“Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ”. Рӯзноманигорон ва намояндагони мақомот мубодилаи афкор карданд

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти солонаи лоиҳаи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ” натиҷагирӣ шуд.

Ин лоиҳа аз ҷониби  Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” амалӣ гардид.

Дар кори мизи гирд, намояндагони Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, олимону коршиносон ва рӯзноманигорон, ки дар раванди татбиқи лоиҳа саҳм доштанд, ширкат ва суханронӣ карданд.

Ҳадафи лоиҳа омӯзиши рӯзноманигорон ва ба воситаи нашри дата-маводҳо саҳм гузоштан дар баланд бардоштани дарки аҳолӣ дар мавзӯҳои иқтисодӣ буд.

“Махсусан, “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030”, “Ислоҳоти андоз ва андозбандӣ дар Тоҷикистон”, “Механизми таъин ва пардохти Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ (КУИ) дар ҶТ” ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа”,- қайд намуд роҳбари “Хома” Шаҳло Акобирова.

Зикр шуд, ки дар доираи лоиҳа беш аз 20 дата-мавод бо фарогирии 2 млн нафар дар мавзӯҳои КУИ ва Ислоҳоти андоз дар Тоҷикистон бо истифода аз оморҳо омода ва дар телевизону радио ва расонаҳои онлайниву чопии маҳалливу минтақавӣ нашр гардидаанд.

Коршиноси фанновариҳои навин ҳам барои омӯзиши ҷамъовариву коркарди рақамҳо визуализатсия ба кори лоиҳа даъват гардиданд.

Ҳамчунин, баъди ҳар як давраи омӯзишии соҳавӣ 2 маҳфили иқтисодии “Тавозун” гузаронида шуд, ки дар кори он беш аз 100 нафар намояндаи мақомоти давлатӣ, коршиносон ва рӯзноманигорон ширкат карда байни ҳамдигар мубодилаи афкор карданд.

Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз гуфт, мақомоти андоз ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст ва онҳо ҳавасманданд, ки тавассути мақолаву гузориши онҳо ҷомеа дар бораи ислоҳотҳои андоз, ки дар кишвар ҷорӣ мешавад, огоҳ бошанд.

Ӯ гуфт, роҳбарияти мақомоти андоз ҳар яки ин маводҳоро омӯхта, ба аксари онҳо вокуниш кардааст.

Рӯзноманигорон бошанд, аз мушкили дарёфти омор аз масъулини ниҳодҳои давлатӣ нигаронӣ карданд. Онҳо ҳам дар навбати худ гуфтанд, ки омодаи ҳамкорӣ ҳастанд, вале барои пешниҳоди омор вақти зиёд лозим аст.

Ҳамчунин, рӯзноманигорон пешниҳод карданд, ки кори лоиҳа дар соли оянда ҳам давом дода шавад.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии “ACTED” дар доираи лоиҳаи “Идоракунии самаранок барои рушди иқтисодӣ (EGED)” амалӣ  гардид.

Skip to toolbar