fbpx

Дар Тоҷикистон ҳар нафари сеюми аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0

Даъват ба артиш бар асоси қонуни нави хидмати низомӣ дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон фармони даъвати тирамоҳӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро имзо кардааст. Тибқи фармон дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри имсол ҷавонони соли таваллудашон 1994 то 2003 барои хизмат дар артиш сафарбар хоҳанд шуд. Ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳои ҳарбӣ дастур шудааст даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба сарбозӣ ба роҳ монанд.

Даъвати навбатӣ дар шароитест, ки Тоҷикистон аз моҳи январи имсол хидмати алтернативиро ҷорӣ кард. Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ (тахминан $ 2300) ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Иддае онро як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд, вале гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронанд. Намояндагони Вазорати мудофиа исрор меварзанд, ки шаффофияти ин кор таъмин хоҳад шуд. ​

Мақомоти тоҷик: ҳар нафари сеюми аз 18-сола боло бар зидди COVID-19 эм шудааст

Мақомоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе нақшаи моякубӣ бар зидди COVID-19 тақрибан 92 фойиз иҷро шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 31-юми август дар саросари кишвар беш аз 34 дарсади сокинони аз 18-сола боло ваксина гирифтаанд. Ба изҳороти вазорат, танҳо дар як ҳафтаи ахир тақрибан 118 ҳазор нафар алайҳи коронавирус ваксин зада шуданд.

Ба қавли мақомот аз замони хуруҷи ин беморӣ ба кишвар беш аз 4 миллиону 760 ҳазор воя ваксинаи CoronaVac, AstraZeneka ва Moderna ворид шудааст. Ваксинаи русии “Спутник V” ба миқдори 60 ҳазор воя танҳо дар дармонгоҳои шаҳри Душанбе дастрас будааст.

Дар Хуҷанд роҳкиро боло рафт, аммо аз автобусҳо не: зиёнро аз буҷет ҷуброн мекунанд.

Масъулини идораи “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” мегӯянд, тасмими боло бурдани нархи роҳкирои автобусҳоро надоранд ва дар нақшаи оянда низ нест.

Ҳоло мақомоти масъул мегӯянд, ки товони зиёни идораи автобусҳо аз буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд рӯйпӯш мешавад. Аммо то куҷо ин ҷуброн метавонад хидматрасонии автобусҳои давлатиро бетағйир нигоҳ дорад, суолест, ки посухаш ҳоло рӯшан нест.  

Сар аз 1-уми сентябр дар пайи гарон шудани арзиши маводи сӯхт роҳкирои нақлиёти мусофиркашони дохилишаҳрӣ дар Тоҷикистон 25 дарсад ва хатсайрҳои наздишаҳриву байнишаҳрӣ то 37 дарсад боло рафт. Ба ин тартиб нархи роҳкиро дар микроавтобусҳои дохилишаҳрии Хуҷанд аз 1 сомонию 50 дирам то ба 2 сомонӣ боло рафта боис ба нигарониҳои мардум низ шудааст.

Бо гузашти ду рӯз аз болоравии роҳкиро дар Тоҷикистон идораи “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” эълом кард, ки арзиши мусофиркашонӣ дар автобусҳоро боло бурдани нест. Нархи роҳкирои дохилишаҳрӣ дар  автобусҳо 1 сомонӣ ва беруназшаҳрӣ 2 сомонӣ бетағйир боқӣ монд.

Абдухолиқ Қаҳҳоров, сармуҳандиси  идораи “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд”  дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукумати Хуҷанд дар харидории маводи сӯхт кӯмак кард ва дар назар аст ҷуброни зиёни ба корхона расида аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ рӯйпӯш шавад.

Суғдиён ба Данғара мекӯчанд: Раёсат раванди муҳоҷирати дохилиро шарҳ дод

Зайнура Шарифӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфтааст, соли ҷорӣ муҳоҷирати дохилии 79 оила ба нақша гирифта шудааст.

“13 оила аз шаҳри Исфара ба ноҳияи Данғара, 11 оила аз ноҳияи Спитамен ба ноҳияи Зафаробод, 25 оила аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Хуросон ва 30 оилаи дигар аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Данғара дар нақша гирифта шудааст”, – иттилоъ додааст Шарифӣ.

Муҳоҷирати ин гурӯҳи сокинон тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ки 31 октябри соли 2020 ба имзо расида буд, ба нақша гирифта шудааст. Аз омори ирашуда бармеояд, ки бештари муҳоҷирони дохилӣ ноҳияи Данғараро макони иқомати худ интихоб намудаанд.

Ҷопон барои сохтмон ва бозсозии 10 мактаб дар Тоҷикистон пул медиҳад

Мақомоти Ҷопон барои сохтмон ва бозсозии 6 мактаб дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор доллар маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Бино ба иттилои сафорати Ҷопон дар Душанбе, ахиран маросими имзои шаш лоиҳаи мувофиқ баргузор гардид. Созишномаҳо аз ҷониби Такаюки Мияшита, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дахлдор ба имзо расид.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии грантҳое, ки ҳукумати Ҷопон барои сохтмон ва таҷдиди шаш мактаб дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҷудо кардааст, 564 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Лоиҳаҳо дар доираи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмаки бепул ва амнияти башардӯстона барои қишри бузурги аҳолӣ (GGP) амалӣ карда мешаванд.

Бино ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, қарордодҳо дар бораи ҷудо кардани маблағи грант барои сохтмони чаҳор мактаби дигар низ рӯзи 6 сентябр ба имзо расидааст.

Сомон Маҳмадбеков барандаи ҷоми ҷудои Ҷигоро Коно дар Русия шуд

Паҳлавони ҷудокори шинохтаи тоҷик, Сомон Маҳмадбеков, ки аз Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷаҳон дар “Мусобиқаи байналмилалии ҷудои ба номи Ҷигоро Коно” ширкат мекард, барандаи ҷоми ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ дар вазни то 73 кг гардид.

Сомон Маҳмадбеков дар ин сабқат бар ҳарифаш Казбек Нагучев аз Русия пирӯз шуда, ғолиби мутлақи ин мусобиқа гардид. Бояд гуфт, ки Казбек Нагучев ғолиби Қаҳрамонии Аврупо дар соли 2020 мебошад, ки аз Сомон шикаст хӯрд.

Сомон ягона паҳлавон аз Тоҷикистон ва Осиё аст, ки ба ин мусобиқа роҳ ёфт ва вориди майдон шуд.

Марди тоҷик барои куштори зане дар Русия ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Санкт-Петербург як зодаи 42-солаи Тоҷикистонро барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ҷамшед Сулаймонов ба қатли як зани 39-сола ва модари ду фарзанд муттаҳам мешавад.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, боздоштшуда, барои 20 ҳазор рубли русии қарзи додааш ин занро шоми 28-уми август дар маҳалли кораш – коргоҳи қаннодӣ нахуст буғӣ карда, сипас чанд зарби корд мезанад. Қотили эҳтимолиро аз рӯи сабти камераи мушоҳидавӣ ва телефонаш, ки дар маҳалии куштор афтодаву шикаста буд, муайян карданд.

Сулаймонов баъди куштор қасди фирор ба Тоҷикистонро доштааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро дар фурудгоҳ боздошт намуданд. Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Хона ва 88 ҳазор сомонӣ: ёрии мақомоти диннӣ ба зарадидагони офатҳои табиӣ дар кишвар

Мақомоти маҳалии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон ба зарардидагони офатҳои табии дар ноҳияи Вахш манзили истиқоматӣ ва маблағ додаанд. Дар ин бора, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки се манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Вахш бо сарпарастии шуъба ва бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш дар ҳамкорӣ бо ходимони дини вилоят ба сокинони деҳаҳои Иттифоқ, Озодӣ ва Файзбахши ноҳияи Вахш – Наврӯзшоҳ Ҷамолов, Бобомурод Одинаев ва Каромат Розиқов тақдим шуд.

Ба ғайр аз ин, ба сокинони зарардидаи деҳаи Навобод 53 ҳазор сомонӣ маводи озуқа кӯмак расонида шудааст.

Манбаъ, инчунин менависад, ки ходимони дини вилояти Суғд бо нишони ҳамдилӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои офати табии дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ва ходимони дини шаҳри Кӯлоб ба зарардидагони ноҳияҳои мазкур беш аз 15 ҳазор сомонӣ кумак расониданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend