Эмкунии муҳоҷирони меҳнатӣ алайҳи коронавирус дар Маркази муҳоҷирати Маскав Сахарово оғоз ёфт. Қарор аст, ки аз 29 июн боз як нуқтаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон дар ҳудуди маркази савдои “Садовод” боз карда шавад.
Имрӯз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин аз Маркази муҳоҷират дар Сахарово дидан намуда, бо ҷараёни эмгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ аз коронавирус, шинос шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар 10 рӯзи аввал ваксиназанӣ тибқи дархости корфармоён дар ҳолати санҷишӣ сурат мегирад, то ки коллективҳои муташаккили меҳнатӣ мустақилона ба кормандони худ ваксина гузаронанд. Корфармо маблағи ваксинаи гузаронидашударо пардохт намуда, сертификати кормандонашро мегирад. Арзиши эмкунӣ барои як корманд 1300 рубл аст.
«Дар оянда мо нақша дорем, ки инро сода ва васеътар намоем, то он барои аксар гурӯҳҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муддати тӯлонӣ дар Маскав қарор доранд, дастрас гардад. Маълум аст, ки мо бо штамми нави коронавируси тезсироятёбанда ва оқибатҳои марговар дошта мубориза бурда истодаем. Тавре дида истодаед, он оқибати вазнин дорад. Аз ин рӯ, аз ҳама хоҳиш мекунам, ки худро эҳтиёт ва эм кунанд», – гуфт Собянин.
Ӯ ёдовар шуд, ки эмгузаронии муҳоҷирон дар Маскав бо ваксинаи “Sputnik Light” сурат мегирад.
Нуқтаи эмгузаронӣ дар Маркази муҳоҷират дар Сахарово аз соати 9:00 то 21:00 кор мекунад. Ҳамарӯза ин марказ иқтидори эм кардани 2 ҳазор нафарро дорад, гуфта мешавад дар сомонаи маркази матбуотии шаҳрдории Маскав.
Қарор аст, ки 29 июн боз як нуқтаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирони корӣ боз карда шавад. Он дар ҳудуди маркази савдои “Садовод” ҷойгир хоҳад шуд, ки аз соати 8:00 то 20:00 фаъолитя хоҳад кард.Он низ ҳамарӯза иқтидори эм кардани 2 ҳазор нафарро дорад.
Пеш аз ваксиназанӣ муҳоҷирон бояд аз назорати духтур гузаранд. Агар ягон нишондоди зидди ваксиназанӣ надошта бошанд, эм карда мешаванд.
Қайд мешавад, ки эмгузаронии муҳоҷирон аз рӯи дархости корфармоён ва қарори сардухтури давлатии санитарии шаҳри Маскав оғоз меёбад. Дар замонати рушди механизм, имкони эмгузаронӣ васеъ карда мешавад ва он гурӯҳҳои дигари шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла соҳибкоронро низ дар бар хоҳад гирифт.
Муҳоҷирон чӣ хел эмгузаронӣ мешаванд?
Санаи эмгузаронӣ ба корманд пас аз баррасии аризаи корфармо таъин карда мешавад. Пеш аз мувофиқаи вақти эмгузаронӣ ба маъмурият рӯихати эмшавандагонро пешниҳод намоед.
Рӯйихат бояд номи ташкилот, насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маълумоти шиносномаи ҳар як корманд, инчунин намуди ҳуҷҷате, ки барои эмгузаронӣ асос ёфтааст, дар бар гирад.
Ин метавонад патент барои фаъолияти меҳнатӣ, иҷозатномаи истиқомати доимӣ ё иҷозатномаи иқомати муваққатӣ бошад (ба истиснои муҳоҷирон аз Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон).