Рамазон Раҳимзода: Бар зидди 20 қаллобони билетфурӯш парвандаи ҷиноятӣ кушодем

Вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода имрӯз, 4-уми август зимни нишасти матбуотиии ниҳодаш аз ҳодисаҳои террористии дар Тоҷикистон пешгиришуда, қазияи куштори Руфейда, боздошти Иззат Амон, ба ватан баргардонидани ҷанҷӯён ва оиди кушодани 15 парвандаи ҷиноӣ алайҳи чиптафурӯшон гуфт.

Парвандаи ҷиноятӣ бар зидди 20 билетфурӯш

Рамазон Раҳимзода гуфт, ниҳодаш нисбати 20 қаллобони чиптафурӯш парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

“Дар ҳақиқат мо дар давоми шаш моҳ 15 парвандаи ҷиноятӣ бо 159 ҳолат боз кардем, нисбати 20 қаллобони чиптафурӯш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, 7 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст. 4 мардумфиреби дигар дар ковтуков қарор доранд. Аз кормандони ширкат ҳам як нафар дар ин ҷиноят даст дорад ва тафтишот нисбати ӯ идома дорад”, – гуфт вазир.

Инчунин ӯ гуфт: “Боиси ташвиш аст, ки мардум ба кассаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат накарда аз дасти онҳое, ки дар қади кӯча мехоҳанд фанду фиреб кунанд,чипта мехаранд. Маълум аст, ки ин нафарон фиребгаранд ва аз дасти онҳо харидани чипта лозим нест, баръакс ба мақомот хабар бояд диҳанд, то дастгир шаванд”.

Боздошти 143 кас бо гумони ифротгароӣ 

Вазири корҳои дохилии кишвар ҳамчунин гуфт, ки тайи шаш моҳи ахир кормандонаш 143 касро бо гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнуъ ва террористиву ифротгаро дастгир кардаанд. Аз ҷумла, 23 нафари боздоштшудагон узви созмонҳои алоқаманд ба мухолифин, аз қабили “Гуруҳи 24”, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Ӯ 143 нафари боздоштшудагонро чунин гуфт:

– “Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

– “Давлати исломӣ” (ДОИШ) – 26 нафар

– “Салафия” – 45 нафар

– “Гурӯҳи 24” – 13 нафар

– ҲНИТ – 6 нафар

– “Ансоруллоҳ” – 9 нафар

– “Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

– “Ал-Қоида” – 3 нафар

– “Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

– Ҳаракати исломии Узбекистон – 5 нафар

– Паймони миллии Тоҷикистон – 4 нафар.

Ҳамчунин Раҳимзода қайд кард, ки ниҳодаш ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳодисаҳои мазкурро аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон ва гуруҳи террористии ДИИШ содир кардани буданд: як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду  суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат

Дар бораи куштори Руфейда

Рамазон Раҳимзода зимни нишаст, куштори духтарчаи 8-сола Руфейда Иноятоваро даҳшатбор унвон карда гуфт, даст доштани модари гумонбаршаванда дар қазияи мазкур тафтиш мешавад. “Дар ҳақиқат ҷинояткор сари вақт дастгир шуд, ин ҷинояти мудҳиш аст. Дар масъалаи даст доштани модари гумонбаршаванда дар куштори Руфейда, ягон маълумот надорем. Тафтишот ба прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст ва агар модари ӯ дар ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд “, – афзуд Раҳимзода.

“Иззат Амонро Русия депорт кард”

Вазир ба рӯзноманигорон оиди парвандаи Иззат Амон гуфт, ки он дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба додгоҳи олӣ ирсол мешавад.

“Иззат Амонро касе маҷбуран ба Тоҷикистон наовардааст, балки ӯ бари вайрон кардани қоидаҳои буду бош аз Русия ихроҷ шуд ва дар Тоҷикистон барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дастгир шуд. Ӯ пас аз он, ки аз Русия барои вайрон кардани қоидаҳои иқомат ихроҷ шуд, дар Тоҷикистон дастгир ва ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ дар инҷо барои ҳамон ҷиноятҳое, ки мо гуфтем дастгир шудааст тафтишот идома дорад ва он рӯзҳои наздик ба додгоҳ пешниҳод мешавад”, – гуфт вазир.

Ба гуфтаи Раҳимзода, зиёда аз 15 нафар ҷабрдидагон шикоят карданд, ки ба доми фиреби ӯ афтодаанд.

39 ҷангҷӯро ба ватан баргардонидем

Раҳимзода зимни нишасти имрӯза ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 39 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки дар амалиётҳои ҷангии хориҷ аз кишвар иштирок доштанд ихтиёран ба Ватан баргардониданд.

“Дар натиҷаи баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз соли 2015 то инҷониб ба кишвар 647 нафар аъзоёни ташкилотҳои терроритию экстремистӣ, иштирокчиёни амалиётҳои мусалаҳона дар дигар кишварҳо ба зодгоҳ, ба ҳаёти хушу осуда баргардонида шуданд. Аз ҷумла миёни онҳо 8 оила дар ҳайати 27 нафар сокинони шаҳри Истаравшан, Бохтар, Ҳисор ноҳияи Рӯдакиву Рашт мебошанд”, – гуфт ӯ.

Skip to toolbar