Парвози ҳавопаймо ба ВМКБ

Парвози ҳавопаймо ба шаҳри Хоруғ барқарор мегардад

Имрӯз, 28 феврал парвози нахустини ҳавопаймо ба шаҳри Хоруғ маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сурат гирифт. Парвози санҷишии ҳавопаймои L410 NG дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба амал омад, хабар медиҳад дафтари матбуоти МИҲД – и ВМКБ.

Дар расми қабули парвози нахустин ҳавопаймо раиси вилоят Мирзонабот Алишер, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Шодӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Акнун сокинон ва сайёҳон метавонанд тавассути он дар самти Душанбе – Хоруғ – Душанбе парвоз анҷом диҳанд.

“Ҳавопаймои L410 NG истеҳсоли давлати Чехия буда, аз ҷониби Агентии Аврупоӣ оид ба бехатарии авиатсионӣ сертификатсия шудааст. Он хусусиятҳои беҳтаршудаи парвозиву истифода дорад ва ба технологияҳои пешрафта ва авионикаи инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Тавассути он метавон 19 нафар мусофирро дар хатсайрҳои маҳаллӣ интиқол дод”,- омадааст дар хабар.

Дар бораи нарх ва ҷадвали парвозҳои ҳавопаймо маълумот дода нашудааст.

Skip to toolbar