, “равобити Теҳрону Душанбе фаротар аз равобити одии ду кишвар аст ва … барои боло бурдани сатҳи ин равобит бояд қадамҳои ҷиддӣ бардошт.”

Маҳмадтоҳир Зокирзода барои иштирок дар маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон ба Теҳрон рафтааст. Сомонаи раиси ҷумҳурии Эрон навишт, ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар мулоқот бо Иброҳим Раисӣ гуфтааст, “равобити Эрону Тоҷикистон бар асоси дину забон, фарҳанг, таъриху тамаддуни муштарак бино шуда, зарфиятҳои зиёде барои густариш дорад.”

Ба иттилои сомонаи президенти Эрон, дар ин суҳбат мавзӯи Афғонистон низ баррасӣ шудааст.

500 сомонӣ ба ҳар оилаи камбизоат дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат дар кишвар оғоз шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба 165 ҳазор оила дар ҳаҷми 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад. Ин маблағҳо дар доираи кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ аст, ки моҳи май ба Тоҷикистон дода буд.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “Ховар”, додани кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат моҳи август оғоз шуда, то охири сол давом мекунад. Дар марҳилаи аввал дар моҳи август ба 84 ҳазор оилаҳои камбизоат, ки дар хона кӯдакони то 7-сола доранд 500 сомонӣ пул медиҳанд. Баъдан моҳҳои сентябр-октябр ба 56 ҳазор хонавода ва моҳҳои ноябр-декабр ба 25 ҳазор оила чунин кӯмакпулиҳо дода мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон моҳи июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин кӯмакҳо се гуруҳи аҳолӣ баҳраманд хоҳанд шуд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони то 7-сола доранд, оилаҳои камбизоате, ки кӯдакони маъюби то 18-сола доранд ва оилаҳое, ки саробонаш занонанд ва кӯдакони то 16-сола доранд.

Камчинии газ ва навбатпоии ронандагон дар минтақаҳо

Як навъи маводи сӯзишворӣ – газ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон камчин шудааст ва даҳҳо ронандаи тоҷик барои дарёфти он пушти дари нақтаҳои сӯзишворӣ ҷамъ омадаанд.

Хабарнигорон аз шаҳри Кӯлоб иттилоъ додаанд, ки субҳи имрӯз дар Кӯлоб газ камчин шудааст ва танҳо дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (эҳтимол меравад, ки он нуқтаҳои сӯзишвории ширкати “Фароз” бошад) газро дарёфт кардан мумкин аст.  Нархи як литр газ дар ин шаҳр 6 сомониву 40 дирамро ташкил медиҳад.

Ба назар мерасад, ки камчинии газ на танҳо дар Кӯлоб, балки дар вилояти Суғд, аниқтараш шаҳри Хуҷанд ҳам ба назар мерасад. Хабарнигорон гуфтаанд, ки ин намуди сӯзишворӣ дар баъзе нуқтаҳои сӯзишвории шаҳр нест.

Ҳоло дар Душанбе камчинӣ ва навбатпоӣ барои дарёфти газ мушоҳида нагардида, вале дида мешавад, ки нархи баландтарини ин намуди сӯзишворӣ дар пойтахт аст: Корбарони “Фейсбук” шикоят мекунанд, ки нархи газ дар Душанбе 7 сомонӣ шудааст. Субҳи 3 август, 6 сомониву 50 дирам буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend