fbpx

Соли 2022 дар Суғд 38 ноболиғ даст ба худкушӣ задааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Худкушии ноболиғон дар Суғд дар соли 2022
Акс аз сомонаи tengrinews.kz

Занеро, ки мехост қариб 1 млн рублро ба Тоҷикистон биёрад, дар Русия боздошт карданд

Дар постгоҳи гумруки Тюмени Русия занеро, ки бо пулҳои аз ҳаҷми муқарраргардида зиёд нияти сафар ба Тоҷикистонро дошт, боздошт намуданд.

Мусодираи беш аз 1 млн рубли русӣ дар Русия

Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳод хабар медиҳад .

Ному насаб ва миллат ин зан зикр нашудааст. Ӯ ният дошт бо хатсайри Сургут –Хуҷанд дар бағочи дастиаш 1 млн 167 ҳазор рублро ба Хуҷанд расонад.

“Ӯро дар “минтақаи сабз” – и назорати гумрукӣ боздошт намуданд. Маблағи баробар ба 10 ҳазор долларро ба зани мусофир зери баёнот баргардонида, 451,5 ҳазор рубли боқимондаро, ки гузарониданаш ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, мусодира намуданд”,- хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.

Аз рӯи далели мазкур парванда оид қонушикании маъмурӣ боз шуда, маводи парванда ба суд ирсол шудааст. Зан метавонад то маблағи дукаратаи пулҳои дар эъломия зикрнашуда ҷарима супорад ё он мусодира шавад.

Дар Русия ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани пули нақди баробар ба зиёда аз 10 ҳазор доллар эъломияи гумрукиро пур кардан зарур аст. Барои зикри хаттии асъор дар эъломия пардохти гумрукӣ ситонида намешавад ва он барои шахсе, ки эъломияро пешниҳод мекунад, бепул аст.

Дар ҳамин ҳол, агар пули нақд аз 10 ҳазор доллар (дигар асъори баробар ба он низ) зиёд бошад, ҳангоми дар эъломия зикр гардидани он, ҳуҷҷати аз куҷо дарёфт шудани ин маблағ талаб мешавад.

Соли 2022 дар Суғд 38 ноболиғ даст ба худкушӣ задааст

38 ҳолати даст ба худкушӣ задани ноболиғон давоми соли 2022 дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ дар ин давра 202 ҳодисаи худкушӣ  ва сӯиқасд ба он дар ҳудуди вилоят сабт шудааст.

Худкушии ноболиғон дар Суғд

Дар ин хусус Фурқат Хоҷазода, прокурори вилояти Суғд иттилоъ додааст.

Аз ин шумора, 167 адад худкушӣ ва 35 адади онро  сӯиқасд ба худкушӣ  ташкил медиҳад, меафзояд ӯ.

“Дар робита ба ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба он соли гузашта 20 парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, пас аз тафтишот барои моҳиятан баррасӣ гаштан ба судҳои дахлдор ирсол гардид”,- гуфт Фурқат Хоҷазода.

Бино ба иттилои ӯ, омори худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар ҳудуди вилоят нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии маводи нашъаовар дар Хатлон боздошт шудааст

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Нодир Муродзода бо ҷурми қаллобӣ ва кӯшиши гирифтани пора дастгир шудааст.

Сардори Раёсати Оҷонсии назорати давлатии маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Нодир Мурозода, акс аз “Азия-Плюс”

Ӯро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар боздошт кардаанд.

Як манбаъ ба “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ин хабарро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ Нодир Муродзода якҷо бо чанд кормандаш ду ҳафта пеш дастгир шуда буд.

Манбаъ аз ифшои маълумоти бештар худдорӣ карда гуфтааст, амалиёти боздошт аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Қаблан, дар хусуси боздошти Нодир Муродзода Радиои Озодӣ иттилоъ дода буд. Ин расона бо такя ба манобеи худ навишт, ки “полковник Муродзода дар тағйири парвандаи як қочоқбар ва гирифтани пора дар ҳаҷми беш аз 150 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. Ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4 – и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” айбдор мешавад”.

То ҳол вобаста ба ҳолати мазкур назари Нодир Муродзода ва наздиконаш дастрас нест.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомоти тафтишотӣ манависад, ки “Нодир Муродзода дар ҳамкорӣ бо кормандони КДАМ дар Хатлон як кочоқбарро боздошт мекунад ва тафтиши парвандаи онро бар душ мегирад, вале бар хилофи далелҳо талош мекунад, то ӯро аз ҷавобгарӣ раҳо созад ё ҷурмашро камтар нишон диҳад”.

Ҳоло Нодир Муродзода дар боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки Нодир Мурозода қаблан Федератсия волейболи кишварро роҳбарӣ мекард ва дар вазифаҳои гуногуни ВКД низ фаъолият кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend