Президенти Тоҷикистон ба Олмон сафар мекунад

Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон сафар мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза пагоҳ, 28-уми сентябр ба Берлин меравад. Дар назар аст, роҳбари далат дар Олмон бо президент ва садри аъзам (канслер)-и ин кишвар мулоқот анҷом диҳад.

“Азия-Плюс” бо истинод ба иттилои хадамоти матбуоти президент менависад, сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми сентябр оғоз гардида, то 30-юми сентябр идома мекунад.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.

“Сарвари давлат бо сарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Берлин мулоқот анҷом медиҳанд”, – мегӯяд манбаъ.

Гуфта мешавад, мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, мебошанд.

“Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати иқтисодӣ ва энержӣ низ баррасӣ мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Илова бар ин, мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олаф Шолс, садри аъзам (канслер)-и Олмон дар назар гирифта шудааст.

Мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолз низ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар ширкати президенти Тоҷикистон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Баъд аз ин боз ҳам сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дидор доштанд.

Skip to toolbar