fbpx

Марз бо Ӯзбекистон баста аст. Шаҳрвандон дар назди ҳукумати Панҷакент ҷамъ омадаанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Маркази тестӣ: “Таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои техникӣ сол то сол кам мешавад”

Директори Маркази миллии тестии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли равон 91 ҳазору 531 довталаб барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус дар марказ ба қайд гирифта шуданд, ки 8,8% нисбат соли пешин камтар аст.

Ба гуфтаи вай, дар кластери илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ боз норасоӣ ба миён омада, аз нақшаи қабул 68,6% довталабон ҳуҷҷатҳояшонро ба ихтисосҳои ин самт супоридаанд.

Тибқи маълумоти роҳбари Марказ, имсол таваҷҷӯҳи довталабон ба ихтисосҳои кластери ҷуғрофия ва иқтисод низ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.

“Агар соли гузашта нақшаи қабули ҳуҷҷатҳо аз рӯи ин ихтисос иҷро шуда бошад, пас имсол шумори хоҳишмандони ин ихтисосҳо то 80 фоизи нақша поин рафт”, – гуфт ӯ.

Дар се кластери дигар, ба гуфтаи Икромӣ, довталабон нисбат ба нақшаи қабул зиёдтар сабти ном шудаанд: “Тиб ва биология” – 150%, “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” – 130%, “Филология, педагогика ва санъат” – 118 %. Дар асоси синфи 9 дар кластери тиббӣ (ҳамшираҳои шафқат ва фельдшерҳо) рекорд гузошта шуд – 257% аз нақшаи қабул.

Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон 19 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ, имзо карданд.

Маросим 4-уми август дар маркази Туркманистон, пас аз мулоқоти раҳбарони ду кишвар сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари расмӣ дар Ишқобод аст.

Тоҷикистону Туркманистон дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар солҳои 2021-2023; дар бахши нақлиёти роҳи оҳан; ҳамлу нақл, интиқоли мол ва мусофирон низ созишнома қабул карданд.

Ҷузъиёти санадҳо дастрас нест, аммо мавзӯи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар ин шабу рӯз барои Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Туркманистон кишвари саршор аз нафту гази табиӣ аст. Тоҷикистон ин маҳсулотро аз хориҷа меорад ва моҳҳои охир нархи он дар дохил башиддат боло рафта, боис ба норозигии сокинон шудааст.

Санадҳои дигар аз ёддошту ҳамкории байни ниҳодҳо ва минтақаҳои ду кишвар иборат аст.

Даҳҳо мусофири тоҷике, ки бояд тавассути Ӯзбекистон ба Русия сафар мекарданд, дар назди ҳукумати Панҷакент ҷамъ омадаанд

Имрӯз, 4-уми август, даҳҳо нафар мусофироне, ки тариқи гузаргоҳи “Саразм” – “Ҷартеппа” дар минтақаи Панҷакент бояд ба Ӯзбекистон мерафтанду аз ин кишвар ба Русия парвоз мекарданд, дар назди бинои ҳукумати шаҳри Панҷакент ҷамъ омадаанд.

Аксари ин мусофирони ҷамъшуда ҳама сокинони шаҳри Панҷакент буда, далели таҷаммуяшон, баста шудани гузаргоҳи мазкур мебошад, ки сар аз шаби 3-юми август тамоман баста шудааст.

Пештар аз ин мусофироне, ки билети парвоз ба Русияро доштанд, метавонистанд аз ин сарҳад гузаранд, вале ба гуфтаи мусофирони бандмонда, аз дирӯз ин ҷониб сарҳадбонон убури марзро барои муҳоҷирон низ иҷозат надодаанд. Дар ҳамин ҳол, марзбонон далели иҷозаи надодани убури марзро низ ба мусофирон нагуфтаанд.

То кунун мақомоти шаҳри панҷакент, далели баста шудани марзро расман шарҳ надодаанд.

Бархе аз мусофирони ҷамъшуда мегӯянд, ки онҳо аз бонк қарз гирифта ба Русия рафтанӣ буданд.

Баъди чанд соати интизорӣ дар назди ҳукумати шаҳрдории Панҷкенд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба назди онҳо баромада, ваъда додааст, ки мушкили онҳоро баррасӣ мекунанд.

Сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон беш аз 26% гуфтанд

Сатҳи камбизотӣ дар Тоҷикистон беш аз 26 дарсадро ташкил медиҳад. Ин рақамро вазири рушди иқтисод ва савдо ҳангоми нишасти матбуотии ниҳодаш рӯзи 2-юми август эълон кард.

Ба гуфтаи вазир Завқӣ Завқизода, тибқи стратегияи миллии рушд то соли 2030 шумори камбизоатон аз ҳисоби рушди иқтисод, шуғл ва афзоиши соҳаи иҷтимоӣ тадриҷан (оҳиста-оҳиста) кам хоҳад шуд.

Вале Бонки Ҷаҳонӣ соли гузашта гузориш дода буд, ки Тоҷикистон дар тӯли ду даҳсолаи охир суръати заифтарини иқтисодро аз сар мегузаронад ва интизор меравад суръати коҳиши фақр низ суст шавад.

Додситонии Маскав хоҳони ҷазои сахттар ба муҳоҷирони маҳкумшудаи тоҷик аст

Додситонии шаҳри Маскав хостааст, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар марги варзишгари рус, Сергей Чуев, гунаҳкор шуданд, ҷазои сахттар бидиҳанд. Дар ин бора расонаҳои Русия гузориш доданд.

Додгоҳи ноҳияи Зюзинои Маскав 6 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми даст доштан дар марги варзишгари рус аз чаҳор то ба ҳафтуним сол зиндон маҳкум кард. Вале Додситонӣ ҳукмро сабук дониста, аз рӯйи он шикоят бурдааст.

Ҳамчунин тибқи даъвои додситонӣ, “зимни муҳокима талаботи қонунгузории ҷиноӣ ва мурофиавӣ вайрон шудааст” ва бинобар ин бояд ҳукм бекор гардида, ҷазои наву сахттар таъин гардад.

Пайвандони маҳкумшудаҳо аз оғоз мегуфтанд, ки фарзандони онҳо дар қатли варзишгар даст надоранд ва эҳтимол зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд.

Сергей Чуев, варзишгари рус, шаби 8-уми июни соли 2019, дар ҳудуди боғи минтақаи Бутовои ҷанубии шаҳри Маскав ба ҳалокат расид.

Коронавирус дар Тоҷикистон: 74 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19

Ба ҳолати то шоми 3 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 74 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 293 нафар расид.

Шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия то ин муддат бетағйир боқӣ монда, 121 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 788  нафар ё худ 96,7%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 83 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend