fbpx

Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ кард

Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, хабар додааст ширкат дар саҳифаи телеграмии худ.


0
Акс аз маркази матбуотии S7

Ширкати ҳавопаймоии русии S7 Airlines шурӯъ аз 5-уми март парвозҳо бо Тоҷикистонро комилан қатъ мекунад, хабар додааст ширкат дар саҳифаи телеграмии худ.

Ин ширкат мегӯяд, ки ба далели вазъи кунунӣ маҷбур аст, ҳама парвозҳои байналмилалии худро боздорад.

“Бо назардошти вазъи баамаломада, S7 Airlines маҷбур аст, ки ҳама парвозҳои байналмилалиро аз 5 март ба Австрия, Озарбойҷон, Арманистон, Булғористон, Олмон, Юнон, Испания, Италия, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Фаронса, Хорватия, Миср, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия, АМА, Ӯзбекистон қатъ намояд”, – қайд мекунад ширкат.

Ширкати инчунин ба мусофирон шарҳ медиҳад, ки дар сурати лағви парвозҳо чӣ кор кунанд.

“- Ширкат Шуморо қатъи хатсайр огоҳ мекунад

  • Агар шумо дар хориҷа бошед, лутфан ба намояндагии S7 Airlines дар фурудгоҳҳо тамос гиред. Коршиносони мо ба шумо барои бозгаҳт ба ватан ба воситаи шариконамон кӯмак мекунанд.
  • Шумо метавонед мустақилона баргардонидани пурраи нархи чиптаро дар бахши «Бронкуниҳои ман» дар s7.ru ё дар барномаи S7 Airlines анҷом диҳед”, – гуфта мешавад дар паём.

Агар чипта дар авиакассаҳо ё дар сомонаҳои дигар харидорӣ шуда бошад, ширкати ҳавопаймоӣ маслиҳат медиҳад, ки барои баргардонидани маблағ бояд ба маҳалли хариди чипта муроҷиат намоед.

Гуфта мешавад, ки то ҳол санаи азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ мушаххас нашудааст.

Ширкати S7 Airlines аз чаҳор фурудгоҳи Тоҷикистон ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвоз анҷом медод, аз ҷумла, Новосибирск, Маскав, Барнаул, Омск, Томск ва дигар шаҳрҳо.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend