fbpx

Дилафрӯз – сохтмончӣ, муҳофиз ва рассом. Чӣ тавр зани ҷавон барои пешбурди зиндагӣ талош мекунад

Дилафрӯз барои фарзандонашро аз гуруснагӣ наҷот додан, дар қатори мардон сохтмончӣ шуд.


2
2 points
Дилафрӯз ҳангоми кор

Қаҳрамони мо оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст. Замоне, ки шавҳараш бар асари пандемия дар муҳоҷират бекор монда буд, бори зиндагӣ бар дӯши Дилафрӯз афтод. Як муддат Дилафрӯз бо шавҳараш рассомӣ карда, аз ин ҳисоб зиндагиашонро пеш мебурданд. Пас аз ба муҳоҷират рафтани шавҳараш ӯ аввал сохтмончӣ ва баъдан муҳофиз шуда кор кард, то зиндагиашро пеш барад.

Дар бораи рӯзгори Дилафрӯз Ҳамидова ду сол пеш муаллифи Your.tj Нуралӣ Карим навишта буд, ки он замон ӯ сержанти милитсия буд. Имрӯз мо тасмим гирифтем, дар Рӯзи милитсияи тоҷик, 10-уми ноябр ин қиссаро ба хотир оварем.

Дилафрӯз Ҳамидова зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ аз хӯрди мехост, ки корманди милитсия шавад. Аз ин рӯ пас аз хатми мактаб ба Коллеҷи ҳарбии Вазорати мудофиа (ҳоло Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа) дохил мешавад, вале пас аз се соли таҳсил ӯро волидонаш ба шавҳар медиҳанд. Ҳамин тавр таҳсили қаҳрамони мо дар нимароҳ мемонад.

Ҳоло Дилафрӯз дорои якчанд ҳунар аст ва гирдоби зиндагӣ ба кадом тарафе барад, роҳашро ёфта зиндагӣ мекунад. Ӯ дар баробари сержанти милитсия будан, ҳамчунин дорои ҳунарҳои рассомӣ, тасвиргари аксҳои деворӣ, дӯзанда, катбону, ороишгар, сохтмончӣ ва устои таъмингари хонаҳои навсохт низ ҳаст.

Тасвири Абӯали ибни Сино аз ҷониби Дилафрӯз

Роҳи санъат бо ҷуфти рассом

Хушбахтона, шавҳари Дилафрӯз хатмкардаи Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе будаасту ба ҳамсараш ҳунари рассомиро меомӯзонад. Имрӯз бо шарофати шавҳараш қаҳрамони мо рассоми моҳир гаштааст.

“Пас аз тӯй шавҳарам пурсид, ки чӣ ҳунар дораму ба чӣ шавқ дорам. Гуфтам, мехостам корманди ҳарбӣ ё милитсия шавам, вале нашуд. Вай ба ман пешниҳод кард, ки расмкаширо ёд гирам. Аввалан худкорона ҳар гуна расмҳо мекашидам, шавҳарам нозукиҳои корро ба ман мефаҳмонид”, – мегӯяд Дилафрӯз.

Дилафрӯз қоил мешавад, ки дар аввал барояш аз рӯи гуфтаҳои шавҳараш расм кашидан, хеле душвор буд.

“Дар аввал мушкил буд, баъзан асабӣ мешудам ва ба худ мегуфтам, ки чӣ лозим аст ба ман ҳамин кор. Вале боз ҳисси номаълуме маҷбурам мекард, ки як маротибаи дигар кори кардаамро такрор кунам. Ҳамин тавр ба тасвири ҳар гуна ашё машғул мешудам, рӯи матоъ нақши гулдӯзи мекашидам. Хеле зуд ҳамаро аз худ кардам, ки худам низ дар ҳайрат мондам”,- мегӯяд, қаҳрамони мо.

Маҳсули дасти Дилафрӯз

Дилафрӯз ёрдамчии шавҳар шуда буд. Онҳо якчоя мусаввараҳои хурду калон мекашиданду ба нигористонҳо мефурӯхтанд. Зиндагӣ ранги дигар мегирифт, зану шаваҳар хушбахту аз кори мекардаашон розӣ буданд. Вале вақте фарзандон калон шудан гирифтанд, шавҳари Дилафрӯз тасмим мегирад, барои даромади иловагӣ ба муҳоҷират равад. Пас аз як мудати кор дар Русия пандемия сар мезанаду шавҳари Дилафрӯз бекор мемонад.

Усто Дилафрӯз дар сохтмон

Умеди шавҳараш танҳо ба Дилафрӯз буд, ки ӯ корашро дар ватан идома медод, вале бо баста шудани марзҳо, кам шудани сайёҳон нигористонҳо, ки харидорони асосиашон сайёҳон маҳсуб меёбанд, дарҳои худро мебанданду Дилафрӯз аз даромади ягонааш бенасиб мемонад. Вале Дилафрӯз даст рӯи даст нагузошту дар баробари мардон ба кор баромад, дар ҳоле ки он замон мардум сари калобаашонро гум карда буданду чӣ кор карданашонро намедонистанд.

Дилафрӯз баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дар яке аз сохтмонҳои маҳаллаи Зарафшони пойтахт ба ҳайси сохтмончӣ корро оғоз мекунад. Онҷо ӯ ба душвортарин корҳо, ки барои занон иҷроишашон хатарноканд даст мезад.

Гулкориҳои Дилафрӯз

“Ман натавонистам, ки шавҳарамро интизор шавам, барои ӯ низ мушкил буд дар кишвари бегона боз бо ин вазъият кор ёфтану зиндагӣ кардан. Аз ин рӯ худам миёнамро маҳкам бастаму мушкил ҳам бошад, усто шуда ба кор даромадам. Дар сохтмонҳо миёни мардон тани танҳо сементу хишт ва пенаблоку сементблок мекашонидам ва панҷараву зинапояҳоро рангу бор мекардам. Дар аввал каме шарм мекардам, дар байни мардон, вале баъдан одат кардам. Охир, ман кори ҳалол карда, луқмаи ҳалол меёфтам, ки дар он ҷои шарм набуд”,- қисса мекунад, қаҳрамони мо.

Марди хайрхоҳ

Чӣ тавре ки қаҳрамони мо нақл кард, рӯзе вақти машғули кор дар сохтмон марде ношиносе наздаш меояд ва аз Дилафрӯз пурсон мешавад, ки кӣ асту инҷо чӣ кор мекунад. Ҳамидоваи ҷавон аз асли ҳодиса он мардро огаҳ мекунад ва аз дилсузии зиёд ва нияти кӯмак ӯ ба Дилафрӯз таклифи ҷойи кори муносиб мекунад.

“Он марди ношинос ба ман гуфт, ки кори сохтмон зеби занҳо нест. Ту ба ҷуз ин чӣ кор кардан мехохӣ то барои ту ҷойи муносибе барои кор кардан пайдо кунам. Баъдан ӯ маро ба заводи риштаресии шаҳри Ҳисор бурд ва аз маъмурияти коргоҳ хоҳиш кард, ки барои ба ҷойи кор таъмин кардани ман мусоидат кунанд. Он ҷо маро ба ҳайси муҳофизи коргоҳ қабул намуданд ва ман шаш моҳ дар он ҷо кор кардам”, – мегӯяд, Ҳамидова Дилафрӯз.

Дилафрӯз дар Китобхонаи Миллӣ

Орзуҳо амалишавандаанд

Баъд аз шаш моҳи фаъолият Дилафрӯзро бо рутбаи нав – сержанти милитсия ба Душанбе интиқол медиҳанд ва ҳоло ӯ дар қатори муҳофизони Хадамоти “Муҳофиза”-и ВКД дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзи бехатариву амнияти коргоҳро ба ӯҳда дорад.

“Кори муҳофизӣ низ душвору пурмасъулият аст, хусусан шабҳои навбатдорӣ бояд зираку ҳушёр бошӣ, вале ман шикоят надорам. Билохира, дар хадамоти милитсия кор накунам ҳам соҳиби рутбаи сержант шудам, ки аз ин хушбахтам. Орзуи кӯдакиам аз як тараф амалӣ гашт”, – мегӯяд, Дилафрӯз.

Ҳоло қаҳрамони мо донишҷӯи курси дуввуми Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбон аст. Шавҳараш пас аз оне ки ба истеъдоди Дилафрӯз боварӣ ҳосил мекунад, тавсия медиҳад, ки ҳуҷатҳояшро ба колеҷи номбурда супорад.

“Вақте диданд, ки ман истеъдоди баланди рассомӣ ва дигар ҳунарҳои наққоширо дорам ба коллеҷ қабулам карданд. Ҳоло дар курси дуюм таҳсил мекунам. Ба шарофати устодам Баҳром Сангов нозукиҳои зиёди рассомиро аз худ кардам ва ҳамроҳ сафарҳои зиёди эҷодӣ доштем ва пас аз санҷиши иловагӣ баҳоямро аъло гузоштанд”,- мегӯяд, Дилафрӯз.

Наққошии Дилафрӯз бо устодаш дар шаҳри Норак

“Коронавирус маро аз пой афтонид”

Ҳамидова бо ҳамроҳии устод Сангов, ки Дилафрӯзро яке аз шогирдони беҳтарин меҳисобад, ба сафарҳои зиёди эҷодӣ ба шаҳру ноҳияҳои Бохтару Норак, Ваҳдату Ҳисору Шаҳринав баромаданд. Онҷо ба кашидани расмҳо дар деворҳо, рангу бори панҷараву зинапояҳо ва сохтани ашёҳои фармоишии наққошӣ машғул мешуданд.

“Пеш аз оғози авҷи коронавирус дар Тоҷикистон дар Осорхонаи шаҳри Кӯлоб ман ҳамроҳи устод нусхаи хурди дарвозаи Кӯлобро, ки дар даромадгоҳи шаҳр рост кардаанд, месохтем. Рӯзи охири итмоми дарвоза буд, ки ман ногаҳ аз пой афтодам ва бо ҳамин гирифтори коронавирус шудам. Танҳо дар ҳуҷраи хона табобат гирифтам. Чунон дилтангу ғамгин мешудам, қасдамро аз қаламу варақ мегирифтам. Танҳо расмкашӣ ба ман рӯҳия мебахшид”. – мегӯяд, бо дилтанги Дилафрӯз.

Дастсохтҳои Дилафрӯз

Ҳоло шавҳари Дилафрӯз бинобар баста будани роҳҳо ва вазъи мушкили рӯзгор, дар Русия аст. Фарзандони Дилафрӯз Садриддин ва Нозанин дар тарбияи модарашанд, зеро Дилафрӯз дар Душанбе кор мекунаду, айни ҳол онҳоро ба наздаш оварда наметавонад. Қаҳрамони мо пас аз ду шабонарӯз ба навбатдорӣ мебарояду дар рӯзҳои истироҳати ба рассомию наққоши машғул мешавад. Кӯшиш мекунад, ки маблағи иловагие ба даст оварда ба хабаргирии фарзандонаш равад.

Қаҳрамони мо умед дорад, ки вазъият хуб мешаваду шавҳар аз муҳоҷират бар мегардад ва онҳо якҷоя ҳунарашонро сайқал медиҳанд.

Ӯ ният дорад, ки бо шавҳараш устохонаи рассомӣ ташкил карда бештар ба рассомӣ машғул шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend