Қотилу таҷовузгари эҳтимолии духтараки 9-сола дар Хуросон кист? Тафсилоти ҳодиса. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи unn.com.ua

Лоиҳаи қонуни “авфи тиллоӣ” ҳамин ҳафта ба парлумон пешниҳод мешавад

Гурӯҳи кории махсус, ки нимаи моҳи июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда буд, корҳои таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро ба поён расонид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар додааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, лоиҳаи қонуни дар боло зикршуда муддати ду рӯзи наздик ба баррасии парлумон фиристода мешавад.

Ба гурӯҳи кории махсуси бо супориши президент таъсиёфта ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомила буданд.

“Ба истилоҳ “авфи тиллоӣ”, ки бо ташаббуси президент ба ифтихори 30-солагии Итиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад, зиёда аз 25 ҳазор нафар гумонбаршудагон, судшавандагон ва маҳкумшудагонро фаро гирифта метавонад”, – зикр кардааст манбаъ.

Шӯрои СПАД: Режими сиёсии Афғонистон бояд “манфиатҳои ҳамаи табақаҳои ҷомеа”-ро ба эътибор гирад

Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мавзӯи аслии иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои СПАД буд, ки рӯзи 23-юми август ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ таҳти раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Тоҷикистон соли 2021 раҳбарии давраии ин созмони низомии зери назари Русияро ба ӯҳда дорад.

Ба навиштаи вебсайти президенти Тоҷикистон, аъзои Шӯрои СПАД аз «якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон”, ки аз 15-уми август аксар қаламравҳояш зери назаои Толибон қарор доранд, изҳори нигаронӣ карданд.

“Режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад”,- гуфта мешавад дар сомонаи президенти Тоҷикистон.

Қотилу таҷовузгари духтараки 9-сола дар Хуросон кист? Тафсилоти ҳодиса

Додситонии вилояти Хатлон бар пайи ҳодисаи таҷовуз ва қатли ноболиғи 9-сола дар ноҳияи Хуросони ин вилоят бар асоси моддаҳои  138 қисми 3 (таҷовуз) ва 104 қисми 2 (куштор)-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз кардааст.

Гумонбар дар ин ҷиноят Рустам Болтахонов, ки қаблан бо ҷурми куштор дар Федератсияи Русия маҳкум шуда буд, дониста мешавад.

Як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон ба “АП” хабар дод, ки ҷасади духтараки 9 сола дар деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон, шаби 16 ба 17 август бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовуз пайдо шуд.

Ба гуфти манбаъ, дар рафти бурдани корҳои оперативию ҷустуҷуӣ маълум мешавад, ки тахминан соатҳои 12-уми рӯзи 16-уми август, вақте М.Б 9-сола аз роҳ мегузаштааст, Рустам Болтахонов ӯро бо роҳи фиреб ба хонааш дароварда, ба номусаш таҷовуз карда, баъдан бо роҳи буғӣ кардан мекӯшад.

Баъди содир кардани ҷиноят, Болтахонов ҷасади М.Б -ро то вақти торик шудан пинҳон карда, баъдан ба ҷуйбори наздики хонаашон бурда мепартояд.

Ба гуфти ин манбаъ, Рустам Болтахонов падари се фарзанд аст, қаблан барои куштор Русия ба муҳлати 7 сол зиндонӣ шудааст.

ВКХ: хабари аз Тоҷикистон ба Панҷшер бурдани силоҳу муҳимот бепоя аст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашршуда дар расонаҳои Афғонистон ва бахши шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар робита ба интиқол додани муҳимоту силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро рад кард. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин хабар аз беху бун бепоя аст.

Субҳи имрӯз, 23 август “бархе телеграмканалҳои расонаҳои Афғонистон, аз қабили «Спутник Афғонистон», «Тулӯъ» ва «Иттилооти рӯз» хабар доданд, ки «нахустин чархболҳои ҷабҳаи муқовимат силоҳ, муҳимот ва ниёзмандиҳои ҷабҳаро аз Тоҷикистон ба Панҷшер интиқол додаанд». Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин хабар асоси воқеӣ надорад.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия плюс» гуфтанд, ки чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад ва ҳеҷ чархболи Тоҷикистон барои Афғонистон муҳимоти ҷангӣ набурдааст».

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд ва чеҳраҳои дигар ҷабҳаи муқовимат таъсис шудааст, ки дар сурати ҳамлаи Толибон бо онҳо муқовимат хоҳанд кард.

“Ҳам гарон, ҳам ёфтан мушкил”. Идомаи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Болоравии арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад ва пайдо кардани ин навъ сӯзишворӣ дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар мушкил шудааст.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди нозири нархҳо дар Тоҷикистон, пештар гуфтанд, ки сабаби якбора гарон шудани сӯзишворӣ “болоравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ аст”.

Тибқи омори расмӣ, бештари ронандагон дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд, ки ба фарқ аз бензин арзонтар буд. Ҳоло ронандагон мегӯянд, арзиши гази моеъ ҳам тақрибан ба нархи бензин баробар шудааст.

Мушоҳидаи хабарнигорон дар чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе нишон дод, ки нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯш аз 8 сомониву 20 дирам боло аст. Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик, 22-юми август бо нашри аксе дар Фейсбук навишт, дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “БензОйл” нархи як литр газ ба 9 сомонӣ расидааст.

Дар нуқтаҳои ширкати “Газпром-Тоҷикистон”, ки аз воридкунандагони асосии маводи сӯхт ба кишвар аст, пайдо кардани гази моеъ рӯзи 22-юми август номумкин буд.

Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон дар сарҳад бо Тоҷикистону Узбекистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст, аммо онҳоро “муваққатӣ” номид. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Қирғизистон бо Афғонистон сарҳади муштарак надорад.

“Бо ҳадафи таъмини амният дар сарҳади Қирғизистон – Тоҷикистон ва Қирғизистон – Узбекистон посгоҳҳои муваққатии сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон якҷо бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ амалиёти кашф ва ҷустуҷӯро ба нақша гирифтааст. Воҳидҳои Хадамоти марзбонӣ ҳамарӯза навбатдорӣ мекунанд”, – гуфтаанд дар ин ниҳод.

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, иҷозат дода мешавад, тавассути гузаргоҳҳо вориди хоки ин кишвар шаванд. Вале гузаргоҳҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз задухӯрди хунини охири моҳи апрели имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, бастаанд.

Аҳолии Тоҷикистон дар замони истиқлол қариб ду баробар зиёд шуд

Шумори аҳолии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 9 млн 506 ҳазор нафар расид, хабар дода мешавад дар гузориши чанде пеш нашршудаи Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти ин гузориш, шумори аҳолии кишвар тайи 30 соли ахир тақрибан 73% афзуд: аввали соли 1992 ин шумор ба 5 млн 361 ҳазор нафар баробар буд.

Афзоиши аҳолии кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 2,4% ва аҳолии сайёраи Замин дар ин давра – 1,5%-ро ташкил дод. Теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 5 млрд 414 млн нафар дар соли 1991 то ба 7 млрд 836 млн нафар дар соли 2021 расид.

Вазири корҳои хориҷии Покистон барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора Радиои Покистон 23-юми август иттилоъ додааст.

Ба хабари манбаъ, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар идомаи сафари минтақаии худ ба Узбекистон, Туркманистон ва Эрон низ хоҳад рафт. Ӯ рӯзи душанбе бо нашри изҳорот гуфт, бо мақомоти Чин дар робита ба вазъи Афғонистон суҳбатҳо доштааст.

Қурайшӣ ҳамзамон гуфтааст, кишвараш хостори ташкили як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон мебошад, аммо “нерӯҳои зидди сулҳ дар Афғонистон фаъол ҳастанд”. Дар ин робита вазири корҳои хориҷии Покистон аз Ҳинд — рақиби суннатии кишвараш ёд кардааст.