Давъват ба хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд, “облава” мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон фармон дар бораи даъвати ҷавонон ба хидмати аскарӣ барои баҳорро содир кард. Мувофиқи ин фармон дар ин мавсим шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Дар фармони раисҷумҳур, ки имрӯз, 4-уми март ба имзо расид, гуфта мешавад, ки хидматчиёни ҳарбие, ки муҳлати хидматро адо кардаанд рухсат карда шаванд ва дар моҳҳои апрелу майи соли 2022 шаҳрвандони марде, ки то рӯзи даъват ба синни 18 мерасанд ва ҳамчунин шаҳрвандони калонсолтаре, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидматро надоранд ба хидмат даъват шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Вазорати дифоъ ва раисони комиссияҳои даъвати вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин намояндагони мақомоти амнияту корҳои дохилиро низ дастур додааст, ки дар мавсими даъват дар навбати аввал барои пураа кардани сафи хидматчиёни неруҳои марзбонӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус таваҷҷуҳ кунанд.
Далели инро раисҷумҳур дар фармон ба “хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо” марбут донистааст.
Мувофиқи ин фармон раисони шаҳру ноҳияҳо низ вазифадор шудаанд, ки дар баробари мақомот барои даъвати шаҳрвандон талош кунанд.
Расонаҳо: Ду зодаи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина ба ҳалокат расиданд
Тибқи хабарҳои расида, ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Ҷамшед Худоиев (Холов) ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Русия буданд ва бо шартнома дар артиши он кишвар хидмат мекарданд. Ҷониби Русия дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз, 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳия дар ҷангҳои Украина хабардор шуда, ба наздикони онҳо ҳамдардӣ баён карданд. Ба гуфтаи Абдураҳмонзода, Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев шаҳрванди Тоҷикистон набуданд.
Дар бораи кай ва дар чӣ шароит кушта шудани ду зодаи ноҳияи Дарвоз маълумоти мушаххас дар даст нест. Раиси ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки яке аз фавтидагон ронандаи тонк будааст ва “гуё дар даруни тонк сӯхтааст, ҷасадашро ҳам наёфтанд”. Саидбурҳон Абдураҳмонзода афзуд, расман аз ҷониби мақомоти Русия ягон дархосте нагирифтаанд.
Сурайё Шоева, раиси ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз, ба Радиои Озодӣ гуфт, синни Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аз 40 боло аст ва 10-12 сол пеш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчида буданд.
Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ кард
Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, хабар додааст ширкат дар саҳифаи телеграмии худ.
Ин ширкат мегӯяд, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад.
«Бо назардошти вазъи кунунӣ, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, – қайд мекунад ширкат.
Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст.
Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз анҷом медод, аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва дигар шаҳрҳо.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров мегӯяд, захмӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, ба ҳаво тир холӣ карданд
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз шахсони бонуфуз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, рӯзи 4-уми март иддао кард, ки дар тирпарронӣ дар Хоруғ аз дасташ захмӣ шудааст. Мақомоти корҳои дохилии вилоят тирпарронӣ ба сӯйи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва ҳамчунин захмӣ шудани ӯро рад карданд.
Маҳмадбоқиров дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, рӯзи ҷумъа ҳангоми ҳаракат ба маркази Хоруғ дар яке аз дидбонгоҳҳо ба сӯяш ҳамла сурат гирифт. “Писарам низ дар мошин буд. Тир ба дасти ростам бархӯрд. Устухон зарар надидааст. Як духтури шинос ҷароҳатро баст,” — гуфт ӯ.
Дар ҳоле ки қаблан Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон, гуфта буд, аз ҳодиса хабар надоранд, муовинаш Аъзам Толеъзода, ба Радиои Озодӣ гуфт, “имрӯз Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров бо мошин омад, нозирони БДА манъ карданд, наистод, як тир ба ҳаво заданд. Тафтиш бурдем, захмӣ нашудааст, дурӯғ аст.”
Муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон афзуд, Маҳмадбоқиров тир нахӯрдааст ва дар манзилаш ба сар мебарад.
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ба изҳороти нави мақомоти интизомӣ вокуниш накардааст, вале пештар гуфта буд, мардум дар назди хонааш ҷамъ омада буданд, вале хостааст, барои ин воқеа шуда даст ба ҳеч коре назананд ва “худаш ҳал мекунад”. Маҳмадбоқиров мегӯяд, даъватҳо ба тазоҳуротро низ қатъиян рад кардааст.
Як сокини Ваҳдатро барои тамошову нашри матолиби ифротӣ 5 сол равонаи зиндон кардаанд
Дар шаҳри Ваҳдат сокини маҳаллӣ барои даст доштан дар ташкили фаъолияти созмони ифротгаро баром 5 соли равонаи зиндон шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Беҳрӯз Раҳмонзода дидаву дониста, ки дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаракати “Толибон”, чопи нашрияҳо ва кори сомонаҳои онҳо манъ аст, мунтазам тариқи YouTube дар телефони худ сабту наворҳои аудио-видеоии дорои мундариҷаи ифротгароии онҳоро тамошо мекардааст.
Ба иттилои манбаъ, Раҳмонзода дар шабакаи YouTube бо номи мустаори Ahmad Abdullah саҳифаи худро боз намуда, сабту наворҳои зикршударо дар он мегузоштааст ва бо ин амалаш нишон медодааст, ки ақидаҳои онҳоро дастгирӣ мекунад.
Гуфта мешавад, нисбат ба Беҳрӯз Раҳмонзода бо моддаи 307 (3) (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо ҳукми суд ӯ ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.