Электробусу троллейбуси истеҳсоли Тоҷикистон дар Душанбе ба кор оғоз карданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе ба таври озмоишӣ равуои электробус ва троллейбуси насли нав оғоз шуд. Онҳо дар Тоҷикистон ҷамъу васл шудаанд.
Бино ба гуфтаи директори иҷроияи “Акиа Авесто Автоматив Индастри” Асрор Мирзоев, электробус пас аз пурра неру гирифтан то 200 км ва троллейбус бо неруи дар батареяҳо захирашуда – то 40 км ҳаракат карда метавонанд. Ғунҷоиши онҳо 100 нафар мусофирро ташкил дода, дарозиашон – 12 метр аст.
Ӯ гуфтааст, ки баъди анҷоми озмоиш ширкат дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои марбута аз давраи озмоишӣ натиҷагирӣ карда, дар корхонаи Akia Avesto ба истеҳсоли як силсила электробусу тролеейбусҳо шурӯъ мекунад.
“Гулбиддин Зиёбеков силоҳ дошт ё не?” Ба таҳқиқи рӯйдодҳои Бадахшон шуруъ карданд
Як гуруҳи иборат аз муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таҳқиқи он чӣ дар охири моҳи ноябр дар деҳаи Тавдему шаҳри Хоруғ гузашт, оғоз кардаанд.
Мақомот ба таври расмӣ дар мавриди тафтиши ҳодиса чизе намегӯянд. Манбаъҳои огоҳ аз қазия 9-уми декабр гуфтанд, ҳоло гуруҳ силоҳеро месанҷад, ки ба иттилои мақомот ба Гулбиддин Зиёбеков, сокини кушташудаи Роштқалъа, тааллуқ дорад, аммо пайвандонаш инкор мекунанд.
Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи деҳаи Тавдеми Роштқалъа, рӯзи 25-уми ноябри имсол дар ҷараёни амалиёти мақомоти интизомӣ дар деҳаи Тавдем кушта шудааст. Ин ҳодиса боиси эътирози чоррӯза дар Хоруғ гардид.
Бахтовар Бахтиёров, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва узви гурӯҳи корӣ, 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҷараёни тафтишот шаффоф идома дорад”. Вай тасдиқ кард, ки “дар ҳоли ҳозир иддаои мақомоти интизомӣ дар бораи аз силоҳ истифода кардани Зиёбеков ташхис мешавад.”
Молики бозори “Корвон” ба Маҷлиси Душанбе роҳ ёфт
Нуршед Машрабов, молики “Корвон”, бозори бузургтарини Душанбе, вакили Маҷлиси пойтахт шудааст.
Интихоботи миёндарвӣ ба Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми ноябри имсол дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шудааст, вале натиҷаҳои онро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот эълон накарданд.
Дар Кумитаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ пирӯзии Нуршед Машрабовро тасдиқ карданд, аммо нагуфтанд, ки интихобот чӣ гуна гузашт. Бисёре аз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ мегӯянд, шоҳиди ҳеч гуна интихобот набуданд.
“Мардон аз занон бештаранд”. Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион наздик шудааст
Бар асоси ҳисобҳои охирини Оҷонси омори Тоҷикистон, ҳоло аҳолии кишвар наздик ба 9 миллиону 700 ҳазор нафар аст.
Дар Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси ҳисобҳои тахминӣ эҳтимол то охири соли оянда аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.
Дар Тоҷикистон ҳоло аҳолии кишварро мешуморанд. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, шумораи мардон дар Тоҷикистон аз занҳо бештар шудаанд. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 901 ҳазор мард ва 4 миллиону 760 ҳазор зан будааст.
2:0: “Хуҷанд” барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2021
Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд тими “Истиқлол” – и Душанберор бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, барои бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд.
Ин бозӣ, имрӯз, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Бозӣ дар 90 дақиқа вақти асосӣ бидуни гол ҷамъбаст шуд ва довар 30 дақиқаи дигар (ду даври 15-дақиқаӣ) таъин кард.
Дар замони изофа голҳоро Ҳоҷибой Зиёев дар дақиқаи 104 ва Артём Сердюк дар дақиқаи 117 заданд ва пирӯзии комили «Хуҷанд»-ро таъмин карданд.
Баҳси пешхидмати собиқ бо “Тоҷик Эйр” идома мекунад
Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти пешхидмати собиқи “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ мекунад.
Ин духтар, ки панҷ сол пеш аксеро аз сафари президент бо ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буд, аз кор ронда шудааст.
Дар ин акс дар дохили ҳавопаймо гул ва дар пасманзараш акси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гузошта шуда буд. Ҳарчанд, ин акс аз солҳо пеш будааст, раҳбарони собиқи ширкат ӯро ба ошкор кардани сирри корӣ рондаанд.
Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, солҳо боз баҳси духтар бо ширкат давом дорад ва соле пеш онҳо ба созиш расида буданд, вале ширкат бар асоси он амал накард.