Парлумон қонуни авфро пазируфт. Он нисбати киҳо татбиқ мешавад?

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар қонун “Дар бораи авф”-ро қабул карданд, ки бар асоси он  дар зарфи ду моҳи оянда 16 ҳазор нафар авф хоҳанд шуд.

Муовини прокурори генералии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод, зимни муаррифии қонуни мазкур гуфтааст, ки он ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар бахшида шудааст, хабар медиҳад маркази матбуотии парлумон.

Ӯ зимни муаррифии қонун гуфтааст, ки ҳадафи қонуни мазкур ба ҳаёти осоишта баргардондани маҳкумшудаҳо аст.

Киҳо аз ҷавобгарӣ озод мешаванд?

Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни мазкур шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:

– шахсоне, ки: аз бе эҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд;

– шахсоне, ки нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст;

– ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст;

– ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;

– шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд;

– ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд набуда маҳкум шудаанд;

– барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкумшудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд.

Чанд нафар ба озодӣ мебароянд?

Қонун нисбати 16 ҳазор нафар татбиқ мегардад. Аз ин миқдор озод мешаванд;

– 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо;
– 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон;
– 350 нафар судшавандагон
– Наздики 3 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ;
– Як ҳазору 900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат
– 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ;
– Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Киҳо авф ё бахшида нахоҳанд шуд?

Қонуни афв нисбат ба онҳое, ки бо одамкушӣ, расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, рабудани одам, хариду фурӯши одамон, таҷовуз ба номус, шиканҷа ва ҷиноятҳои марбут ба фаъолияти террористӣ ва ифротгароӣ ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд.

Инчунин, авф нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд; маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки қаблан бо татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷазо ё аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда ва боз ҷинояти қасдона содир намудаанд, татбиқ намешавад.

Бартарӣ ба кӣ дода мешавад?

Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.

Қонун дар муҳлати чанд моҳ иҷро мегардад? 

Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.

Киҳо барои иҷрои он вазифадор шудаанд?

Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохиливу адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти кишвар, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Skip to toolbar