Маҳдудиятҳо дар роҳҳои вилояти Суғд

Президент ба вилояти Суғд сафар мекунад. Дар куҷо роҳбандиҳо ба амал меоянд?

Дар робита ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд, ки пагоҳ, 14-уми ноябр оғоз мешавад, аз 14 то 16-уми ноябр дар бархе аз роҳҳои вилоят ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Дар ин бора шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод.

Ҳамин тариқ, 14-уми ноябр, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Н.Ҳувайдулоев, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки  Ғафуров, кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров – Ҳоҷӣ Кенҷаев – Рӯзибой  Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Бӯстон, кӯчаҳои  И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон, ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.

15-уми ноябр, дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ – Фирдавсӣ – 25- солагии Истиқлолият – Р. Ҳоҷиев – роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ,  ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров – кӯчаҳои Раҳим Ҷалил – Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

16-уми ноябр, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ – Б. Ғафуров – Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Манбаъ аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари президент якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҷузъиёти бештари ин сафар ҳоло маълум нест.

Skip to toolbar