logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

Моҳи октябр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун моҳи мубориза бо саратони сина қайд карда мешавад.

Хушнуда Дустова

17:3326.10.2026

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

Ҳар сол моҳи октябр дар манораи Эйфел, Бурҷ Халифа, Коллосей, шаршараи Ниагара ва дигар ёдгориву иншооти маъруфи ҷаҳонӣ барои огоҳӣ ва пешгирӣ аз бемории саратони сина дар шабонгаҳ бо ранги гулобӣ нурафшон мешавад. Дар Тоҷикистон низ саратони сина яке аз намудҳои маъмултарини саратон дар миёни занон аст.

Моҳи октябр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун моҳи мубориза бо саратони сина қайд карда мешавад. Ба муддати як моҳ ёдгориҳо ва биноҳои маъруфи ҷаҳон, аз қабили манораи Эйфел, Бурҷи Халифа, шаршараи Ниагара ва даҳҳо маконҳои дигари дунё, ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва дастгирии занони мубталои ин беморӣ бо ранги гулобӣ мунаввар мешавад.

Октябри гулобӣ чист?

”Октябри гулобӣ” маъракаи иттилоотӣ буда, ҳар сол аз 1 то 31-уми октябр дар тамоми ҷаҳон баргузор мешавад. Дар давоми ин моҳ дар кишварҳои гуногун ҳамоишҳо барои огоҳӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба бемории саратони сина доир мешавад. Зимнан, дар бораи нишонаҳои ин беморӣ, роҳҳои пешгирӣ ва аҳамияти ташхиси сарвақтӣ маълумот медиҳанд. Баъзе аз ташкилот маъракаҳои хайриявӣ, машварат ва муоинаҳои тибии ройгон низ баргузор мекунанд.

Бори нахуст ин маърака соли 1985 дар ИМА ҳамчун ҳафтаи миллии огоҳӣ аз саратони сина оғоз гардид. Баъдтар соли 1993 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тамоми моҳи октябрро ҳамчун ”Моҳи байналмилалии мубориза бо саратони сина” расман эълон намуд. Ранги гулобӣ ҳамчун рамзи умед, ҳамраъйӣ ва дастгирии занон интихоб шудааст.

99% гирифторони саратони сина занонанд

Саратони сина дар миёни дигар бемориҳои онкологӣ миёни занон дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар ҷаҳон беш аз 2 миллион ҳолати нави ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, 99 дарсади он ба занон рост меояд.

Дар Тоҷикистон низ саратони сина аз муъмултарин навъи саратон миёни занон ба ҳисоб рафта, шумораи гирифторон ба ин беморӣ танҳо дар як сол беш аз 600 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҷаҳонӣ мегӯянд, ки ҳангоми ар марҳилаҳои аввал ошкор шудани беморӣ ва табобати дурусти он боис мешавад, ки то 90 дарсади беморон имкони шифо ёфтан пайдо кунанд.

Бояд гуфт, ки моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон “Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратонӣ барои солҳои 2025-2029” тасдиқ гардид. Ин барнома барои ташхиси саратон дар марҳилаҳои барвақт равона гашта, буҷаи он 112 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар бораи он ки ин маблағҳо ба чӣ равона мешаванд, дар матлаби мо бештар хонед: "Тоҷикистон барои мубориза бо саратон 112 миллион сомонӣ ҷудо мекунад. Ин маблағҳо ба чӣ равона мешаванд?"

27 просмотра

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ