Пайванди Борис Кимёгаров бо “Шоҳнома”. 105-солагии коргардоне, ки ҳамосаи миллиро ба синамо овард

Борис Кимёгаров, вақте бори нахуст “Шоҳнома”-и Фирдавсиро мутолиа кард, тасаввур ҳам намекард, ки ин асар ҷараёни тамоми умрашро дигаргун месозад. Ӯ намедонист, ки бо ин достони ҳазорсола робитаи ногусастание барқарор мекунад, ки то поёни зиндагӣ давом хоҳад кард.

Аммо ӯ коргардоне шуд, ки “Шоҳнома”-ро аз саҳифаи китоб ба пардаи синамо овард ва ба воситаи абармардони “Шоҳнома” – Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш ва Кова таъриху тамаддуни тоҷиконро дар миқёси шӯравӣ ва берун аз он шиносонд.

Имрӯз, 30-юми сентябр рӯзи таваллуди Борис Кимёгаров аст, ки 105-сола шуд. Мо ба ин муносибат бо истифода аз хотираҳои коргардон ва мусоҳибаҳои пайвандонаш хостем пайвандии ӯро бо “Шоҳнома” ба риштаи тасвир бикашем.

Бо “Шоҳнома” нафас мекашид

Духтари коргардон, Лилия Кимёгарова ёд мекунад: “Вақте падарам аз рӯи “Шоҳнома” филм мебардошт, тамоми хонаи мо пур аз акси ҳунарпешаҳо, лаҳзаҳои филм буд, вай дар ҳамин муҳити “Шоҳнома”-ву Фирдавсӣ нафас мекашид”.

Борис Кимёгаров

Барои Кимёгаров “Шоҳнома” танҳо достон набуд. Ин бузургтарин сарчашмаи ҳувияти тоҷикон буд. Дар он замон бисёре ба ин боварӣ надоштанд ва бо шубҳа мегуфтанд:

“Шоҳнома”-ро чӣ гуна ба филм табдил додан мумкин аст? Ин достони ҳазорсола ба забони шеър навишта шудааст, дар он ҷодуву афсонаҳо зиёданд, қаҳрамонон қувваи ҳайрангезе доранд. Чӣ тавр метавон онро дар экран нишон дод?

Аммо Кимёгаров ба худ боварӣ дошт.

Омодагии офаридани ҳамоса

То он даме, ки сабти филм оғоз шуд, Кимёгаров чанд сол ҷон канд. Ӯ “Шоҳнома”-ро борҳо хонд. Ҳар достонро, ҳар қиссаро омӯхт. Бо олимоне, ки “Шоҳнома”-ро меомӯзанд, вохӯрӣ кард. Аз онҳо пурсид, чӣ гуна дар замони Фирдавсӣ мардум зиндагӣ мекарданд, чӣ мепӯшиданд, чӣ мехӯрданд, чӣ гуна меҷангиданд.

Барои интихоби филмноманавис вай вақти зиёд сарф кард. Мехост филмноманависе пайдо кунад, ки рӯҳи “Шоҳнома”-ро дарк карда тавонад.

Сарнавишт ӯро бо филмноманависи машҳури рус Григорий Колтунов пайваст кард. Колтунов аввал рад кард, ки барои киностудияи вилоятии Душанбе кор кунад.

Вай дар Москва зиндагӣ мекард ва бо коргардонони машҳури шӯравӣ ҳамкорӣ дошт. Аммо вақте бо Кимёгаров вохӯрӣ кард, ҳама чиз иваз шуд. Колтунов дар чашмони ин коргардон чизеро дарёфт, ки ӯро ба худ ҷалб намуд: ишқ ба ҳунар ва боварӣ ба он чизе, ки меофарад.

Борис Кимёгаров бо Давлат Худойназаров аз чап ва наворбардори дигар

Колтунов розӣ шуд, аммо як шарт гузошт: хост, ки барояш “Шоҳнома”-ро ба забони форсӣ хонанд. Вай забони форсиро намедонист, аммо мехост садои асли матнро бишнавад, мехост ритми шеъри Фирдавсиро эҳсос кунад.

Кимёгаров розӣ шуд. Дар Москва эронӣ пайдо карданд, ки шабу рӯз барои Колтунов “Шоҳнома” мехонд. Бо шеваи эронӣ мехонд, Колтунов гӯш медод ва чизҳоеро ёддошт мекард, ки танҳо худаш мефаҳмид. Кимёгаров муддати дароз интизор монд, ҳатто асабӣ шуд, вале дар ниҳоят филмномае гирифт, ки зиндагӣ ва корномаи вайро тамоман дигар кард.

Дар ҷустуҷӯи Рустам

Соли 1961 аввалин филм аз рӯи “Шоҳнома” – “Коваи оҳангар” ба рӯйи пардаи синамо омад. Ин достони Кова – оҳангаре буд, ки 17 писари худро қурбони шоҳи золим – Заҳҳок кард ва дар ниҳоят барои наҷоти ҷони фарзанди охиринаш сабраш сар омад. Ӯ либоси чармини оҳангарии худро дирафш кард ва зери он ливо халқ шоҳро сарнагун сохт.

Ин филм натанҳо дар синамои тоҷик, балки дар синамои шӯравӣ кори шоён ва инқилоби синамоӣ шуморида шуд. Аммо барои Кимёгаров ин танҳо оғози роҳ буд.

Пас аз “Коваи оҳангар” Кимёгаров мехост бузургтарин қаҳрамони “Шоҳнома”-ро ба рӯйи экран биёрад – мехост дар бораи Рустам филм созад. Аммо барои ин бояд ҳунарпешае пайдо мекард, ки таҷассумгари Рустам шавад.

Кимёгаров медонист, Рустам бояд чӣ гуна бошад: баланду қавӣ, бо чашмони оташин ва садое, ки мисли раъд аст. Аммо асосиаш бояд дар чеҳраи вай руҳи паҳлавон дида мешуд.

Борис Кимёгаров ва ҳунармандони “Достони Рустам”

Коргардон тамоми Иттиҳоди Шӯравиро гашт. Ба ҳар театре рафт, ҳунарпешаҳои зиёдеро дид. Аммо ҳеч яке ба дилаш нанишаст. То он замоне ки як рӯз дар Москва назари вай ба ҷавоне афтод, ки дар саҳна бозӣ мекард. Ин Бимболат Ватаев – ҳунарпешаи Театри халқии Осетистон буд. Кимёгаров гуфт: ин ҳамон Рустам аст!

Баъдтар Ватаев нақл мекард, ки Кимёгаров ба вай гуфт: “Шумо бояд Рустам шавед”. Ватаев пурсид: “Рустам кист”? Кимёгаров ҷавоб дод: “Биёед, ба шумо нақл мекунам”,- ва ба вай достони Рустамро нақл кард.

Нақл кард, ки чӣ гуна ин паҳлавон барои халқаш мезист ва меҷангид, чӣ гуна фарзандаш Сӯҳробро надонист ва чӣ гуна бо дасти худ ӯро кушт.

Ватаев гуфт: “Ман Рустам мешавам”!

Рустам дар пардаи синамо

Кимёгаров талаб кард, ки ҳама чиз воқеӣ бошад. Ҷавшанҳоро аз мис сохтанд, на аз картон. Шамшерҳоро оҳангарони гурҷӣ сохтанд, на дар устохонаи киностудия. Тоҷи шоҳро аз мисе сохтанд, ки барқ мезад. Либосҳоро аз пӯсти гург, хирс ва шер дӯхтанд.

Борис Кимёгаров ҳангоми филмбардории “Рустам ва Сӯҳроб”

Вақте баъзеҳо мегуфтанд, ки ин хеле гарон аст, Кимёгаров ҷавоб медод: “Ман ҳамосаи халқи худро месозам ва ҳамоса бояд ҳақиқӣ бошад”!

Саҳнаҳои ҷангӣ ҳафтаҳо машқ карда мешуданд. Саҳнаи ҷанги Рустам ва Суҳроб як ҳафтаи тамом омода карда шуд. Кимёгаров мехост, ки дар ҳар ҳаракат, дар ҳар нигоҳ дарди ин ду паҳлавон дида шавад.

Барои саҳнаҳои бузурги ҷангӣ аз Москва полки савораи аспон даъват карданд. Сарбозон дар гармӣ ва гарду ғубор масофаҳои дарозро медавиданд. Кимёгаров ҳамроҳи онҳо буд, нишон медод, чӣ тавр бояд сарбозон ҳаракат кунанд.

Пас аз чанд соли заҳмат, соли 1970 “Достони Рустам” ва соли 1971 “Рустам ва Сӯҳроб” дар пардаи синамо намоиш дода шуданд. Ба қавли ҳолдонҳо, баъд аз ин ду филм мардум дар кӯчаҳо дар бораи ин филмҳо суҳбат мекарданд ва фарзандони худро Рустаму Сӯҳроб ном мениҳоданд.

Борис Кимёгаров бо ҳунарпешаи узбек Светлана Норбоева, ки нақши Таҳминаро бозидааст

Ин ҳамон чизе буд, ки Кимёгаров мехост. Вай мехост, тоҷикон ниёгонашонро бишносанд. Мехост, онҳо ба гузаштаи бузургашон ифтихор кунанд. Мехост, ҷаҳон бидонад – тоҷикон халқи бузурге ҳастанд, ки дорои таърихи дурахшонанд.

Баъдан Борис Кимёгаров соли 1976 аз рӯйи асари “Шоҳнома” филми “Достони Сиёвуш”-ро ба навор гирифт. Ин достони шоҳзодаи ҷавоне буд, ки покиза зист ва покиза ҷон дод. Аммо коргардон аллакай хаста буд,  саломатиаш бад мешуд, бемории қанд ӯро озор медод, бо вуҷуди ин, филмро ба поён расонд.

Духтараш Лилия Кимёгарова ёд мекунад: “Падарам ҳангоми наворбардории “Достони Сиёвуш” бемор буд. Аммо ҳар рӯз ба киностудия меомад. Мегуфт, бояд онро ба охир расонам”!

Кимёгаров орзуи офаридани “Фирдавсӣ”-ро бо худ бурд

Баъди ин, коргардон мехост зиндагиномаи муаллифи Шоҳнома – Ҳаким Абдулқосими Фирдавсиро рӯйи навор орад. Ӯ нисфи филмномаро таҳия кард, ки дар он бояд бойгонии филмҳои “Рустаму Сӯҳроб”, “Достони Рустам”, “Достони Сиёвуш” ва “Коваи оҳангар” истифода мешуд.

Борис Кимёгаров ва Сайрам Исоева ки нақши Гурдофаридро бозидааст

Аммо моҳи апрели соли 1979 бойгонии “Тоҷикфилм” оташ гирифт. Дар он оташ бисёр филмҳои Кимёгаров ҳам аз байн рафтанд. Аз ҷумла, бархе бойгонии барои филми Фирдавсӣ нигоҳдоштаи ӯ ба коми нестӣ рафтанд.

Лилия Кимёгарова он рӯзро чунин ба хотир меорад: “Падарам дар айвон истода буд ва ба оташ менигарист. Ман чеҳраи ӯро медидам – чеҳраи марде буд, ки баробари сӯхтани лентаи филмҳояш ӯ ҳам месӯхт… Ин охири умри ӯ буд…”.

Пас аз чанд рӯз, Борис Кимёгаров барои рафъи бемории кӯррӯда (аппендисит) ба мизи ҷарроҳӣ хобид. Духтурон ба ӯ доруи беҳиссозӣ (наркоз) доданд, ӯ чашм пӯшид ва бо ҳамин дигар ба ҳуш наёмад.

Дар мақбараи Фирдавсӣ, Эрон, соли 1978

Кимёгаровро рӯзи 19-уми апрели соли 1979 дар 58-солагӣ дар Душанбе ба хок супориданд. Ӯ орзуи офаридани филми Фирдавсиро бо худ бурд. Бо гузашти қариб 50 сол дигар ҳеҷ коргардоне ҷуръат накард, ки ҳаёти Фирдавсӣ ва қаҳрамонҳои офаридаи пири Тӯсро рӯйи пардаи синамо орад.

Зармеҳри Раҳмат

Skip to toolbar