Пешниҳоди афви қариб 500 ҳазор муҳоҷирони бинокори тоҷик дар Русия

Мухтасари хабарҳои рӯз.


Муҳоҷирон дар Русия

Акс аз сомонаи restate.ru

Озодии Шавкат Бобозода баъди пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима ва барқароркунии 280 ҳазор доллар

Раиси қаблии Агентии содирот ва собиқ вазири саноат, Шавкат Бобозода пас аз чор моҳи ҳабс ва барқарор кардани 280 ҳазор доллар, бо пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст. Ӯ моҳи сентябри соли гузашта бо гумони тақаллуб дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд.

Шавкат Бобозода

Дар ин хусус имрӯз, 27 – уми январ, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.

Ин расона навишт, ки ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 27-уми январ содир шуд ва як манбаи боварбахши дар ин додгоҳ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, Шавкат Бобозода 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (128 ҳазор сомонӣ) ҷарима шуд.

“Бобозода зарари расондаро барқарор кард. Аз ин рӯ, додгоҳ нисбат ба ӯ ҷазоро дар намуди ҷарима раво дид. Шавкат Бобозода ба миқдори зиёда аз 280 ҳазор доллар зарарро ба давлат барқарор кард”, – навишт ин расона.

Дар хусуси вокуниши Шавкат Бобозода ва наздикони ӯ маълумот дода намешавад.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Бобозода яке аз мансабдорони собиқадори ҳукумат буда, аз соли 2013 то 2019 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд.

Соли 2019 аз ин мансаб озод ва ба симмати директори сохтори навтаъсиси Агентии содироти Тоҷикистон нишаст. Ин ниҳод соли 2018 таъсис шуда, содироти маҳсулотро аз кишвар назорат мекунад.

Пас аз боздошт, 29-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Шавкат Бобозодаро аз вазифаи директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуда буд.

Пешниҳоди афви қариб 500 ҳазор муҳоҷирони бинокори тоҷик дар Русия

Антон Глушков, президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) – и Русия пешниҳод кардааст, шаҳрвандони хориҷие, ки дар соҳаи сохтмони Русия кор мекарданд ва барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар хориҷ шудаанд, бояд барои баргаштан бо мақсади кор имкони афв пайдо кунанд.

Ин пешниҳод рӯзи панҷшанбе садо додааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

“Фикр мекунам, ҳоло вақти таҳияи механизмҳои ба истилоҳ афви қувваи кории хориҷӣ расидааст, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудааст. Зеро ин нерӯи кории хориҷӣ лозим буда, онҳо аллакай таҷриба ва малакаҳои кор дар Русияро доранд”, – иброз доштааст Глушков ба рӯзноманигорон.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи муҳоҷироне, ки барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ шудаанд, хеле зиёд буда, танҳо дар Тоҷикистон қариб 0,5 млн нафарро ташкил медиҳад.

“Ҳарчанд қонушиканиҳо гуногун бошанд ҳам, аксари онҳо парвандахои маъмурӣ мебошанд, масалан, напардохтани ҷарима ё риоя накардани реҷаи будубош дар қаламрави Русия”, – гуфтааст вай.

Глушков ҳамчунин изҳор доштааст, ки аллакай таҷрибаи судие роиҷ мешавад, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи ихроҷ ба додгоҳ шикоят бурда, ҳуқуқи баргаштан ба Русияро барои истифодаи меҳнати худ мегиранд.

Роҳбари иттиҳодияи бинокорон таъкид доштааст, ки соли 2022 дар Русия ҳудуди 6,5 млн нафар ба бинокорӣ машғул шуда, бо назардошти ҳадафҳои рушди соҳаи сохтмон, соли 2030 шумори онҳо бояд то 8 млн нафар зиёд шавад.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 40%-и хатмкунандагони муассисаҳои таълими соҳаи сохтмони Русия бо ихтисоси гирифтаашон кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Москва, соли 2022 кормандони ин ниҳод ба 28,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ вуруд ба ин вилоятро манъ карданд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, нисбат ба соли 2021 дар зарфи 11 моҳи соли гузашта шумори ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда 10% афзуда, тайи 5 соли ахир ин нишондиҳанда баландтарин аст.

Боздошти зани қаллобе, ки шахси маъюбро фиреб кардааст

Зани 36 – солаи сокини ноҳияи А. Ҷомӣ маблағи 91 ҳазор сомонии аз  сокини ноҳияи Ёвон бо роҳи фиреб гирифтаашро барнагардонидааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ӯ моҳи июли соли 2022 худро корманди фонди хайриявӣ муаррифӣ карда, ба ҷабрдида, ки маъюб мебошад, ваъдаи бо ин маблағ аз Душанбе хона гирифтанро додааст.

Қаблан ВКД аз ду ҳолати ба ҳамин монанд хабар дода буд. Дар он ҳам як зани қаллоб бо ваъдаи харидани хона аз ҷабрдидаҳо маблағ дар ҳаҷми калон рӯёнидааст.

Шахсияти зан номуайян боқӣ мемонад. Вазорат навиштааст, тафтишот идома дорад.

Раҳбарони Қирғизистону Узбекистон бо имзои як санад ба баҳсҳои марзии ду кишвар хотима додаанд

27 – уми зимни вохӯрии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев январ дар шаҳри Бишкек маросими табодули тасвибномаи созишнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Аз ҷониби раҳбарони ду давлат 25 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Аз ҷумла ду кишвар ба баҳси марзӣ миёни ду кишвар нуқта гузоштанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории nuz.uz

Қаблан дар парлумони Қирғизистон гуфта буданд, ки дар натиҷаи музокироти ахир беш аз 13 ҳазор гектар замин дар минтақаҳои баҳсӣ ба Қирғизистон гузашт.

Дар натиҷа 4127 гектар замин мувофиқи шартномаи соли 1965 Ӯзбекистон барои обанбори Кампиробод ба Қирғизистон ҷуброн карда буд. Инчунин аз ҳисоби кам шудани сатҳи оби ин обанбор аз 908 то 900 метр 1246 гектар замин ба ихтиёри Қирғизистон дода мешавад.

Дар чаҳорчӯби Созишномаи байни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи идораи муштараки захираҳои об дар обанбори Кампиробод барои назорат ба кори обанбор, муайян кардани ҳадди ниҳоии об ва пешгирӣ аз болоравии сатҳи об беш аз 900 метр як гурӯҳи кории иборат аз 12 нафар таъсис дода мешавад.

Тибқи созишномаи имзошуда, хати қитъаи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар бо дарозии умумии 302 километру 290 метр муайян шудааст.