Зане ки ба шавҳараш ҷигарашро дод

“Пораи ҷигарамро додам, то фарзандонам бесаробон намонанд”. Зане аз шаҳри Бӯстон ба шавҳараш донори ҷигар шуд

Муҳлиса Каримова сокини шаҳри Бӯстон як қисми ҷигарашро ба шавҳараш Фарҳодҷон Каримов дода, донори зиндаи ӯ шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Ман бе ягон дудилагӣ ба ин ҷарроҳӣ розӣ шудам. Ӯ падари се фарзандам, сардори оила аст. Шавҳарам бояд шифо ёбад ва ба назди фарзандонаш баргардад. Ба табибони мо, ки ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом доданд, изҳори сипос мекунам”.- мегӯяд Мухлиса дар навори гузориш.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон анҷом дода шудааст. Пизишкон қайд мекунанд, ки ин амалиёт беназир буда, бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Қайд мегардад, ки ин ҷарроҳӣ аз амалиёти қаблан дар ҷигар анҷом додашуда ба куллӣ фарқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Лолахонов низ як қисми ҷигарашро ба ҳамсараш ҳадя карда буд.

Skip to toolbar